ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИЛИ ПУРМЕҲРУ БЕКИНА

ДИЛИ ПУРМЕҲРУ БЕКИНА

16 феврал 2024, Ҷумъа
14
0


Аз мушоҳидаҳои ҳаррӯзаам мебинам, ки бисёр ашхос нисбат ба оила ва наздикони хеш назари танқидӣ дошта, аз муносибати тарафайн розӣ нестанд ва бо  кинаву адовати беандоза мезиянд. Маҳз барои ҳамин гуна шахсон нуқтаи хурдеро бояд таъкид кард. Шахсан ман, ки дорандаи ҳафт апа ва як додар ҳастам, боре ҳам аз ҳеҷ кадом кинаро ба дил ҷой надодаам. Баръакс, доштани  оилаи калон бароям як давлат аст. Аз ин рӯ, кина нагирифтан, ҳамеша байни ҳам тифоқ будан, ба ҳам ёрӣ додан муҳаббатро зиёд гардонда, якдилӣ ва сулҳу суботро дар оила побарҷо нигоҳ медорад. 
Зимни ҳамин суханҳо мехоҳам як апаи худро, ки бениҳоят хислатҳои наҷиби инсониро дорад, бо чанд сухане васф созам. Апаам Дилноза духтари зебо, доно, кордон, нозуку латиф, серхандаю софдил ва ниҳоят муваффақу фаъол буда, лаҳни маҳину дилкаше дорад. Дар чи ҳолате, ки набошад, ҳамеша табассуми гарму самимӣ  дорад. Ба ҳар ҳодиса назари нозукбинона дошта, раҳмдилиаш касро ба ҳайрат меорад. Ба ҳама кораш кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз уҳдааш бечунучаро барояд. Чун Дилноза Донишгоҳро бо сари баланд хатм намуд, ба риштаи ихтисоси хеш пайванд гардид, ки ин ҳам рӯзноманигорӣ буд. Дар ҳақиқат, Дилноза бо як маҳорати баланди суханварӣ тавонист, ки дар Радиои Тоҷикистон, шабакаи бурунмарзии  «Овози тоҷик» ба ҳайси муҳаррир ва ровӣ фаъолият намояд ва дар андак муддати кӯтоҳе сазовори таҳсину офарин гардад. Бешубҳа, дар ҷомеа рӯзноманигори муваффақ бо савияи баланди дониш буда, дар тули ду соли корӣ сазовори қадрдониҳо гардидааст. Ҳар вақт ба коре шуруъ менамояд, кӯшиш мекунад, ки арзандаи он кор бошад. Дар баробари ин, қалби пок ва меҳру муҳаббати хоссааш нисбат ба хоҳарони хеш беназир аст. Доштани апа ва хоҳарони зиёд давлатест басо бузург, ки ба ҳар оила муяссар намешавад. Мутаассифона, имрӯзҳо дарки ин ба бисёриҳо мушкил гардидааст. Чуноне ки мегӯянд, оила худ асоси хушбахтии инсон аст. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша шукргузор бошем, бевосита аз оне, ки чӣ гуна оилае дорем, ба қадри ҳар як лаҳзаи бо онҳо будан бирасем.
Басона САТТОРЗОДА, шаҳри Душанбе 

Санаи нашр: 15.02.2024 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив