ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Сафари давлатии Лукашенко ба Чин

Сафари давлатии Лукашенко ба Чин

01 март 2023, Чоршанбе
32
0
Мир24. Президенти Беларус Александр Лукашенко бо  сафари давлатӣ озими Чин гардид. Раҳбари Беларусро дар фурудгоҳ муовини аввали вазири корҳои хориҷии Чин Ма Чжаосю пешвоз гирифт. 
Дар ҷараёни ин сафар ҷонибҳо ният доранд, ки тавофуқҳои стратегӣ ба даст оранд. Дар назар аст, ки як қатор ҳуҷҷатҳо имзо шаванд. Дар байни онҳо созишномаҳо оид ба савдои хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ низ, ҳастанд.
Кишварҳо омодаанд ҳамкориҳоро дар бахшҳои тиб, инфрасохтори пардохт ва саноати мошинсозӣ густариш диҳанд. Ҳоло Чин яке аз се шарики бузургтарини тиҷоратии Беларус мебошад.
Соли гузашта ин кишварҳо расман шарикони стратегӣ шуданд.
 
 
Токаев Энтони Блинкенро ба ҳузур пазируфт
CentralAsia (KZ). Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев котиби давлатии ИМА Энтони Блинкенро, ки бо  сафари расмӣ вориди Остона шудааст, ба ҳузур пазируфт.
«Сафари шумо аз нигоҳи такони иловагӣ ба рушди ҳамкориҳои стратегии мо муҳим аст. Мо дар чунин соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили амният, энергетика, тиҷорат ва сармоягузорӣ шарикии хеле хуб ва боэътимоди дарозмуддат дорем. Аз ин рӯ, тайёрем, ки ин ҳамкориро минбаъд ҳам инкишоф диҳем. Ман мехостам аз фурсат истифода бурда, изҳори миннатдории худро барои дастгирии доимӣ ва қавии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии мо изҳор намоям», – гуфт Токаев.
Роҳбари Қазоқистон зимни суханронӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид кард, ки ИМА яке аз сармоягузорони бузургтарин дар Қазоқистон бо сармояи умумии беш аз 62 миллиард доллар аст.
 
 
Лавров ба Ҳиндустон рафт
Известия.  Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, 28 феврал вориди Ҳиндустон шуд. Сафари корӣ се рӯз идома меёбад. Дар Ню-Дели вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамтои худ аз Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар мулоқот мекунад. 
Қарор аст, Лавров дар нишасти вазирони корҳои хориҷии G20 ва як силсила музокироти дуҷониба бо шарикон аз Чин, Бразилия ва дигар давлатҳо ширкат варзад. Интизор меравад, ки Москва дар нишасти вазирони G20, ки таҳти раёсати Ҳиндустон баргузор мешавад, таваҷҷуҳи шариконро ба мушкилоти энергетикӣ, амнияти ғизоӣ ва таҳримҳои ғайриқонунӣ ҷалб намояд.
 
 
Мақомоти Туркия ният доранд, ки 1,5 миллион бинои истиқоматиро дар Истанбул кӯчонанд
Мир 24. Мақомоти Туркия тасмим доранд, сокинони яку ним миллион бинои истиқоматии Истанбулро, ки дар сурати заминларзаи эҳтимолӣ зери хатари фурӯпошӣ қарор доранд, кӯчонанд. Дар ин бора вазири экология ва шаҳрсозии Туркия Мурат Курум хабар дод. 
Тибқи маълумоте, ки шаҳрдории пойтахти Туркия интишор кардааст, тақрибан 10 ҳазор сокини ин шаҳр дар хонаҳое ба сар мебаранд, ки дар онҳо хатари бештари фурӯпошӣ ҳангоми заминларза вуҷуд дорад. 
Қаблан Бонки ҷаҳонӣ хисороти заминларза дар Туркияро ҳисоб карда буд, ки он 34,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
 
Санаи нашр: 01.03.2023 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив