ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНГУШТАРИНИ НУҚРАГӢ

АНГУШТАРИНИ НУҚРАГӢ

02 март 2023, Панҷшанбе
68
0
 
Эълони озмуни навбатии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  - рӯзномаи «Ҷумҳурият» бениҳоят шодам кард. Мавзуъяш барои ҳар як инсон дилрасу ҷолиб: «Дуои модар». Ин мавзуъ пиру барноро водор мекунад, ки ҳатман боре модари хешро, онеро, ки ӯро бо ранҷу азоб ба олами ҳастӣ оварда, бо ҳазорон орзуву умед шир дода, дар мағзи ҷон парварида, ба шоҳроҳи зиндагӣ гуселондааст, пеши назар биёрад. Ва аз худ бипурсад: «Оё ӯ хизмати модарро, ки барои ҳама мисли Ватан азизу гиромист, карда, дуои неки аз сари сидқашро чун тӯшаи бебаҳои ин ҷаҳону охират гирифта тавонистааст?» Зимнан бамаврид мешуморам, ёдовар бишавам, ки силсилаи озмунҳои «Ҷумҳурият» аз ҷиҳати мавзуъ, фарогирии масъалаҳои ҳаётан муҳим, такон бахшидан ба афкори худшиносӣ, ифтихори миллӣ, меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба ҷоннисорӣ, талошу пайкори шахсиятҳои бузурги таърихии давлатӣ, илмиву адабӣ камназиру муфиданд. Ин озмунҳо сатҳи афкори рӯзноманигорон ва хонандаро баланд бардошта, онҳоро ба ковишу пажӯҳишҳои нав, ҳисси масъулиятшиносӣ ба арзишҳои таърихии миллӣ, дастовардҳои дурахшони замони Истиқлоли давлатӣ талошу хизматҳои пурсамари созандаву маърифатпарваронаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамоянд. Бешак, ин иқдомҳои судманди рӯзнома маърифат, дилогоҳӣ, қадршиносӣ, ифтихору ғурури миллии ҷомеаи Тоҷикистони озодамонро дучанд намуда, зиракиву ҳушёрии сиёсии мардумро дар роҳи ҳифзи давлату марзу буми Тоҷикистон меафзоянд. Аз ин хотир, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳия, корхона ва ташкилотҳое, ки ташаббусҳои наҷиби ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро дастгирӣ кардаанду мекунанд, шоистаи эҳтироманд.
Аз рӯи мушоҳидаи бардавом дар омади гап иқрор мешавам, ки сармуҳаррири «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода чунон ҳайати эҷодии ҳамдилу боғайратро гирд овардааст, ки ҷӯшу хурӯши кор ва меҳру талоши онҳоро дар рӯзноманигорӣ дида, дар дили мани пир низ, орзуе пайдо мешавад: кош аз нав ҷавон бишаваму ҳамроҳи ин ҳайат кору эҷод бикунам. Фазо ва муҳити дилкаш. Бодо, ки чунин бодо! 
Ба назари ман, дар ин марҳилаи умр чунин менамояд, ки номвартарин равшанфикрони тоҷик аз мактаби «Ҷумҳурият» дарсу файзи ватандӯстӣ, худшиносӣ, миллату инсонпарварӣ андӯхтаанд. Ва боз бо ифтихор мегӯям, ки «Ҷумҳурият»-и гиромӣ аз қадамҳои нахустин то имрӯз дар шебу фарози зиндагӣ дар паҳнои эҷоду қаламфарсоӣ бандаро чун фарзанду парвардаи даргоҳи муқаддасаш бо меҳру навозиш рӯ-рӯи даст овардааст. Аз ин арзи сипоси беҳисоб менамоям, хосса барои нашри шумораи хотирмони вижа ба муносибати вохӯриву суҳбат бо ҳайати эҷодии рӯзнома. Мамнуну сарфарозам аз меҳру самимияти кормандони рӯзнома ва нашри мақолаҳои пурмуҳтаво.
Мавзуи Озмуни «Дуои модар» бандаро низ, сари андеша кашид. Модари раҳматии резапайкару заҳматкашам ва тимсолҳои зиёди гуногунхислат, печидасарнавишти модарону занон дар осори бадеӣ ва навиштаҳои хурду доманадор офаридаам, пеши назар омаданд. Дунёи дили бузург, меҳру садоқат, ишқу армон, сӯзу гудози зан – модар аз оғози офариниш то имрӯз ҳуснбахши шоҳкорҳои фарзандони нобиғаи онҳост, вале ин мавзуъ интиҳо надорад. Зеро дар ҳар давру замон модаре, ки заҳри ғаму дарди беҳисоби рӯзгор мечашад, боз фарзанди фарзона, шердилу фидоӣ ва заковатманде ба дунё меорад, ки корнамоияшон бо хатти заррин дар китоби таърих сабт мегардад ё шаҳомату бузургии дилу чеҳраи модарро бо шираи сухан ва рангҳои нотакрор чунон афсункор тараннум менамояд, ки ҷовидон бимонад. Як зарра адои қарзи фарзандӣ... Ба андешаи банда беҳтарин Зан – Модар, новобаста ба дороиву нодорӣ, сиҳативу носолимии кӯдак, ҳамонест, ки нози фарзанд бардорад ва бо ғамхориву лафзи хуш ӯро бипарварад ва зарра-зарра фаросату тамкин, фазилату ҷавҳару инсонияш биафзояд, зиёда аз ин покии рафтору кирдораш намунаи ибрати фарзанд бошад. Дар ин росто, мехоҳам таъкид бикунам, ки модароне ба сарнавишти фарзанд бетафовут ё бепарво, бадбахтона, чунинҳо низ, ба чашм мерасанд, аз модарандари номеҳрубон бадтаранд. Танҳо дар рӯзгори модарон тазоди ҳайратангез ба чашм мерасад: танҳо дили аз меҳру шафқат саршор, сиришти поки модар қодир аст, ки ҳангоми маҷруҳ ва оғуштаи хун будан низ, кирдори бадтарини фарзанди ҷоҳилро бубахшад ё барои нохалафтарин фарзандаш, ба қавле бедуд бисӯзад. Бубинед, дили аз синаи модар кандаи писари нобакор ба хотири шод кардани маъшуқа дар кафи ӯ чӣ хел менолад:
Оҳ, дасти писарам ёфт харош!
Вой, пойи писарам хӯрд ба санг!
(Эраҷ Мирзо)
 
Ёдам омад, ки соли 1973 чун корманди шуъбаи мактубҳои рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») «Ашки модар» ном мақолае навиштам, ки дар шумораи охири моҳи март ба нашр расид. Навишта асоси воқеӣ дошту хашму нафрат. Аз бераҳмӣ, латукӯб, таҳқиру озори писари нохалаф ба модараш аз рӯи дасиса ва шикваи ҳамсари пурноз пеши чашми ҳамсояҳо ҳикоят мекард. Мақола хашму ғазаби хонандаро ба ҷоҳиливу бехирадии писар ангехт ва садҳо номаи пурсарзанишу нафрат аз саросари Тоҷикистон ба редаксия омад. Магар инсони андаке инсофу имондор ба ҷабру ситам, фарзанде, ки шарафи модарро поймол кардааст, бетафовут менигарад? Подоши бо ҳазор умеду орзу ба дунё овардану ба воя расондан ҳамин аст?
Ва инак, пешниҳоди ҳикояти зерро, ки дар замон ва рӯзгори печидаи мо рӯй додааст, ба хонандаи гиромӣ ибратбахш мешуморам. Ман ин саргузаштро дар нишасте озод аз ходими нисбатан ҷавон – устоди Донишкадаи исломӣ шунидам. Вай аз он чи байни писари сарватманду модари пираш гузаштааст, басо шигифтзада ҳарф зад. Ходими мадраса пас аз эълон шудани Қонуни авф аз ҷониби Раиси Ҳукумат нисбат ба маҳбусоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир накардаанд, аз рӯи барномаи вазифавӣ ба маҳкамае рафта, ба онҳое, ки хатти барот гирифтаанд, оид ба моҳияти Қонуни авф, расидан ба қадри неъмати озодӣ, минбаъд поку сарбаланд зистан, бандаи нафсу васвасаи шайтон нашуда бо амалҳои савоб шустани гуноҳҳо, бо падару модар, зану фарзанд, ҳамсояву атрофиён бо меҳру шафқат муносибат кардан, зиёда аз ин, дӯст доштани Ватан, риояи расму суннатҳои миллӣ ва чун инсони комил ном баровардан суҳбат меорояд. Ва дар охир аз ҳозирин хоҳиш мекунад, ки касе пурсише, саволе дошта бошад, озод иброз дорад. Пас аз лаҳзае хомӯш марде гуфтааст, ки аз ӯ маслиҳате пурсиданист, вале дар танҳоӣ. Ходими мадраса, розӣ мешавад.
Гап сари ин ки чанд сол пеш арӯси чизпарсати ин мард саҳар ба шавҳар мегӯяд:
– Аввал маро мағозаи ҷавоҳирот бубар. Шунидам, ки гуна-гуна ангуштарӣ, гӯшвор, овезаҳои гардан, бозубанду дастпонаҳои навро ба мағоза овардаанд. Беҳтаринҳояшро аввал бояд ман бигирам...
Шавҳари сарватманду нозбардор ба хоҳиши арӯс розӣ мешавад. Ва чун арӯс ороста бо сару либос ва зару зевари гаронбаҳо аз хона мебарояд, модари пиру хамидақомат бо сарбанду пироҳан ва кафшҳои хоксорона аз паси ӯ пайдо мешавад. Писар мепиндорад, ки модар чун оташ барои дуои сафари бехатару кушоиши кор додан баромадааст. Не, пиразан табассумаке шармомез ба лаб, мегӯяд: «Ман ҳамроҳатон меравам». Писар норозиёна ба модар теғи нигоҳ меафканад ва меғурад: «Мо барои тамошо не, мағозаи ҷавоҳирот меравем. Арӯс баъзе чизҳоро гирад, зуд бармегардем».
– Ҳеҷ гап не, писарам. Ҳавасам омад. Дилам мехоҳад, ки як бор ҳамроҳи шумо бираваму ҳамроҳатон зуд баргардам, – мегӯяд модар ва ҳазломез меафзояд: – Вазни очаат зиёд не-ку... Миёни мошинат намешиканад...
Дами писар ба дарун зад. Вай бедимоғ аз дил гузаронд: «Кампир ҳеҷ вақт ин хел якравӣ намекард. Модар бо арӯси пурноз дар мошин нишаст. Чун ба мағозаи ҷавоҳирот даромаданд, арӯс бо писар саргарми интихоб шуданду пиразан айнак ба чашм ниҳода, аз онҳо ҷудо ба тамошои ҷиҳози зери шишаи рафҳо машғул гардид. Чун арӯс интихоби ҷавоҳиротро ба охир мерасонаду пардохти пули молҳо ба ҷавонмарди фурӯшанда оғоз меёбад, модари пир дар шафати ҳамроҳон меистад. Ва ҳангоми аз ҳамён баровардани қабзаи пул ва додани маблағи ҷавоҳирот бо табассум ба писар нарм мегӯяд:
– Ин ангуштарини нуқраро ҳам бигир.
– Ба кӣ лозим аст?
– Ба ман, – бо шакарханд посух медиҳад модар: – Ҳавасам омад...
– Аҷиб... Поят бе ангуштарӣ ба лаби гӯр расиду нав ишваву ғамза баровардӣ? – ғур-ғур мекунад писар.
– Чӣ бадӣ дорад? Дар дами пирӣ аз давлати писарҷонам соҳиби ангуштарӣ шудан мехоҳам. Бигир...
– Не... Ҳамсояҳо механданд... Пириву хартозӣ... ғур-ғур мекунад писар.
– Баҳона наков... Дилам кашид, хушам омад. Бигир...
– Хоҳиши модарро рад накун, – ба гуфтугӯ шарик мешавад фурӯшанда: – Нархи ин ангуштарин нисбат ба маблағи ин зару зеварҳо ҳеҷ аст...
– Худат дар ғами фурӯхтани молат ҳастӣ! – тунд мегӯяд писар: – Намегирам!
– А бача, ин қадар хасисӣ накун. Модарат мешаваме. Шармандаам накун, – оҳиставу шармзада мегӯяд модар: – чи хел шуду хоҳиш кардам. Наход ба як ангуштарини нуқра наарзам... Шутур ҳама борро бардоштаасту элака не...
– Ғам нате, оча: –  бо ҷабини пурчин тунд мегӯяд писар.
Фурӯшанда тилловориҳоро ба халта андохта ба арӯсе, ки гӯё аз ин гуфтугӯ ва ҳузури модар огоҳ набуд, супорид ва ангуштарини нуқрагиро бо эҳтиром ба пиразан дода гуфт: 
– Модарҷон, ин ангуштарин аз ҷониби мағозаи мо ба Шумо туҳфа!
– Э не... – хиҷолатманд пичирос зад модар.
– Шумо одами табаррук, чи хел шуда бори аввал ба фурӯшгоҳи мо даромадед, – бо табассум ва чеҳраи кушод гуфт фурӯшанда: – Не нагӯед. Марҳамат, ба ангушт андозед, ки ман бинам. Як дуо диҳед, бас. Арзиши дуои Шумо бо фазли Худо, аз нархи ин ҳама зару зевар болост...
Ба лабони пурчин ва андаке ларзони модар табассумаке давид. Вай бо чи аҳволе ангуштарӣ аз ҷавонмарди фурӯшанда гирифт ва онро ба ангуштаки пӯсту устухони дасти рост андохту ба чашм наздик оварда, бо ҳавас тамошо кард.
– Аҷаб зебанда! – хитоб кард ҷавонмард: – Ин ангуштарӣ ба Шумо тансиҳативу рӯзгори ширин биорад!
– Худованд якат ҳазор, ҳазорат бешумор шавад, писарам! Рӯзгори пуршаҳд, хонадони осудаву обод насибат бод, писарҷон, – оҳиста дуо дод модари пир ва бо ҳавас ба ангуштарӣ чашм давонд.
– Ба андуҳу хиҷолати беҳисоб гирифторам, домулло. Ягон лаҳза аз ин азоби дилхарош раҳо намеёбам, – дар танҳоӣ ба руҳонӣ гуфт бандии озодшуда ва оҳкашон хоҳишомез афзуд: – Шумо маслиҳате диҳед, ки аз ин ғам бираҳам, осуда шавам, – Ӯ даме ба сукут рафта пичиррос зад: – Роҳи каҷ ба маҳкама овардам... Умри ҷавонӣ гузашт. Хонаву сарвату зан аз даст рафт...
– Ноумед нашавед. Худо карим аст.
– Марги модарро дар маҳбас шунидам.
– Ҷояш ҷаннат бошад. Ҳеҷ кас сутуни дунё намешавад.
– Дурусту пеши руҳи модар шармсорам. Эй хок дар сараме. Барояш як ангуштарии нуқраро нахаридам... Акнун доғи он номеҳрубонӣ, доғи сӯзони хиҷолату пушаймонӣ умре азиятам медиҳад. Ана аз маҳбас мебароям. Озодӣ... Вале магар аз бори хиҷолату шармсорӣ пеши руҳи модар озод мешавам?! Ба зиёрати хокдонаш бо кадом рӯ биравам? Чӣ кор бикунам?
– Амалҳои хайру савоб, ки руҳи модар осудаву шод шавад...
Бешак, мавзуи озмуни «Дуои модар» ба муроди дили ҳар як инсон аст ва пеши назар модарони бузургворро меорад, ки абармардони илму адаб, сиёсату давлат, меҳанпарастони ҷоннисорро ба дунё оварда, бо дуову ниёиш онҳоро ба хизмати миллату башарият раҳнамун кардааст. Фарзандони асил дар ҳар замон санохони модарони ҳаётбахшанд.
 
Абдулҳамид САМАД, 
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед

Ҳамчунин хонед:

Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив