ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲНАТ БАРАКАТ ДОРАД.  БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

МЕҲНАТ БАРАКАТ ДОРАД.  БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

02 март 2023, Панҷшанбе
66
0
 - Соле, ки гузашт, барои заҳматкашони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соли барору комёбӣ ва шаъну шараф буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияташро дар партави сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, баҳри татбиқи қонунҳои амалкунанда, саҳмгузорӣ дар амалисозии нақшаҳои созанда ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва бо дастовардҳои меҳнатӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд, - иброз дошт Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. 
ИҶРОИ БУҶЕТ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Агар дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияро бо рақам зикр кунем, нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 дарсад иҷро гардида, ба хазина 40,2 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки ин нисбат ба соли 2021-ум 5,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 7,1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия 177 лоиҳаро бо маблағи умумии 226 миллиону 78 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. 
Дар солҳои 2021-2022 ба маблағи 88,6 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки ин 39 фоизи нақшаи барномаи болозикр аст. Чунончи, дар бахши иқтисодӣ 52 лоиҳа ба маблағи 98 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он аз рӯи 19 лоиҳа ба маблағи 36,5 миллион сомонӣ ё ин ки 37 дарсадро ташкил медиҳад. Дар бахши иҷтимоӣ 77 лоиҳа ба маблағи 78,3 миллион сомонӣ дар нақша аст. 35 лоиҳааш ба маблағи 29,3 миллион сомонӣ аз худ шуд. Бахши инфрасохтор 48 лоиҳаро ба маблағи 49,7 миллион сомонӣ дар бар мегираду 19 лоиҳа ба маблағи 22,7 миллион сомонӣ ба иҷро расид, ки 46 дарсади нақша аст.
Хуллас, дар давраи ҳисоботӣ 73 лоиҳа иҷро гардида, 20 лоиҳа мавриди амал қарор дошта, 84 лоиҳаи дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.
 
КИШОВАРЗӢ
Дар соли 2022 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1 миллиарду 137,6 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2021-ум 39,1 миллион  сомонӣ зиёд аст. Махсусан киштаҳои ғалладона, лӯбиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, пахта, картошка, сабзавот, полизӣ ҳосили фаровон доданд. Ҳосилнокии меваю ангур хеле афзуд. Деҳқонон аз баъзе қитъаҳо то се маротиба маҳсулот рӯёнданд. 
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 43 ҳазору 531 сар, аз ҷумла модагов ба 2 ҳазору 366 сар, гӯсфанду буз 75 ҳазору 726 сар, паранда 82 ҳазору 738 сар ва асп ба 2 ҳазору 258 сар расонда шуд. Истеҳсоли гӯшт 6 ҳазору 644 тонна, шир 2 ҳазору 675 тонна, тухм 5 миллиону 685 ҳазор дона, пашм 165,6 тонна, пилла 4,8 тонна, асал 38,1 тонна ва моҳӣ 1050,8 тоннаро ташкил додааст, ки афзоиш нисбат ба соли 2021-ум аз 0,8 то 12,9 дарсадро ташкил медиҳад.
 
САНОАТ, СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Дар соли 2022-юм ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 245,7 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар қиёс ба соли 2021-ум 58,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар доираи Солҳои рушди саноат дар ноҳия ҳафт корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ва 30 иншооти хизматрасонӣ мавриди истифода  қарор  гирифта, 88 ҷойи нави кор фароҳам омад ва  дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 772 ҷойи кор ташкил шуд.
Сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 64,7 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 24,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳия сохтмони бинои панҷошёна иборат аз 25 ҳуҷраи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва бинои қасри фарҳанг бомаром идома дорад.
Бо мақсади бунёди иншооти давлатӣ дар маркази ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои панҷошёнаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағгузории Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, таҳкурсии он омода шудааст.
Ҳамзамон, бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои дуошёнаи нозироти андози ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, эъмори бинои сеошёнаи раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо маблағгузории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
 
НИГОҲДОРИИ РОҲҲО
Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо аз буҷети маҳаллӣ 204 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, 1,37 километр роҳ аз таъмири асосӣ, 73 километр аз таъмири ҷорӣ баромад, 2 пул ва 2 лӯлаи зери роҳ таъмир шуд.
Бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорон дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия бо харҷи 1,3 миллион сомонӣ 3,6 километр роҳ таъмири асосӣ, 4,2 километр таъмири ҷорӣ дид, 4 километр сангфарш гашт.
МАОРИФ
Сохтмони биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 27, 30, 34, 39 анҷом ёфтанд, ки дар маҷмуъ, 17 синфхонаро бо 404 ҷойи нишаст дар бар мегирад. Бунёди 32 синфхонаро дар назди муассисаҳои таълимии №№ 22, 23, 26, 28, 29, 42, 45, 57 ва 58 барои 768 ҷойи нишаст дар як баст кумитаи падару модарон ва саховатмандон бар зимма гирифтаанд. 
Аз ҳисоби барномаи CASSA-1000 тибқи Лоиҳаи дастгирии ҷомеа навсозии боми бинои МТМУ № 8 дар марҳилаи якум бо маблағи 460 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт. Тибқи нақша таъмири асосӣ дар ин Муассиса давра ба давра амалӣ мегардад. Ҳамчунин, аз ҳисоби ин барнома дар назди МТМУ № 3 сохтмони боғчаи кӯдакона барои 32 ҷой, ба маблағи 160 ҳазор доллари амрикоӣ, дар назди МТМУ №18-и деҳаи Навдӣ, Ҷамоати деҳоти Қ. Ғиёсов ҳафт синфхонаи дуошёна ва МТМУ № 35-и деҳаи Ғалабаи Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ ҳафт синфхонаи дуошёна барои 336 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад. 
Дар маҷмуъ, дар назди ёздаҳ муассисаи таълимӣ 46 синфхонаи иловагӣ барои 1 ҳазору 104 ҷойи нишаст сохта мешавад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив