ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН  ҶОЛИБТАРИН КИШВАР  БАРОИ САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ

ТОҶИКИСТОН  ҶОЛИБТАРИН КИШВАР  БАРОИ САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ

02 март 2023, Панҷшанбе
39
0
24 феврал дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия маросими супоридани ҷоизаҳо зери унвони «Top Asia Corporate Ball 2023» баргузор шуд. Ғолибон аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ - «RHASDNBHD» муайян шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ муайян гашт. 
«RHASDNBHD» ба 10 даҳгонаи беҳтарин нашрияҳои Малайзия шомил буда, шумораи моҳонаи хонандагонаш ба 400 000 мерасад. Самти асосии расонаи мазкур интишори маводи ҷолиб дар бораи кишварҳо, ширкатҳо ва шахсиятҳое мебошад, ки заминаи рушду навовариро дар минтақаи Осиё ба вуҷуд оварда, дорои зарфияти бузурги эҷодӣ дар бахшҳои гуногун мебошанд. 
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, соли гузашта аз кишвари мо 999,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан кардааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 3,4 баробар ё 703 ҳазор сайёҳ бештар мебошад.  Аз ҳама бештар  сайёҳон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо омадаанд. Бино бар маълумоти кумитаи мазкур, бо шумораи  690 ҳазор сайёҳ Ӯзбекистон ҷойи якумро дар рӯйхати сайёҳон касб кардааст. Дар ин радабандӣ Федератсияи Россия дар ҷойи дуюм бо шумораи 136 ҳазор нафар қарор дорад. Ба панҷгонаи беҳтарин бошад, Қазоқистон (25 ҳазор сайёҳ), Туркия (7,5 ҳазор) ва ИМА (ҳудуди 7 ҳазор) шомил мешаванд.
 
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив