ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

02 март 2023, Панҷшанбе
37
0
Мир24. Дар Юнон бар асари бархӯрди ду қатора беш аз 30 нафар ба ҳалокат расида, 80 нафари дигар ҷароҳат бардошт. Бинобар ин, дар   кишвар мотами серӯза эълон гардид. Аз 1 то 3 март дар тамоми  биноҳои ҷамъиятӣ байрақҳо нимафрохта шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ ва  сайругашти оммавӣ лағв мешавад.
 
АИР «Новости». Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлут Чавушоғлу иброз дошт, ки Анкара таҳримҳои яктарафаро, ки бе пуштибонии СММ ба кишварҳои гуногун ҷорӣ шудаанд, дастгирӣ намекунад. Ӯ таъкид намуд, ки ин на танҳо ба Россия, балки ба Эрон ва кишварҳои дигар низ, дахл дорад. «Мо худамон қарорҳои худро қабул мекунем. Ҳеҷ кас ба  мо фишор оварда  наметавонад», –  хулоса намуд вазир.
 
Мир24. Коршиносони кишварҳои ИДМ дар мавриди лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи суғуртаи тиббии муҳоҷирони корӣ ва узви хонаводаи онҳо ба мувофиқа расиданд, - хабар дод сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.
 
INTERFAX.RU. Николай Патрушев, дабири Шурои амнияти Россия, дар ҷараёни сафараш ба Каракас гуфт, ки ҳамкориҳои Россияву Венесуэла омили муҳими таъмини амният ва суботи байналмилалӣ аст.
Дар Каракас Патрушевро Президенти Венесуэла Николас Мадуро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои Россияву Венесуэла, аз ҷумла дар заминаи амният, ба таври муфассал баррасӣ шуданд.
 
INTERFAX.RU. Муовини Дабири кулли СММ Мартин Гриффитс изҳор дошт, ки таҳримҳои яктарафаи як қатор давлатҳо алайҳи Сурияи аз заминларза зарардида, ба расондани ёриҳои башардӯстона ба он ҷо  мушкил эҷод месозанд.
Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив