ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Беларус ташаббуси Чинро  дастгирӣ мекунад

Беларус ташаббуси Чинро  дастгирӣ мекунад

02 март 2023, Панҷшанбе
35
0
ТАСС. Президенти Беларус Александр Лукашенко зимни мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин гуфт, кишвараш аз ташаббуси Чин, ки ба таъмини амнияти байналмилалӣ нигаронда шудааст, дастгирӣ менамояд. 
"Ҷаласаи имрӯза дар як давраи хеле душвор мегузарад, ки равишҳои нави ғайристандартӣ ва тасмимҳои масъулиятноки сиёсиро тақозо мекунад. Онҳо, пеш аз ҳама, бояд ба пешгирии лағжиш ба муқовимати глобалӣ, ки дар он ғолибон нахоҳанд буд, равона шаванд. Маҳз барои ҳамин, Беларус пешниҳодҳои сулҳҷӯёнаро фаъолона ба миён мегузорад ва аз ташаббуси шумо оид ба  амнияти байналмилалӣ комилан дастгирӣ мекунад”, – гуфт Лукашенко 
 
 
Иштироки тақрибан 40 ҳайат дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии G20 
ТАСС. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Винай Моҳан Кватра дар нишасти матбуотӣ хабар дод, дар нишасти вазирони корҳои хориҷии G20, ки 2 март таҳти раёсати Ҳиндустон дар Ню-Дели баргузор мешавад, ҳудуди 40 ҳайат ширкат хоҳанд кард. Ӯ зикр намуд, ки ин нишаст яке аз бузургтарин нишастҳои вазирони корҳои хориҷӣ хоҳад буд. 
Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар дар ду ҷаласае, ки дар ин ҳамоиш баргузор мешавад, раисӣ мекунад.
"Ҷаласаи аввал ба масъалаҳои бисёрҷонибаи вобаста ба озуқаворӣ ва энергетика бахшида мешавад. Дар иҷлосияи дуюм чор ё панҷ масъалаи калидӣ, аз ҷумла таҳдидҳои нави пайдошаванда, аз қабили мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир, баррасӣ мешавад", – афзуд Кватра.
 
 
Интихоботи президентӣ дар Туркия 14 май баргузор мегардад
CentralAsia (CA). Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган тасдиқ кард, ки интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар кишвар 14 май баргузор мешавад. Тибқи қонун интихоботи умумӣ (президентӣ ва парлумонӣ) дар Туркия бояд то 18 июн баргузор гардад. Моҳи январ Эрдоган иҷозат дод, ки он як моҳ пеш, яъне 14 май баргузор шавад. 
Рӯзномаи «Hürriyet» навиштааст, ки Президент ният дорад санаи қаблии интихоботи президентиро нигоҳ дорад. Ситоди ӯ ба далели пайомадҳои бузургтарин заминларза дар таърихи кишвар пешниҳод кардааст, ки интихобот  18 июн баргузор шавад. Ширкаткунандагони ҷаласаи Шурои марказии Ҳизби адолат ва рушд изҳор доштанд, ки дар сурати баргузор гаштани интихобот рӯзи 14 май, дар тартиб додани рӯйхатҳои интихобкунандагон ба вуҷуд омадани мушкилот  мумкин аст, зеро корҳои рафъи оқибатҳои зилзила дар минтақаҳои зарардида идома доранд. 
 
 
Шавкат Мирзиёев ба Озарбойҷон рафт
Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлати Ӯзбекистон, Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ вориди  Озарбойҷон шуд. Сафари кории Мирзиёев ба Боку бо даъвати Илҳом Алиев, Раҳбари Озарбойҷон сурат мегирад.
Қарор аст, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаласаи пленарии саммити Созмони давлатҳои бетараф, ки дар он масъалаҳои барқарорсозии иқтисоди ҷаҳон пас аз пандемия баррасӣ мешаванд, ширкат варзад. Инчунин, президентҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон бо ҳам мулоқот хоҳанд кард.
Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив