ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Нишасти вазирони қолаби “С5+1”

Нишасти вазирони қолаби “С5+1”

02 март 2023, Панҷшанбе
42
0
Дар шаҳри Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби “С5+1” баргузор гардид. 
Дар нишаст вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба иттилои Вазорат, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор намуда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.
 
 
Таҳкими ҳамкорӣ бо БОР дар соҳаи маориф
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар вохӯрӣ бо Син Лонг, мутахассиси калони бахши иҷтимоии Бонки осиёии рушд, аз ҳамкории судманди тарафҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам дар сатҳи беҳтар идома додани ҳамкорӣ, тавсеаи фаъолият дар доираи лоиҳаҳои гуногун ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта пешниҳодҳо ироа намуд.
– Дар мулоқот масъалаҳои таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, аз такмили ихтисос гузарондани муаллимони фанҳои дақиқ, риёзӣ ва математика мавриди баррасӣ қарор дода шуд, – иттилоъ дод маркази матбуоти Вазорат.
 
 
Ҷаласа оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо
Дар толори маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и РБДА Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо доир гардид. 
Дар он раиси Комиссия – вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон, муовини раиси Комиссия – вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва масъулони дигар сохторҳои қудратӣ, идораву кумитаҳои давлатӣ, ки аъзои ин комиссияанд, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳо оид ба вазъи роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ, сатҳи паст гардидани ҳодисаҳо дар роҳу нақлиёт, гузоштани аломатҳо дар роҳҳои нақлиётгард, масоҳати сохтмон ва таҷдиду таъмири роҳҳо, сохтмони долонҳои мошингузар, инчунин, омилҳои садамаҳо дар роҳҳо ва бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта дар ин самт баррасӣ гардида, як қатор пешниҳодҳои мушаххас ироа гаштанд.
 
 
Омодагӣ ба Рӯзи Модар
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе аз 9 феврали соли 2023, № 49 “Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе” ва арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон, дастгириву қадрдонии бонувон, бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор шуд.
Шуъбаи иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар дод, ки дар ҷаласа аъзои кумитаи тадорукот, ки бо қарори раиси шаҳр тасдиқ гардидааст, мутасаддиёни сохторҳои шаҳрӣ иштирок намуда, доир ба таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе вазифагузорӣ шуданд.
Муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода барои сазовор баргузор намудани ин ҷашн ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 
 
13 рӯзи истироҳат дар моҳи март
Дар айёми таҷлили Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 рӯз (аз 19 то 26 март) истироҳатӣ мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, рӯзи 18 март, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи корӣ эълон шуда, 20 март истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки  реҷаи  5-рӯзаи  ҳафтаи  корӣ  доранд,  8  март – Рӯзи Модар, 19, 20, 21, 22, 23, 24, 25 ва 26 март рӯзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд. Бо назардошти рӯзҳои истироҳатии шанбе ва якшанбеи моҳи март кормандони дорои реҷаи 5-рӯзаи корӣ ба 13 рӯзи истироҳат ҳуқуқ доранд.
Санаи нашр: 02.03.2023 №: 47-48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив