ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУСТАМ МИННИХАНОВ ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РУСТАМ МИННИХАНОВ ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

03 март 2023, Ҷумъа
35
0
 
3 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия муҳтарам Михаил Мишустин дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот карданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти рушди минбаъдаи самарабахши муносибатҳои байниминтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо самти муҳими доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Россия, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва омили ғанӣ гардондани онҳо бо мазмуни нави амалӣ мебошад.
Дар ин замина ба густариши минбаъдаи фаъоли муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тотористон – ҳамчун яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадами Федератсияи Россия, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Тақвият ва густариш додани робитаҳои иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт вазифаи мубрам дониста шуд.
Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ, кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.   
Ҷонибҳо оид ба имкону иқтидори бузурги афзоиши гардиши мутақобила, ҳамчунин, татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самтҳо табодули андеша карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.
Пешвои миллат изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Россия таҳким мебахшад.
Санаи нашр: 03.03.2023 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив