ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПРОКУРАТУРА. АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ТО ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ

ПРОКУРАТУРА. АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ТО ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ

14 март 2024, Панҷшанбе
15
0


Ташаккули мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дорад. Истиқлоли давлатӣ мустақилияти пурраи мақомоти прокуратураи Тоҷикистонро таъмин намуда, имконият фароҳам омад, ки вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти он бо назардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи  қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд.
Дар даврони истиқлол бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаъолияти самаранок ва бозомӯзии кормандони мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул ёфта, ҷойгоҳи он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳояш дақиқ шуданд. Ин дар ҳолест, ки замони шуравӣ дар ҷумҳурӣ ягон муассисаи таълимии такмили ихтисоси кормандони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура арзи вуҷуд надошт. 
Ҳоло маҳз бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави мамлакат даҳҳо муассисаҳои олии касбӣ ташкил ва ба фаъолият шуруъ намуда, дар як вақт муассисаҳои таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисос таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, бо фармони Президенти мамлакат аз 14-уми августи соли 2015, таҳти №539  дар заминаи “Маркази такмили ихтисоси кормандони прокуратура” дар сохтори Прокуратураи генералӣ тағйирот ворид гардида, ба ҷойи Марказ Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Таъсис додани Донишкада яке аз тадбирҳои саривақтӣ ва муҳими Президенти кишвар буда, ҷиҳати бо кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд ва аз лиҳози сиёсӣ бакамолрасида омода намудан дар мақомот нақши босазо дорад.
Фаъолияти Донишкада ба баланд бардоштани савияи касбии прокурорҳо, муфаттишон бо истифода аз дастовардҳои нави илм, таҷҳизоту техникаи криминалистикӣ, таҷрибаи пешқадами назорати прокурорӣ оид ба риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди  ҷинояткорӣ, босифат гузарондани тафтиши ҷиноятҳо, таъмин намудани принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ, фош намудани ҳамаи шарикони ҷиноят равона шудааст. 
Таълим дар Донишкада бештар ба машғулиятҳои амалӣ-таҷрибавӣ такя намуда, дар назди шунавандагон кормандони масъули дастгоҳи Прокуратураи генералӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо, дигар кормандони таҷрибанок маърӯза намуда, инчунин, машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд. 
Қобили зикр аст, ки аз соли 2015 инҷониб бо таъсис ёфтани Донишкада сатҳу сифати таълим ва раванди баргузории машғулиятҳо ба маротиб зиёд гардида, ҳамасола аз 7 то 12 барномаи таълимӣ бо ҷалби шумораи зиёди кормандони мақомот доир шудаанд, ки дар баланд гардидани дониш ва малакаи касбии онҳо таъсиргузор буда, ҳолати мазкур баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ то андозае мусоидат менамояд. 
Донишкада бо Суди Олӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Академияи ВКД, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази санҷишҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлия, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайра ҳамкории зич дошта, зимни амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ мутахассисони ботаҷрибаи вазорату идораҳои зикршуда ҷалб карда мешаванд. 
Ин муассисаи таълимӣ ҳамкории мутақобиларо бо муассисаҳои илмии давлатҳои хориҷӣ низ ба роҳ мондааст. Дар заминаи ин, 29-уми феврали соли 2024 Барномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи прокуратураи Федератсияи Россия дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба имзо расид. Мувофиқи он гузарондани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла,  семинар, мизи мудаввар дар мавзуъҳои муҳим ва рӯзмарра, тадқиқоти якҷояи илмӣ, табодули қонунгузорӣ, идоравӣ ва нашрияҳои илмӣ, маводи методӣ, илмӣ ва адабиётҳои таълимӣ, таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ дар матбуоти даврии ҳарду тараф дар назар дошта шудааст.
Бовар дорем, ки Донишкада минбаъд низ ҷиҳати тайёр, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кормандон, таъмини мақомот бо кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд ва аз лиҳози сиёсӣ бакамолрасида муваффақ гардида, фаъолияти илмӣ-таълимии худро боз ҳам тавсеа хоҳад бахшид.

Ш. ҚУРБОНЗОДА,
директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният,  тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Н. НАБИЗОДА, 
муаллими калони Донишкада, 
унвонҷӯйи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 14.03.2024 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив