ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН – ОЗАРБОЙҶОН. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМИ БОНКӢ

ТОҶИКИСТОН – ОЗАРБОЙҶОН. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ НИЗОМИ БОНКӢ

03 март 2023, Ҷумъа
34
0
Ҳоким Ҳикматулло, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии раиси Бонки мазкур Казимов Талеҳ Таҳир, ки бо сафари корӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва муҳокимаи масирҳои нави ҳамкориҳои низоми бонкии Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуданд.
Ҳоким Холиқзода ташрифи ҳайати Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба Бонки миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самтҳои гуногун ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро ба роҳ мондааст, ки онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ду кишвари бо ҳам дӯст ва бародар мебошанд.
Дар идома мавсуф ҳайати меҳмононро бо дастовардҳои низоми бонкӣ шинос намуда, иброз дошт, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ, низоми бонкии кишвар тавонист соли 2022-юмро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият ёфта, рушди иқтисоди миллиро таъмин созад.
Казимов Талеҳ Таҳир аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки новобаста аз буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ ва таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ Бонки марказии Озарбойҷон низ, тавонист соли 2022-юмро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намояд.
Ӯ афзуд, ки дар доираи ислоҳоти низоми бонкӣ Бонки марказии Озарбойҷон якчанд стратегия ва барномаҳо, аз қабили “Стратегияи рақобатпазирии иқтисодии кишвар барои давраи то соли 2025”, “Стратегияи рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, “Барномаи дастгирии соҳибкории хурд ва миёна” ва “Рейтинги рақобатпазирии бонкҳо”-ро таҳия намуд, ки рӯзҳои наздик ба тасвиб хоҳанд расид.
– Бонки марказии Озарбойҷон омодааст ҷиҳати табодули таҷриба дар ин самт бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монад, – зикр намуд Казимов Талеҳ Таҳир.
Зимни мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар рӯзҳои наздик ба имзо расондани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Озарбойҷон иброз намуданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 03.03.2023 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив