ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲАББАТ. 52 СОЛИ ОМӮЗГОРИИ ЯК МОДАР

МУҲАББАТ. 52 СОЛИ ОМӮЗГОРИИ ЯК МОДАР

06 март 2023, Душанбе
96
0
 
Падару модар Мирзомуҳаммади мударрис ва Зебуннисои ҳунарманд бо умеди он ки дар хонавода муҳаббат пойдор бимонад, фарзанди дилбандашонро Муҳаббат ном гузоштанд. Мардум бо дурандешӣ мегӯянд, ки ном барои оянда ва сарнавишти як шахс аҳамияти бузург дорад. Ҳамин андеша дар ҳаёт ва фаъолияти омӯзгори асил Муҳаббат Мирзоева ба дурустӣ татбиқ шуд. Ӯ аз тифлӣ ба коғазу қалам меҳр баст ва то ҳанӯз муҳаббатварзи илму адаб ва мактабу маориф аст.
Муҳаббати Муҳаббат дар дили ҳазорон шогирдони навомӯзи забону адабиёти тоҷик маъво гирифт. Имрӯз дар Душанбе қариб ҳама ӯро мешиносанд. Ба бозор, сайри шаҳр ё бо ниёзе аз хона берун барояд, ё барои гузарондани озмуну олимпиадаҳо аз Гимназияи хусусии «Кафолат» бо хонандагон ҷое равад, аз байни омӯзгорону масъулони маориф ҳатман 4-5 кас ӯро мешиносанд ва ба саломаш мешитобанд. Бештари шогирдонаш, ки вазифаву масъулиятҳои баланд доранд, номи омӯзгори худро бо меҳру эҳтироми вижа ба забон оварда, мегӯянд: «Ба ин вазифаҳо таъин шуда, нав фаҳмидем, ки забондонӣ, дурустнависӣ ва нутқи шифоҳӣ ҳангоми муошират бо ҷомеа чӣ қадар муҳим будаст».
 
ҶУФТИ МАЪРИФАТ
Соли 1969. Деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт. Муҳаббати наврас як банд алафи даравидаашро бардошта меомад. Ногаҳон дар роҳ бародарбузургаш Ғуломиддин Мирзоевро дида, бандро ба замин гузошт. Бародараш бо табассум гуфт: «Ту дигар алаф намекашонӣ». Муҳаббат ҳайрон шуд, чизеро нафаҳмид. Ғуломиддин боз гуфт: «Ту мактабро бо медали тилло хатм кардӣ. Туро ба Душанбе барои идомаи таҳсил мебарам». Ҳамин тавр, роҳи ояндаи духтараки аълохон муайян ва дар Донишгоҳи миллӣ донишҷӯ шуд. Панҷ сол гузашту омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик гардид. Ба як касб, ба як рисолат содиқ монд ва, инак 52 сол боз, дар муассисаҳои таълимии пойтахт омӯзгорӣ мекунад. Ҳамсараш низ, омӯзгор аст. Ҳар ду шаш фарзандро бо нони ҳалоли омӯзгорӣ ба воя расонданд, соҳиби маълумоти олӣ карданд. Сахтиҳои рӯзгор низ, дар давоми ин солҳо кам набуданд. Ба санҷишҳои вазнину ғайричамшдошти зиндагӣ, ба санги маломати нотавонбинон таҳаммул варзиданд, пинҳонӣ гиристанд, аз каму кост гуфтанд, ҳамрозу ҳамдам шуданд, вале аз дарду кулфатҳои азсаргузашта «достон» насохтанд. Ҳамаро ҳамчун рози хонаводагӣ дар хона ва ҳамчун дарду алам дар дилашон нигаҳ доштанд.
Мадиброҳим Мирзоев ҳамсарашро бо лутф «Муаллима» хитоб мекунад.
- Сабаби то имрӯз аҳлона зистани мо якдигарфаҳмӣ аст. Мо боре ҳам барои ин ё он камбудӣ ҳамдигарро таъна назадаем. Муаллима барвақт аз кор  оянд, худашон, агар ман барвақт оям, ман хӯрок мепухтам. Дар масъалаи кӯдакбонӣ низ, корҳоро тақсим намекардем, дар ҳама ҷабҳа баробар ранҷ мекашидем. Хусусияти муҳим ё як сабаби чун омӯзгор маъруф шудани муаллима ин буд, ки касби хеш ва масъулияти онро дар ҷои аввал мегузоштанд. Ҳоло ҳам аз мактаб ба хона расидаву аввал пайи иҷрои супоришҳо ва хондани матнҳои гуногун мешаванд. Ин одати деринаашон аст, - изҳор медорад Мадиброҳим Мирзоев.
 
АВВАЛИН ОЛИМПИАДА ВА СЕ МЕДАЛ
- Дар замони шуравӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик олимпиада баргузор намешуд. Охири солҳои ҳаштодум Вазорати маориф тасмим гирифт, ки барои тарғиб ва пойдории забону адаби миллӣ чора андешад. Ин буд, ки соли 1987 бори аввал олимпиада аз ин фанҳо баргузор гардид ва се шогирдам соҳиби медал шуданд. Ҳамин тавр, баҳри нишон додани натиҷаҳои кори омӯзгорони забон ва адабиёт низ имкон фароҳам омад. Минбаъд барои нахустин бор дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои мазкур гузашт  ва дар он ду шогирди ман - Табассум Ҳасанова медали тилло, Бежан Ниёзбеков медали нуқра ва даҳ хонандаи дигар бо дипломҳо қадр шуданд, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Шуруъ аз ҳамон сол то ҳол қариб ҳар сол шогирдони Муҳаббатбону соҳиби медалҳо мешаванд ва дастони ӯро ҳампешагон бо лутф «дастони бобаракат» мегӯянд. Шумораи медалҳои шогирдонашро ҳатто дар ёд надорад, дар ин муддат он қадар афзудаанд, ки ба кам омӯзгоре чунин толеъ насиб мешавад. Танҳо дар соли 2022 парвардагони мактаби ӯ аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 6 медал доштанд: 1 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ.
Касе аз даст ва аз дарси Муҳаббат Мирзоева гузашта бошад, ҳатман баракати дониш ва шарораи маърифат дар дилаш маъво мегирад. Агар хонанда хоҳад, он шарораро оянда ба оташ бадал мекунад.
Ба қавли ҳаким Фирдавсӣ ӯ пири барнодил аст, тавоност, зеро доност, ба дониш дилро барно доштааст: «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, Ба дониш дили пир барно бувад». Ғайрат, завқ, вақт, ҳавсалае, ки Муҳаббатбону дар ин синну сол доранд, ростӣ, бештари ҷавонон надоранд. Аксари ҳамкасбони муаллима аз сабуриву шикебоӣ ва хоксориву тамкини ин бону мегӯянд. 
 
РИСОЛАИ НОТАМОМ
Муҳаббатбону замоне дар мавзуи «Ибораҳои масдарӣ дар романи «Дохунда»-и Садриддин Айнӣ» рисолаи илмӣ навишт. Ҳафтод дарсади рисола навишта шуд ва давраи аввали муҳокимаи он ҳам, бомуваффақият гузашт.
ӯ Вақте ҳимоя наздик шуд, дар ҳаёти духатарам Моҳира Мирзоева нохушӣ рух дод. Кори илмии ӯ аз дифоъ баргашт ва Моҳира чунон ба навмедӣ печид, ки ногуфтанӣ. Аз баҳри ҳама кор баромада, барои сарфарозии фарзанд дар бараш истодам. Дар кӯтоҳтарин фурсат ӯ дувумин рисолаи илмии худро навишт ва аз Москва баҳои сазовор гирифт. Ҳама сахтиҳо ва нотавонбиниҳои дӯстони хасакӣ гузаштанд ва Моҳираи мо то ба доктории илм расид ва ба унвони баланди профессорӣ низ сазовор гардид. Ҳоло профессори Донишгоҳи миллист. Мо бо падараш ҷомаи амал пӯшидани орзуву ормонҳои худро дар фаъолияти шаҳдухтарамон дидем, - меафзояд Муҳаббат Мирзоева.
Моҳирабону он рӯзҳоро чунин ёд мекунад: «Модарам бисёр одами дурандешанд, ҳатто ояндаи маро солҳо пеш пешгӯии дуруст карда буданд. Ин ҳама аз таҷрибаи ғании рӯзгор ва лаёқати созгори як омӯзгор нишона аст. Модарам, ки, ҳамзамон, нахустин омӯзгори ман ҳастанд, ҷаҳонро ба дониш ёфтаанд. 
 
МУАЛЛИФИ КИТОБУ ДАСТУРҲОИ ТАЪЛИМӢ
Ин ҳама корномаи омӯзгории Муҳаббат Мирзоева, Аълочии маорифи Тоҷикистон аз назари масъулони соҳа дур намонд. Ӯро барои навиштани китоби «Забони давлатӣ» барои синфи 6 даъват карданд. Китоби мазкур бо мазмуну муҳтавои баланд чоп шуд ва чанд сол боз насли нави миллат аз ин китоб баҳра мебарад. Инчунин, муаллима бештар аз панҷоҳ мақолаи илмӣ, илмиву методӣ, дастурҳои ёрирасон навишта, дар рангину ғанӣ гардондани усулҳои таълими забони давлатӣ саҳми шоиста гузоштаанд. Чанде пеш дар Гимназияи «Кафолат» доир ба фаъолияти самарабахши ӯ конфронс баргузор гардид. Масъулони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тарзи корбариву сабақҳои ӯро барои тамоми омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар намунаи ибрат донистанд. Ӯ посдори забони давлатист ва барои синфу гурӯҳҳои махсусе, ки дигар фанҳоро бо забонҳои русиву англисӣ ва, ҳатто чинӣ аз худ мекунанд, меҳри забони модариро нигаҳ медорад ва намегузорад, ки забони хуниву ҷонии худро фаромӯш созанд. Ҳамзамон, ба як гурӯҳ аз хонандагони кишварҳои хориҷӣ низ, назокати забони моро меомӯзонад.
- Аввалин коре, ки омӯзгор бояд анҷом диҳад, аз байн бурдани фосила бо хонанда аст. Хонанда дар симои омӯзгор бояд дӯст, рафиқ ва ҳамрози худро бубинад. Дувум, дониши қавӣ ва ба худу неруи зеҳниаш  бовар доштан аст. Вақте дар рӯбарӯи хонанда меистед, донед, ки садҳо намуд савол мешавад, кунҷковиҳо сурат мегиранд ва дар чунин ҳолатҳо шумо бояд омода бошед. Замоне эҳтироми муаллим меафзояд, ки хонанда аз донишу малакаи омӯзгори худ қонеъ шавад, ӯро ба сифати муттако ва донои ҳамаи саволҳо дарёбад, вагарна кӯдак фиреб, найранг ва аз саволҳо устокорона гурехтани шуморо зуд ҳис мекунад, - мегӯяд қаҳрамони мо.
 
ОСУДА АЗ ОН АСТ, КИ ОСУДА НЕСТ
Шиори омӯзгор Мирзоева «Ман он лаҳза биёсоям, ки як лаҳза наёсоям» аст. Ӯ бо касбу кор иктифо накарда, ҳунарро низ, зеби рӯзгори худ намудааст. Дар рӯзҳои истироҳатӣ, соатҳои холии корӣ бо гулдӯзӣ машғул мешавад. Шероза медӯзад. Бо таомномаи (меню) махсуси худ хӯрокҳои лазизтарин мепазад, ки дар дигар хона чунин шириниву хӯрданиҳо таҳия намешаванд. Тамоми болину бистар, пардаву дастархонҳои хонаро худаш дӯхтааст, гул часпондааст. Барои бинанда чунин фазо ҳайратовар аст. Хонаи омӯзгорон чунон озодаву зебост, ки бешубҳа, як осорхонаи кӯчакро мемонад. Дар ҳама дару девор унсурҳои миллии тоҷикӣ ҳувайдост. 
Дар баробари ин, ғаму ғуссаҳои фарзандону наберагонашро мехӯрад. Дил мефишорад, дилёбӣ мекунад, набераҳоро калон кардаасту ҳоло аберабониву гаҳвораҷунбонӣ ҳам кори ӯст. Хулоса, 52 сол боз оромиш надорад, гӯё дили покаш ду пора аст, як пораи он дар остонаи мактабу пораи дигараш дар остонаи ҳавлиаш. Дар тапиш бод мудом чунин дилҳо, дили модар, дили омӯзгор!
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив