ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҶАССАМАИ МЕҲР

МУҶАССАМАИ МЕҲР

06 март 2023, Душанбе
40
0
Модарамро, модари ҷонпарварамро дӯст медорам. Бо ин муҳаббат, дӯстдорӣ ифтихор маро ёр аст. Худро хушбахт меҳисобам, ки гавҳари ноёбу ягонаро насибам карданд.
Пушту паноҳи мост. Ҳеҷ чиз, ҳеҷ кас мисли ӯ дар дунё қимат надорад. Ҳамчу Хуршед рӯшаниву гармӣ мебахшад. Дар шабҳо монанди Моҳ нурбахш аст. Рӯзу шаб бо ӯ зебосту ҷонфизост. Ҳеҷ кас ширину дилрас барои кӯдаки гаҳворааш суруди «Алла» - ро хонда наметавонад.
Модар. Ин вожа, вожаи зебо ҳазорон маъно дорад ва ҳазорон шарҳ, ки одамизод дар тафсири он оҷиз мебошад. Ба васфаш шеъру достонҳо, китобҳо навиштаанд, аммо аз ҳазор сифати бузургаш якеро ҳанӯз ҳам, нагуфтаанд.
Кӣ метавонад, ки мисли ӯ ба шабҳо дар бари гаҳвораи фарзанд бинишинаду раҳи хоби худро бибандад. Оре, дар ҳақиқат, модар аз шабзиндадорияш бузург шудааст ва низ:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Модар ман ҳаргиз наметавонам, он муҳаббатеро, ки ба ту дорем, изҳор бикунам ва ё онро рӯи ҳарфҳо бирезам. Аммо фикр мекунам, ки ба ин ҳеҷ зарурате набуду нест. Охир ман муҳаббати туро аз чашмони зебои ту, аз гуфтори накуят ҳис мекунам ва ту низ.
Намегузорӣ, ки хоре дар пойи мо бихалад. Намегузорӣ, ки аз касе озор бубинем. Барои ҳар нигоҳи меҳрборат, агар дунёро бибахшам, кам аст.
Хуш бош, модар ва саодатманд!
 
Наҷмия САДРИДДИНОВА, 
хонандаи МТМУ – и №18, ноҳияи Дӯстӣ 
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед

Ҳамчунин хонед:

ШОМИ ШАНБЕ
03 март 2023, Ҷумъа
ШОМИ ШАНБЕ
ШОМИ ШАНБЕ
17 феврал 2023, Ҷумъа
ШОМИ ШАНБЕ
13 феврал 2023, Душанбе
ОФАРИНИШИ НАМОЗИ МОДАР
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив