ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Фаррух Авезов бо медали тиллои КФО қадр гашт

Фаррух Авезов бо медали тиллои КФО қадр гашт

06 март 2023, Душанбе
42
0
Духтури тими миллии Тоҷикистон ва клуби футболи «Истиқлол» Фаррух Авезов, ки собиқаи кории 30-сола дорад, дар конфронси 7-уми тиббии Конфедератсияи футболи Осиё (Қатар), барои дастовардҳои барҷаста дар соҳаи тибби варзишӣ бо медали тиллои КФО мукофотонда шуд.
Дар ин бора аз бошгоҳи “Истиқлол” хабар доданд.
 
 
Ғалабаи Тоҷикистон  бар Уммон
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 (Ӯзбекистон) бар тими Уммон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 8 март мунтахаби мо бо тими Корея, ки дар ду вохӯрӣ шаш имтиёз ба даст овардааст, рақобат менамояд.
Ҳоло дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо се хол дар мақоми сеюм ва Урдун бо 3 хол дар мавқеи дуюм қарор доранд. 
 
 
Лоиқ Раҷабов дар аввалин муҳорибааш зафар ёфт
Размгари тоҷик Лоиқ Раҷабов дар набарди аввалинаш дар UFC бар Эстебан Рибовичи аргентинӣ, ки бохт надошт (11-0) бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд.
Муҳориба дар Лас Вегас дар доираи мусобиқаи UFC 285 («Ти-Мобайл Арене») оид ба муҳорибаҳои омехта сурат гирифт.
 
 
 
ГӮШТИИ МИЛЛӢ 
Киҳо унвони чемпиониро ба даст оварданд?
Муслимбек Каримов (-60 кг), Муҳаммадхолид Ҷалилов (-65 кг),  Муллораҷаб Халифаев (-71 кг), Субҳиддин Халилзода (-78кг), Сайдмухтор Расулов (-86 кг), Саидҷамол Алимардонов (-95 кг), Хуршед Маҷидов (+95 кг) дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштии миллӣ – “Гӯштингирӣ” (2-3 март), ки дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор гардид, унвони қаҳрамониро ба даст оварданд.  
Тибқи иттилои Абдулло Сайидхоҷаев, котиби генералии Федератсияи гӯштини миллӣ – “Гӯштингирӣ”, пас аз ин мусобиқа ҳайати тими мунтахаб муайян гардида, барои мусобиқаҳои байналмилалии дарпешистода омода мешаванд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив