ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСРОФКОРРО ХУДО ҲАМ ДӮСТ НАМЕДОРАД

ИСРОФКОРРО ХУДО ҲАМ ДӮСТ НАМЕДОРАД

15 апрел 2024, Душанбе
8
0


Хеле ҷолиб ва ибратомӯз аст, ки ҳар мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли зиё ҳамасола як ҳадафи нек ва баланди миллиро пешорӯи мо мегузорад ва як барномаи мушаххас ва ҷиддиро дар ҷодаҳои пешрафту дастовардҳои миллӣ пайгирӣ менамояд. Мулоқоти имсолае, ки 9-уми марти соли равон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар сурат гирифт, аз тамоми суҳбатҳои пешина бакуллӣ фарқ дошт ва бо навгониҳо ва масъалагузориҳои мубрами рӯз уфуқҳои нави амалу кор ва пешрафти маънавии кишварро, хусусан дар соҳаи дин, ба рӯи мо боз намуд. 
Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, доктори илми иқтисод, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи  Моёншо Назаршоев, дар ин бора чунин ибрози назар намуд:
– Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад. Тавре  мушоҳида кардем, дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Пешвои миллат бо нигаронӣ таъкид карданд, ки, мутаассифона, ҳоди-саҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо ба чашм мерасанд. Баъзе одамон дар баргузор намудани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Таъкид гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла, садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегарданд. Бо ёдоварӣ аз оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ  Президенти кишвар бори дигар зикр карданд, ки исрофкоронро Худои таоло дӯст намедорад. Дар масъалаи сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра Пешвои миллат таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ кардаанд. Аз ин хотир, барҳақ  пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин, барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди аввал гузошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем. Дар мулоқот  зиёиён ва олимону ходимони дин нисбат ба ҳадафҳои арзишманди роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар иҷрои ҳатмии қонуну муқаррароти ҳуқуқӣ, инчунин, дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ намуда, ҳамзамон, ба нигарониҳо ва талаботи хайрхоҳонаи Пешвои миллат арзи ҳамовозию пуштибонӣ карданд. Бо масъулияти том метавон гуфт, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки дар ин мулоқот садо доданд, чун дигар пешниҳодҳояшон бояд сармашқи кору рӯзгори ҳар як сокини кишвар қарор гиранд, зеро ба назари мо, ҳамаи онҳо пурра ба  боз ҳам баланд гардидани некуаҳволии шаҳрвандон, пешрафти минбаъдаи  ҷомеаи мо нигаронда шудаанд.

Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив