ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФИРӮЗИ РАМАЗОН: «БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ ХУШБАХТИИ ҶОМЕА АСТ»

ФИРӮЗИ РАМАЗОН: «БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ ХУШБАХТИИ ҶОМЕА АСТ»

23 апрел 2024, Сешанбе
31
0
 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд. Ҳадаф аз эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ чист ва имрӯз ҷомеаи мо иқдоми мазкурро чӣ гуна дарк менамояд? Доир ба ин ва чанд масоили дигари муҳими ҳуқуқию сиёсӣ суҳбати хабарнигори рӯзнома бо Фирӯзи Рамазон, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ, устоди кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши хонандаи гиромӣ мегардад:
– Табиист, ки ҳадаф аз эълони соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Лутфан бигӯед, ки иқдоми мавриди назар боз чӣ аҳамияте барои ҷомеаи имрӯзи мо метавонад дошта бошад?
– Пеш аз ҳама, ба хотири даъват ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори сипос менамоям. Албатта, бисёр мавзуи муҳимро интихоб кардаед. Иқдоми мазкур, яъне  Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани соли 2024, ба давлатдории навини мо, рушду тараққиёти ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ташаббуси Сарвари давлат  аҳамияти стратегӣ дошта, ба ояндаи дурахшони кишварамон нигаронда шудааст. Мову шумо медонем, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо ҳамчун давлати ҳуқуқӣ ва мароми миллати мо маҳз расидан ба давлати ҳуқуқбунёд аст. Яке аз принсипҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд, ин баробарии тамоми шаҳрвандон дар назди қонуни давлат мебошад. Инчунин, маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандон низ нишоне аз давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Яъне, волоияти қонун замоне муяссар мегардад, ки шаҳрвандони кишвар қонунҳои амалкунандаи давлатро дониста, дар доираи он амал  намоянд. 
Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ, инчунин, ба он хотир аст, ки имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.   Таҷрибаи ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ҳар давлате, ки ба рушду пешрафт ва тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа талош мекунад, пеш аз ҳама, ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Имрӯз  кишвари мо низ дар ҳоли рушд аст ва эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ хеле бамаврид ва саривақтист. 
Ҷанбаи дигари муҳими эълон шудани Соли маърифати ҳуқуқӣ дар он аст, ки тавассути баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон сатҳи қонуншиканӣ дар ҷомеа коҳиш меёбад. Зеро дар ҷомеае, ки донишҳои ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон баланд аст, сатҳи ҷинояткорӣ хеле кам ба қайд гирифта мешавад ё тамоман аз байн меравад. Аз ин бармеояд, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа ин надонистани қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳамчунин, дарк накардани масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.   
– Албатта, заминаи маҷмуи донишҳо, аз ҷумла дониши ҳуқуқӣ низ, дар мактаб шакл гирифта, дар зинаҳои дигари таҳсилот камол меёбад. Ҳатто, мақомоти масъул дар доираи ваколат ва салоҳияте, ки доранд, дар ин самт саҳм мегузоранд. Вале воқеият ин аст, ки ҳанӯз ҳам маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар он сатҳе, ки бояд бошад, ташаккул наёфтааст. Ба андешаи Шумо, кадом омилҳои дигар метавонанд дар камолоти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мо аз фишангҳои мавҷуда муассиртар бошанд?
– Ин суоли бисёр муҳим аст. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии аҳолӣ танҳо вазифаи давлату Ҳукумат ва мақомоти давлатӣ нест. Ин ҷо, дар баробари давлату Ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд фаъол бошад. Аз ҷониби дигар, мактабу донишгоҳҳо ва институтҳои илмӣ макони асосии баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд. Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ фанни ҳуқуқшиносӣ ба роҳ монда шудааст, аммо таҳсил аз рӯйи ин фан ҳанӯз қонеъкунанда набуда,  таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд. Махсусан, ба манфиати кор хоҳад буд, ки дар донишгоҳҳои олии минтақаҳои гуногуни кишвар, дар баробари кафедраҳои ҳуқуқшиносӣ, инчунин, кафедраҳои сиёсатшиносӣ  низ таъсис дода  шаванд, зеро илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо ҳам зич алоқаманданд. 
Вақте мо дар бораи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мегӯем, пеш аз ҳама, маърифати сиёсиро низ ба назар бояд гирифт. Маҳз дар асоси донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ шаҳрвандон ҷаҳонбинии васеъ пайдо карда,  таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзро дуруст дарк карда метавонанд. Имрӯз бо раванди пешрафти технологияи муосир масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон хеле осон шудааст. Масалан, дар телефони ҳамроҳ пайваст кардани чандин барномаҳои электронӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон кодексҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутолаа карда, аз худ намоянд.
– Яъне, сатҳи нокифояи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон метавонад боз мушкилоти дигари иҷтимоию сиёсиеро ба дунбол дошта бошад, ки аз мавзуи мавриди назар нигаронии бештар касб мекунад?
– Бале, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаб ва омилҳои асосии пайдоиши ҳар гуна таҳдиду хатарҳо дар ҷомеа, пеш аз ҳама, маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Ин мушкили танҳо кишвари мо нест, балки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳоло бо ин мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд ва кӯшиш бар он доранд, ки бо ҳар роҳу восита донишу саводи ҳуқуқии шаҳрвандони худро беҳтар намоянд. Албатта, омилҳои сар задани ҳодисаҳои номатлуб хеле гуногунанд, вале яке аз сабабҳои даст задан ба қонуншиканӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ, ҳамчунин, ҷалбшавии ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ маҳз огоҳӣ надоштани шаҳрвандон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
 
Аз соли 2015 инҷониб аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи интернет 35 сомона - сомонаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ эълон шуда, фаъолияташон манъ гардид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки бисёри шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, аз надонистани қонунҳои амалкунанда вориди сомонаҳои мамнуъ шуда, ба фаъолияти гурӯҳҳои террористию экстремистӣ машғул гаштанд ва оқибат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Аммо,  тавре ки маълум аст, надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Бисёр шаҳрвандон ноогоҳона вориди ин сомонаҳо шуда, ба иғвогарию мағзшӯии гурӯҳҳои ғаразноки экстремистию террористӣ дода мешаванд ва фиреб мехӯранд. Ин, албатта, масъалаи доғи рӯз аст. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо таъкид кардаанд, ки сабаб ва омилҳои асосии даст задан ва ҷалб шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистиро омӯхта, роҳҳои бартараф кардани ин мушкилотро пайдо намоем. Агар таҳлил карда бароем, омилҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ ва динӣ ҳастанд, ки боиси даст задани ҷавонон ба кирдорҳои ношоиста мегарданд. Дар ин бора Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли ҷорӣ низ бисёр масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд ва ба қишри ҷомеа, махсусан ба  вазорату идораҳо ва ходимони дин, дастуру супоришҳо доданд, ки бештар бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоянд. 
– Ба андешаи Шумо, сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро чӣ гуна муайян кардан мумкин? Яъне, як шаҳрванди одӣ, ки ҳуқуқшиносу ҳуқуқдон нест, кадом санадҳои меъёриро бояд дониста бошад, ки ноогоҳона қонуншиканӣ накунад ва ё ба қавле гумроҳ нашавад? 
Албатта, барои шаҳрвандон донистани ҳамаи қонунҳо зарур аст. Махсусан, аз ҳама муҳим донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бесабаб нест, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои кишварҳои ҷаҳон ворид гардидааст. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки он дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо ҷо гирифта,  рисолати хешро ба сифати ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва бахтномаи тақдирсози миллати тоҷик иҷро карда истодааст. Маҳз ақли азалии мардуми тоҷик сабаб шуд, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ як ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ қабул шавад ва минбаъд омили асосии рушду инкишофи давлату миллат гардад. Бинобар ин, мазмун ва моҳияти Конститутсияро агар ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ дарк кунад, донистани дигар қонунҳо осон мешавад. Яъне, тамоми қонунгузории кишвар аз Конститутсия сарчашма мегирад. 
Ҳамчунин, мавриди зикр аст, ки аз ҷониби шаҳрвандон дарки мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле муҳим мебошад. Маҳз ҳамин ду Қонун пеши роҳи бисёр қонунвайронкуниҳоро мегирад. Татбиқи Қонуни мазкур бо маърифати ҳуқуқӣ пайвастагии зич дорад. Барои мисол, вақте дар оила падару модар аз сомонаҳои интернетие, ки мамнуъ ҳастанд, огоҳ бошанд, барои фарзанд интихоби дурусти истифодаи сомонаҳоро пешниҳод мекунанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ маълум аст, ки зиёда аз 4 миллион аҳолӣ аз интернет истифода мебарад, вале фарҳанги дурусти истифодабарии бархе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам зери савол аст. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, агар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аз оила оғоз ёбад. Имрӯз бештари ҷавонону наврасон ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд, аммо дар шабака онҳо бо кӣ шинос ва дар иртибот ҳастанд, барои бисёре аз волидайн пӯшида аст. Бинобар ин, муҳим аст, ки дар таълиму тарбия дар ин самт аз тарафи волидайн ба фарзандон диққати ҷиддӣ дода шавад. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои танзими чунин вазъи баамаломада аз усулҳои гуногун истифода мебаранд. Масалан, дар иёлати Флоридаи Амрико як моҳ пеш қонуни нав ба тасвиб расид, ки тибқи он барои ноболиғон кушодани саҳифаҳои иҷтимоӣ манъ карда шуд. Дар кишваре, ки худро ҳомии демократия ном мебарад, имрӯз барои тарбияи ҷавонону наврасон чунин қонунгузорӣ роҳандозӣ менамояд. Албатта, давлату Ҳукумат барои таъмини амнияти аҳолӣ ва сулҳу суботи кишвар ҳуқуқи роҳандозии чунин қонунҳоро дорад ва ин ҳаргиз ба маънои поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд набуда, балки танзими муносибатҳои ҷамъиятиро ифода менамояд. Фикр мекунам, вақти он расидааст, ки мо низ дар ҳалли ин масъала аз тариқи қонунӣ ва ҳуқуқӣ андеша намоем. 
– Фикр мекунам, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ маънои онро надорад, ки танҳо давоми ҳамин як сол ба чунин иқдоми ҷомеасоз таваҷҷуҳ афзояду солҳои минбаъда чораҷӯиҳо камранг гарданд. Бинобар ин, мехоҳам дониста бошам, ки Шумо ҳамчун мутахассиси соҳа барои татбиқи воқеии хостаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозии кадом тадбирҳоро пешниҳод месозед? 
– Пеш аз ҳама, бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ мондани барномаҳои дорои хусусияти маърифатӣ ва ҳуқуқӣ зарур мебошад. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчи бештар паҳн кардани шакли электронии қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз манфиат холӣ нест. Дигар пешниҳод ин аст, ки озмунҳои донандаи беҳтарини Конститутсия, донишҷӯйи беҳтарин дар самти ҳуқуқшиносӣ ва амсоли инҳо роҳандозӣ шуда, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бештар гузаронда шаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барномаҳои нави таълимии ҷавобгӯ ба талаботи муосир ҷорӣ карда шаванд ва дастрасӣ ба китобҳо беҳтар гардад. Тавре мушоҳида менамоем, феълан китоби қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши баланд ба фурӯш бароварда мешавад.   Хеле хуб мешуд, агар нархи китобҳои қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ паст карда шавад ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шакли китоб ройгон ба шаҳрвандони кишвар дастрас гарданд. Бисёр муҳим аст, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳамаи мо муттаҳид бошем. Зеро ҳар ташаббус ва иқдоме, ки Сарвари давлат пеш мегиранд, барои хушбатии ҷомеа мебошанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ ба хотири хушбахтии ҷомеа ва фардои дурахшони Тоҷикистон аст. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив