ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ ДАВРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШИИ  «COLLASIA-2023»-РО МИЗБОНӢ МЕКУНАД

ДУШАНБЕ ДАВРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШИИ  «COLLASIA-2023»-РО МИЗБОНӢ МЕКУНАД

10 март 2023, Ҷумъа
29
0

Дар Душанбе бори нахуст таҳти унвони «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо («CollAsia-2023)» даври байналмилалии омӯзишӣ баргузор мешавад. Он аз 18 сентябр то 6 октябри соли равон идома меёбад.
Даври омӯзишӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардида, дар он 16 нафар аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, 4 нафар аз дигар давлатҳо, иштирок менамоянд.
Фаридун Кенҷаев, сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии осорхона гуфт, ки: «Даври омӯзишӣ тавассути маърузаҳои сатҳи баланди интерактивӣ, машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронда шуда, иштироки кормандони байнисоҳавӣ ва гуногунфарҳанг муҳити мусоид фароҳам меорад, то муошират ва иштироки муассир таъмин гардад. Дар ҷараёни даври омӯзишӣ бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва ташаббусҳои дахлдор алоқамандӣ дар байни илм ва нигоҳубини коллексияҳо дар заминаи маҳаллӣ омӯхта мешавад.
Даври байналмилалии омӯзишӣ бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH), Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (CHA) гузаронда мешавад. 
Баргузории даври омӯзишӣ саводнокии илмӣ ва иқтидори иштирокдоронро баланд бардошта, ба онҳо имкон медиҳад падидаҳоеро, ки ба коллексияи мероси онҳо таъсир мерасонад, дуруст дарк ва устуворона идора намоянд. 
Ин дастоварди беназири соҳаи осорхонашиносии мамлакат имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ аз зумраи тармимгарон, таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон ва дигар бахшҳои ин соҳа дар давраҳои мухталифи омӯзишии кӯтоҳмуддати байналмилалӣ иштирок намуда, донишу таҷрибаи тахассусии худро мукаммал гардонанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид.
Дар ин замина Осорхонаи миллӣ дар муддати кӯтоҳ дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) бори нахуст дар ҷумҳурӣ чунин даври байналмилалии омӯзишӣ ташкил менамояд.

Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»  

Санаи нашр: 09.03.2023 №: 52-53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив