ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ. ЧАРО БЛОГЕРОН АЗ ФОИДА АНДОЗ НАМЕСУПОРАНД?

САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ. ЧАРО БЛОГЕРОН АЗ ФОИДА АНДОЗ НАМЕСУПОРАНД?

10 март 2023, Ҷумъа
79
0


“Боҷу хироҷ”, нашрияи Кумитаи андози Тоҷикистон, 3 марти соли 2023 ду рӯйхат: “Блогерҳои боинсоф” ва “Блогерҳои бепарво”-ро нашр кардааст. Дар рӯйхати “Блогерҳои бепарво” 29 блогер зери тозиёнаи танқид гирифта шудааст, ки ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, даромад ба даст меоранд, вале ба буҷети давлат андоз намесупоранд. 

Аз ҷумла,  Беҳрӯз Зеваров (масъули гурӯҳи “Tamoshow” дар Ютуб), овозхон Мубориз Усмонов (масъули гурӯҳи “mubor1z” дар Ютуб), журналист ва таронанавис Орзу Исоев (масъули гурӯҳи Orzu Isoev), ҳаҷвнигор Саидҷон Идиев (масъули гурӯҳи «Шакарханд» дар Ютуб), Ҷонон Ашурова (масъули гурӯҳи “jononisher” дар Ютуб), Фаридун Саидов (масъули гурӯҳи “m_Favik.tj” дар Ютуб), Сабинҷон Нуриддинов (масъули гурӯҳи “sabinjonnofficialll” дар Ютуб), Сино Соҳибов (масъули гурӯҳи “Sinojon_sohibov” дар Ютуб), Ғолиб Мӯсоев (масъули гурӯҳи “golib_show”), Аъзам Назриев (масъули гурӯҳи “zanjabilbro” дар Ютуб) дар рӯйхат қарор доранд.
Тавре аз таҳлил ва корҳои назоратии мақомоти андоз бармеояд, аксар блогерҳо бе ҳуҷҷати соҳибкорӣ ва бе қайд дар мақомоти андоз фаъолият карда, ғайриқонунӣ даромад ба даст меоранд.
– Аз  ҳисоби зиёд намудани шумораи обуначиён, қабули роликҳои таблиғотӣ, азназаргузаронии пранк-видеоҳо ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ маблағҳои ҳангуфт меёбанд, яъне онҳо бидуни қайд дар мақомоти андоз ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд, – омадааст дар нашрия.
Ба рӯйхатти “Блогерҳои боинсоф” ҳафтанома блогерҳои бовиҷдонро баршумурдааст, ки худро расман дар мақомоти андоз сабти ном карда, андозашонро сари вақт месупоранд. Аз ҷумла, аз Рафаэл Гулов ситоиш кардааст, ки соли 2022 барои фаъолияти блогериаш 27 ҳазору 600 сомонӣ андоз пардохтааст. Ҳамин тавр, блогерҳо Умеда Парсаева 22 ҳазору 900 сомонӣ, Шоира Пулатова 5 ҳазор сомонӣ, Мансурҷон Нигматов 22 ҳазору 700 сомонӣ, Сафина Ғоибова 20 ҳазору 600 сомонӣ, Гулноза Мирова беш аз 10 ҳазор сомонӣ ва Диловар Сафар 1500 сомонӣ ба хазинаи давлат фоида расондаанд. 

БАРОИ ЧӢ БЛОГЕРҲО БОЯД АНДОЗ СУПОРАНД?
Бо рушди технологияи навин андозбандии иштирокдорони савдои электронӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Шуруъ аз соли 2020 сабти номи блогерҳо дар Кумитаи андози Тоҷикистон оғоз шуд. Ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
– Мувофиқи қонунгузории ҷорӣ ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд. Шахсоне, ки бо кори вазнини ҷисмонӣ пул кор мекунанд, андоз месупоранд, чаро блогерон, ки бо кори осон зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, бояд  аз андоз дар канор бошанд, – гуфта буд як корманди Кумитаи андоз дар суҳбат бо хабарнигори  “Азия-Плюс”. 
Дар соли гузашта блогерон ба буҷет 1,3 миллион сомонӣ андоз пардохт карданд. 
Бинобар нишондоди  Кумитаи андоз, ҳоло ҳар семоҳа блогерон даромадашонро ба Кумита пешниҳод мекунанд ва дар умум 7 фоиз андоз месупоранд. Масалан, агар блогер дар се моҳ 10 ҳазор сомонӣ даромад дошта бошад, андози он 700 сомонӣ мешавад.
Мушкилоти асосии мақомоти андоз дастрасӣ надоштан ва ё мавҷуд набудани маълумот вобаста ба даромади воқеии субъектҳои дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолияткунанда ба ҳисоб меравад. Аксари субъектҳои мазкур низ, аз пешниҳоди маълумот вобаста ба маблағи воқеии даромадҳои бадастоварда тавассути суратҳисобҳои бонкии дар хориҷа қарордошта ва ҳамёнҳои электронии мавҷудбуда худдорӣ менамоянд.

Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 09.03.2023 №: 52-53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив