ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТИ ПОЯНДА ХОҲӢ…

ДАВЛАТИ ПОЯНДА ХОҲӢ…

10 март 2023, Ҷумъа
64
0

Муҳимтарин нуктае, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, гузарондани ислоҳот дар соҳаи маориф аст. Хуб медонем, ки ғамхорӣ ба соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар солҳои соҳибистиқлолист. Пешвои муаззами миллат дар паёмҳои пешинаи хеш низ, борҳо инро таъкид намудаанд, аммо имсол он оҳанги дигар дошт. Дар назди кормандони маориф вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. 

Чӣ тавре ки Сардори давлат таъкид карданд, беҳтар ва пурсамар гардондани корҳои таълиму тадрис, омода кардани мутахассисони ба талоботи замони муосир ҷавобгӯ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани касбияти мураббиёни боғчаи кӯдакон, яъне кормандони муассисаҳои томактабӣ ва баъдан, муаллимону устодони мактабу омӯзишгоҳ ва донишгоҳҳо вобаста аст. Агар омӯзгор худаш ба дониш мусаллаҳ набошад, мо ҳазорон мактаби бо технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз бунёд кунем ҳам, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Даврони мо асри рушди гӯшношунуди технология аст ва омӯзгорону устодонро лозим аст, ки ба ҷуз китобҳои дарсӣ мунтазам аз расонаҳои гуногуни электронӣ,  маҷаллаҳои илмию оммавӣ аз навгониҳои илмӣ бохабар бошанду  ҳангоми таълим аз бардоштҳояшон истифода кунанд.
Тарбияи мутахассиси хуб аз қобилияту истеъдод, тарзи дарсгузарии муаллим вобастагии калон дорад. Ягонагии таълим, тарбия ва инкишофи умумии хонанда ягонагии раванди педагогиро ташкил медиҳад. Моҳияти он дар интиқоли таҷрибаи иҷтимоии калонсолон ва аз бар намудани онҳо аз тарафи ҷавонон, таъсири тарафайни онҳо барои қонеъ кардани талаботи худи инсон ва, умуман ҷомеа, таҷассум меёбад.
Психологияи фаъолияти маърифатӣ ба интихоби на танҳо мундариҷа, инчунин, метод, шаклҳои ташкилӣ ва воситаҳои таълимӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. 
Пешвои миллат дуруст таъкид кардаанд, ки ҳама кишварҳои имрӯз пешрафтаи ҷаҳон замоне, бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ, ҳиссаи зиёди буҷети давлатии хешро ба соҳаи маориф равон намудаанд. Пасон, ба ин кишварҳо имкон даст дод, ки ба хотири фардои кишварашон мутахассисони пухта тайёр намоянд. Дар Паём барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ  – саноатикунонии мамлакат омӯзиши ҳаматарафаи илмҳои дақиқ барои насли нав муҳим арзёбӣ гардид.
Баҳри бештар ошно кардани хонандагон бо илмҳои дақиқ аз усулҳои нави таълим кор гирифтан корсоз аст. Аз ин сабаб, ба ин ҷиҳати омӯзиш эътибори ҷиддитар додан, натиҷаҳои самарабахшро метавонад ба бор орад. Аз ҷумла, дар замони имрӯз, ки ҳар лаҳза неруҳои гуногуни геополитикӣ ва ифротӣ ба зеҳни сокинони сайёра таҳдид мекунанд, вусъат бахшидани тарбияи ватандӯстӣ ва илмҳои муосир талаби асосии «зинда мондан» аст. Мо мебинем, ки аксари ҷангҳои ҷаҳон на ба сурати ошкоро, балки ба таври техникӣ: ядроӣ, вирусафганӣ, заҳролудкунӣ ҷараён доранд.
Пас кормандони маорифро лозим аст, ки тадрисро мутобиқ ба дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монанд. Дар ин кор онҳоро аҳли ҷомеа ва волидони хонандагон бояд кумак расонанд, зеро тарбияву тадрис кори ҳамагонист ва танҳо дар амалкарди муштарак метавонем натиҷаи дилхоҳ ба даст орем.  

Муҳаммад ҲАСАНОВ,
сармутахассиси маркази инноватсионӣ ва тестии 
Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 09.03.2023 №: 52-53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив