ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ.  АВЛАВИЯТ БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ  ХУРОФОТПАРАСТӢ

КӮЛОБ.  АВЛАВИЯТ БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ  ХУРОФОТПАРАСТӢ

13 май 2024, Душанбе
6
0
Дар маҷлисгоҳи бахши қароргоҳи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи дастурдиҳӣ ба гурӯҳҳои кории шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гузашт, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон Шариф Раҳмон иштирок намуданд. 
 
Баъди сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон  Шариф Раҳмон баромад карда, ҳадафи баргузории ҷаласаро  татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар  мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, унвон кард. 
Номбурда, ҳамчунин, доир ба дигар масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, аз қабили пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи дурусти онҳо аз тарафи оила, ҷомеа ва мактаб бо овардани факту далелҳои мушаххас аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҳарф зада, афзуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ба ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва мағзшӯии насли ояндасоз аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии исрофкорӣ дар тӯю маросими миллӣ, назорати ҷиддӣ дар рафтору кирдори фарзандон, махсусан онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд, нигаронда шудааст. 
Анзурат Абдусаломзода зимни суханронӣ оид ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ байни ҷавонон, сафарбарии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, эмин нигоҳ доштани оинҳои миллӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷалби хатмкардагони мактабҳои миёнаи умумӣ ба макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани либоси ба фарҳангу оини мо бегона, ба касбу шуғл фарогирии ҷавонон, идома додани тарғиби либоси миллӣ таҳти шиори «Тоҷикона мепӯшем» ибрози назар кард.
Дар ҷамъбасти ҷаласа қарорҳои дахлдор оид ба таъсиси гурӯҳҳои кории «Усули хона ба хона» оид ба расондани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар мавзуъҳои пешгирии хурофотпарастӣ, исрофкории барзиёд зимни баргузории ҷашну маросими миллӣ, ироа карда буданд, қабул шуд.
 
М. ШАРИФЗОДА, 
З. ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив