ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАРБИЯ. МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ МАЪРИФАТИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ АСТ

ТАРБИЯ. МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ МАЪРИФАТИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ АСТ

16 май 2024, Панҷшанбе
11
0
Барҳақ, таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи хиради воло ва адолатгустарӣ бунёд ёфта, бо ҳузури мунавварашон дар арсаи сиёсат, давлати навини тоҷикон ба ҷойгоҳи барозанда дар миқёси олам шарафёб шуд. Имрӯзҳо, маҳз бо иқдомоти башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускори сатҳи байналмилалӣ шинохтаву эътироф мекунанд, ки чунин нуфузу мақом боиси ифтихори ҳар фарди бедордили ин сарзамин аст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сол ба сол ба рушду пешрафтҳои намоёну таърихӣ ноил мегардад, ки натиҷаи сулҳу ваҳдати пойдор аст. Баҳои баланди Сарвари давлат ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ соли 2023, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ садо дод, баёнгари он аст, ки дар кишвари мо қатъи назар аз вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа барои ворид шудан ба марҳалаи сифатан нави пешрафтҳо заминаҳои устувор истеҳком бахшида шудаанд.
Чун солҳои қаблӣ соли 2024 ҳам дар таърихи давлатдории навини мо бо чанд рӯйдоди муҳим, аз ҷумла Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Дар бастагӣ ба ин санаи фархунда, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ яке аз нуктаҳои меҳварии Паём буд, ки дар шароити ташаннуҷи бесобиқаи авзои ҷаҳони муосир амри басо муҳиму саривақтӣ мебошад. Таъкиди хосаи Президенти маҳбуби кишвар ба аҳамияти таърихии Конститутсия, ки таҷрибаи нодири қонунэҷодкунии Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро бар пояи арзишҳои миллӣ ибтидо бахшидааст, бозгӯи он аст, ки дар марҳалаи нави таърихӣ ин санади олии ҳуқуқӣ тавонист, мақоми сиёсӣ ва давлати соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ созад. Аз ин рӯ, эълони гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ба раванди тавсеаи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, такмили низоми қонунгузорӣ, нақши муассир хоҳад гузошт.
Таҷриба собит менамояд, ки дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии он иштироки шаҳрвандони фаъол нақши мунир дорад. Дар ҳамин ҳол шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад бо такя ба соҳибҳуқуқии худ дар рушди ҷомеа саҳм гузорад. Ва ҷомеа, ки ба инсонҳои бомаърифату камолёфта такя мекунад, ба пирӯзӣ мерасад.
Дар ҳақиқат, низоми устувори ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, риояи бечунучарои тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия, ҷиноятҳои муташаккилона, терроризм ва ифротгароӣ аз омилҳое ба шумор мераванд, ки ба рушди устувори давлату ҷомеа, бедории фикрии мардум, худшиносӣ ва худогоҳию садоқат ба Ватану миллат мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки дар назди ҷомеа ва давлат масъулияти баланди шаҳрвандиро эҳсос намуда, тарбияи насли наврасро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ саҳми босазо дошта бошем. Зеро ҷаҳони имрӯза пур аз тазоду ихтилофотест, ки метавонад ҷомеаҳои ноогоҳро ба суқут рӯ ба рӯ созад.
Бинобар ин, ҷиҳати эмин мондан аз ҳар гуна газанди замона, бояд ҳадафҳои олии Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолиро дар зеҳну шуури худ маърифат намуда, дар пиёда сохтани сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат нақше аз худ боқӣ гузорем. Ҳамон тавре Сарвари давлат дар охири Паём бо эътимоди комил ба ҳисси баланди миллию ватандӯстӣ ва талоши созандаи мардуми кишвар аз ҳамагон даъват намуданд, кӯшиш намоем, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои шукуфоии аз ин ҳам бештари сарзамини биҳиштосоямон заҳмат кашида, соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит ва эътибори кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем. Албатта, мо дар ҳоле домони ин ҳадафҳоро мустаҳкам медорем, ки дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти маҳбубамон беш аз ҳар вақти дигар иттиҳоду сарҷамъӣ нишон диҳем. 
 
С. МАҲМАДЗОДА, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив