ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. РУШДИ БОСУБОТИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ДАВЛАТСОЗ ДАР ДОИРАИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. РУШДИ БОСУБОТИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ДАВЛАТСОЗ ДАР ДОИРАИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

13 март 2023, Душанбе
121
0


Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (23.12.2022) муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ нақши калидӣ доштанд ва ин бесабаб набуд, зеро айни ҳол буҳрони сиёсию иқтисодӣ минтақа ва ҷаҳонро зери таъсири манфии худ қарор дода, ояндаи он пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Новобаста ба ин пайомадҳо ва таъсири буҳрони иқтисодии баамаломада, зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии мамлакат таъмин гардида, дар маҷмуъ, соли 2022 соли бобарор арзёбӣ шуд. 
Тадбирҳои андешидашуда имконият фароҳам оварданд, ки на танҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорем, балки аксари нишондиҳандаҳоро зиёд таъмин намоем. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ, эътироф гардидааст. Ин нукта дар Паём бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд: “Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд”. 
Пешвои миллат на танҳо дар доираи Паёми навбатӣ, балки дар ҳама вохӯрӣ ва суханрониҳояшон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид месозанд, ки вазифаи асосии иҷтимоии давлат баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Дар ин замина зикр намуданд: “Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонда шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид, музди миёнаи меҳнат дар кишвар 1,5 баробар ва андозаи нафақа 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд”. 
Агар мо ба нишондиҳандаҳои омории солҳои соҳибистиқлолӣ қиёс намоем, фарқ аз замин то осмон аст. Тоҷикистон баъд аз солҳои 2000-ум ислоҳоти пурраи иқтисодиро пеш мебарад. Барои ҳар як фарди равшанфикр возеҳ аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ  беҳтар мешаванд. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату Ҳукумат– саноатикунонии босураъти кишвар боз ҳам амиқтар мусоидат менамояд. 
Таҳлилҳо дар Паём оид ба масъалаҳои иқтисодӣ мушаххас буданд ва нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи факту рақамҳо хеле хуб нишон дода шуданд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ  таъсис ёфтанд. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки сатҳи муҳоҷирати меҳнатиро низ, коҳиш диҳад. 
Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии мамлакат тадриҷан амалӣ гашта, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба он, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта зарурати боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият кардани соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи мамлакат ба миён омадааст. 
Бояд гуфт, ки барои ноил шудан ба афзалиятҳои муайяншуда на танҳо вусъат бахшидани суръати рушд, балки ба сифати рушд аҳамияти махсус додан лозим аст.
Дар бораи саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ боз ҳам метавон далелҳои зиёд овард. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз тавре ҳамагон шоҳидем, ҳадафҳои стратегӣ барои муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ин ҳама сокинони кишвар, бахусус ҷавононро, зарур аст, ки дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саҳмгузор бошанд.
Хулоса, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар бар гирифта, боиси сол ба сол беҳтар шудани некуаҳволии сокинони кишвар ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ мегардад.

Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА, 
муовини ректор оид ба таълими ДДХ ба номи М. Назаршоев, номзади илмҳои иқтисодӣ

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив