ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНИ ВИЛОЯТҲОИ СУҒДУ ХАТЛОН ВА ЯК ҚАТОР НОҲИЯҲОИ КИШВАР

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РОҲБАРОНИ ВИЛОЯТҲОИ СУҒДУ ХАТЛОН ВА ЯК ҚАТОР НОҲИЯҲОИ КИШВАР

21 май 2024, Сешанбе
3
0
Субҳи 21-уми май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳои кишвар суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоришҳои раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони ноҳияҳои Восеъ, Рашт, Нуробод ва Сангворро доир ба оқибатҳои боронҳои шадид ва селу обхезӣ шунида, ба онҳо доир ба ҳарчи зудтар бартараф намудани пайомадҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла барқарор намудани роҳу пулҳои вайроншуда ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардум барои ҷуброн намудани зарари расида ба хонаю рӯзгор ва заминҳои кишташон, супоришҳои мушаххас доданд.
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив