ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПИРЯХҲО.  ГЕОПАРКҲОИ БУЗУРГ ҲАМЧУН МАНБАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ҲИФЗ МЕШАВАНД

ПИРЯХҲО.  ГЕОПАРКҲОИ БУЗУРГ ҲАМЧУН МАНБАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ҲИФЗ МЕШАВАНД

13 март 2023, Душанбе
124
0

 
Кишвари мо дар арафаи баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд доир мегардад, қарор дорад. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба масъалаҳои экологӣ, хусусан ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои обӣ, мақоми ҷаҳонӣ гирифтанд. 
Дар сатҳи байналмилалӣ баррасию муҳокима шудани проблемаҳои марбут ба обу иқлим бо назардошти мутобиқшавӣ ба он то як  андоза мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлимро кам мегардонад. Дар чанд даҳсолаи охир, воқеан ҳам, таъсири гармшавии глобалӣ дар табиат ба мушоҳида мерасад. Об шудани беш аз ҳазор пирях дар ҷумҳурӣ гувоҳи он аст, ки сол ба сол ҳаҷми пиряхҳо кам ва дар даҳсолаҳои баъд ҳолати пурра аз байн рафтани онҳо ба назар мерасад. Барои мисол, Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист соли 2022 зимни тадқиқоти илмӣ  муайян кард, ки яке аз пиряхҳои Тоҷикистон – пиряхи Хирсон воқеъ дар саргаҳи ҳавзаи дарёи Ванҷоб, зери хатари обшавӣ қарор дошта, забонаи пирях нисбат ба соли 2021 ба андозаи беш аз 1 метр ва даҳонаи он зиёда аз 3 метр қафонишинӣ кардааст. Ба чунин монанд пиряхҳо дар минтақаҳои баландкӯҳи кишварамон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, беназиранд, ки хавфи таъсиррасонии гармии сайёра ба онҳо низ, ҳаст. Пиряхҳои дар ҳудуди вилоят ҷойгирбуда, дар маҷмуъ, геопаркҳои бузурги пиряхҳоро ташкил медиҳанд. Пиряхи Федченко, аз қабили онҳост, ки дар ҳудуди Парки миллии Тоҷикистон шомил буда, дар масоҳати 700 километри мукааб ва  дарозии 77 километр доман паҳн кардааст. Ғафсии яхи пир-яхи мазкур то 1000 метрро ташкил медиҳад. 
Грум-Грижимайло-пиряхи дигари ин минтақа ба ҳисоб рафта, бо дигар пиряхҳои шарқӣ низ, геопиряхҳои беназиранд, ки дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Пиряхҳои шарқӣ дар Грум-Грижимайло дар баландии 4024 метр аз сатҳи баҳр ва дарозии 37 километр ҷойгиранд, ки тамошои онҳо бисёр хушоянд аст. Пиряхи Гармо низ, таваҷҷуҳи ба худ хос дошта, он дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз дар 30,4 километр ва масоҳати беш аз 100 км2  хобидааст. Дар ҳудуди Парки миллии Тоҷикистон, инчунин, пиряхҳои дарозиашон зиёда аз 20-километра вомехӯранд. Ба монанди Арҷилға, Вавилова, Танамис-1, Танамис-2, Язгулом, Танамиси майда, Мос-квин, Фортамбек, Наливкин ва амсоли инҳо.
Маҳз бо иқтидори чунин захираҳои обии кишвар, ки дар баландкӯҳҳо нуҳуфтаанд, татбиқи бисёр нақшаю стратегияҳои миллии вобаста ба энергетика, саноату кишоварзӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат роҳандозӣ мешаванд. Пиряхҳо манбаи асосии обҳои кӯлу дарёҳо маҳсуб ёфта, ҳифзу нигоҳдории онҳо аз таъсири гармшавии иқлим хеле муҳим мебошад. Тамоми экосистемаи табиии ин минтақа ба мавҷудияти об, яъне пиряхҳо, вобастагии калон дорад. Аз ин ҳисоб дар ҳудуди Парки миллии Тоҷикистон олами нодири набототу ҳайвоноти дар ҳудуди Осиёи Марказӣ беназир побарҷо истода, ҳолати табиии худро гум накардааст. Аз ин рӯ, Парки миллӣ бо бузургӣ ва ёдгориҳои таърихии худ аз минтақаҳои муҳими сайёҳии кишвар ба шумор меравад.  Он дар қисмати марказии Помиру Олой дар масоҳати умумии 2, 6 миллион гектар доман паҳн кардааст. Аз ин рӯ, бо дороии азимаш соли 2013 ҳамчун мавзеи нодири табиӣ ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд. Беш аз 50 объекти табиӣ ва нуқтаҳои археологии Парки миллии Тоҷикистон, ки, асосан, дар минтақаҳои Помири шарқӣ, водии Аличур, қаторкӯҳҳои Пшарт, водии Маркансу, қуллаҳои Яшилкӯл ва Қарақул мавҷуданд, бо обу иқлим алоқамандии зич доранд. 
Барои ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар доираи амалӣ намудани Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 дар баландкӯҳҳо ҳаҷми захираи барф мунтазам санҷида мешавад. Аз ҷумла,  дар ҳавзаи дарёи Ванҷоби ноҳияи Ванҷ ва Ғунди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корҳои барфченкунӣ  бо усули пиёда ба анҷом расонда шуданд. Инчунин, соли сипаригашта мушоҳидаҳои аэровизуалии захираҳои барф дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Хингоб, Сурхоб, Камароб, Кофарниҳон (минтақаи Канаск), Панҷ (Ванҷ, Язғулом, Бартанг ва Ғунд) гузаронда шуда, натиҷаи мушоҳидаҳо нишон доданд, ки захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои болозикр то 95 дарсади меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад. Ин миқдори барф нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 9 дарсад зиёд мебошад. 

Худобахш МУБОРАКҚАДАМОВ, 
директори ММ ПМТ дар ВМКБ

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив