ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАЙЗОБОД. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

ФАЙЗОБОД. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

21 май 2024, Сешанбе
27
0
 
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ руҳу илҳоми тоза гирифта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳа дастаҷамъона саъю кӯшиш доранд.
– Дар ноҳия ба сохтмон, таъмир ва навсозии муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва сол ба сол шароити таълиму тадрис беҳбуд меёбад. Бояд зикр намуд, ки рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зери таваҷҷуҳи ҳамешагии шуъбаи маориф мебошад. Баҳри иҷрои саривақтии талаботи ин Қонун байни падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои таблиғотӣ бурда мешаванд. Волидайн дар рӯзҳои муайяншуда ба мактаб меоянд ва аз рафти донишандӯзӣ, одобу ахлоқи фарзандонашон бохабар мешаванд, – зикр кард мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағоймурод Ғуломов.
Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 12 муассисаи таълимӣ дар назар буд, ки ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар деҳаҳои Ҷавонон, Баҳористон, Заркамару  Навобод ва Навбаҳор аз тарафи соҳибкорону саховатмандон муассисаҳои таълимӣ бо беш аз 400 ҷойи нишаст бунёд ёфтанд. 
Боиси таъкид аст, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия наздик ба 40 синфхонаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Маврид ба зикр аст, ки  тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, имрӯзҳо дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи Дашт сохтмони Муассисаи таълимии №11 бо ғунҷоиши 1200 ҷойи нишаст аз тарафи ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии  Мардумии Чин оғоз шуд.
Маорифчиёни ноҳия ба иштироки хонандагон ва фаъолияти беҳтари онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва  олимпиадаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. 
Ҳамин ҳаст, ки чанде пеш хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия Раҳматов Исмоил, Гулноза Аҳмадова, Мубориз Зубайдов дар Олимпиадаи байналмилалии фаннии Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ӯзбекистон аз фанни забони англисӣ медали тилло ба даст оварда, Фарида Абдуҷалолзода  сазовори медали нуқра шуд. Инчунин, дар Олимпиадаи мазкур 12 хонандаи муассисаҳои ноҳия аз фанҳои забони русӣ, ҳуқуқ, биология, математика, география ва физика ба гирифтани медалҳои нуқра ва биринҷӣ комёб шуданд.
– Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод минбаъд низ тамоми саъю кӯшиши худро барои татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат равона сохта, соли таҳсили равонро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст хоҳад кард, – гуфт дар хотимаи суҳбат Тағоймурод Ғуломов.
  
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив