ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ ОБОДКОРИҲО

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ НАВИ ОБОДКОРИҲО

21 май 2024, Сешанбе
20
0
Ноҳияи Восеъ аз калонтарин воҳидҳои маъмурии минтақаи Кӯлоб маҳсуб меёбад. Тавре, ки раиси ноҳияи мазкур Ҷамшед Шарифзода дар суҳбат иброз намуд, симою намои ин диёр дар солҳои соҳибистиқлолӣ тарҳи наву диданӣ касб кардаанд. Дар ин солҳо садҳо иншооти иҷтимоию дигар соҳаҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
Сар карда аз соли 2022 то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Восеъ бунёди 408 иншоот дар назар дошта шудааст.  То имрӯз 202 иншоот, аллакай, мавриди истифода қарор гирифтааст. Инҳо корхонаҳои мевахушккунӣ, қаннодию нонӣ ва ғайраҳо мебошанд. Ҳоло бинокорон машғули бунёди заводи хишт, корхонаҳои сангмайдакунию бетонбарорӣ ва истеҳсоли  қанд мебошанд, ки онҳо ҳам то охири сол ба фаъолият мепардозанд.
 
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор 
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив