ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГАР ПЕШНИҲОДИ МАН ҚАБУЛ ШАВАД...

АГАР ПЕШНИҲОДИ МАН ҚАБУЛ ШАВАД...

13 март 2023, Душанбе
126
0

 
Умеди амалӣ кунондани неругоҳи барқи обие, ки барқи изофа ва арзон истеҳсол мекунад, 15 феврал дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”  чоп шуда,  ба хонанда пешкаш гардид. Имрӯз баъд аз амалӣ гаштани НБО барқи изофа ва арзон истеҳсол мекунад, чи хел аҳамиятҳоро касб менамояд, ба хонанда маълум менамоем. 
Агар пешниҳоди ман – НБО, ки барқи изофа ва арзон истеҳсол мекунад ҷомаи амал пӯшида ба истеҳсолот қабул шавад, ҳамаи неругоҳҳои барқи обии ҳудуди мамлакат ва берун аз он неругоҳи мазкурро ҳамчун эталон қабул карда, бонавбат генератори барқистеҳсолкунандаи НБО амалкунанда бо генератори барқистеҳсолкунандаи иқтидори ҳақиқиаш аз рӯи талаботи формулаи навтаъсис N=(Qx9,81xНxt)х9,8 кВт аниқ карда, дар завод бо ҳамин иқтидор генератори барқистеҳсолкунандаро сохта ба генератори амалкунанда иваз менамояд. Албатта, ротори ба ин генератор мутобиқбуда ба турбогенератор пайваст мегардад. Барқи истеҳсолмекардаи ҳамаи неругоҳҳои барқи обии дар мамлакатбуда ва берун аз он  9,8 маротиба зиёд мешавад.  Яъне,  чунин натиҷа ба даст меояд:
1. Ба ҷойи 1 кВт барқи истеҳсолшаванда бе хароҷоти иловагӣ 9,8 кВт барқ истеҳсол мегардад.
2. Арзиши аслии 1 кВт барқи истеҳсолшаванда нисбат ба арзиши аслии 1 кВт барқи истеҳсолшуда бо ҳисоби миёнаи умумиҷаҳонӣ  20 маротиб арзон истеҳсол мешавад (ҳисоботи пешакӣ).
3. Неругоҳҳои барқи обии амалкунанда барои 1 кВт барқро истеҳсол кардан 1м3 м2 сония фишори обро сарф менамоянд, НБО барқи изофа ва арзон истеҳсол мекунад 1м3 м2 сония фишори  обро сарф карда, 9,8 кВт барқ истеҳсол менамояд.
Сохтмони  НБО навсохта монанди сохтмони НБО амалкунанда як хел буда, танҳо иқтидори генератори барқистеҳсолкунанда аз рӯи талаботи формулаи навтаъсис аниқ карда мешавад. 
Истеҳсоли 1 кВт барқ нисбат ба неругоҳҳои барқи обии амалкунандаҳо 10 – 12 маротиб камхарҷ мешавад.
4. Неругоҳҳои гармӣ, атомӣ, офтобӣ ва шамолӣ аз ҳисоби бардошт накардан ба рақобати арзиши аслии 1 кВт барқ оҳиста-оҳиста фаъолияташонро катъ месозанд. 
Дегҳои гармидиҳӣ, завод ва комбинатҳое, ки барои фаъолияташон маводи сӯхтро истифода мебаранд,  ба барқи арзон мегузаранд.
Барқи арзон маҷбур месозад, ки ба ҷойи автомобилҳо электромобилҳо кор кунанд. Хуллас, аз ҳисоби дохилшавии барқи изофа ва арзон ба истеҳсолот миллиардҳо тонна маводи сӯзишворӣ аз сӯхтан  мемонад ва ифлосшавии муҳити зист оҳиста-оҳиста дар кураи Замин ба меъёр  мефарояд.
5. Бозсозии НБО амалкунандаҳо ривоҷу равнақ ёфта, шумораи НБО барқи изофа ва арзон истеҳсол мекунад, зиёд гашта,  аз ҳисоби истеҳсол ва фурӯши барқ  маблағи зиёд фоида  ба даст меояд.
6. Агар арзиши аслии барқи истеҳсолшуда арзон гардад, табиист, ки нархи фурӯши он ҳам арзон мешавад.  
Хӯрока, пӯшока ва техникаи хизмати маишӣ, ки бо истифодаи барқи арзон истеҳсол мешавад, албатта, нисбатан бо нархи арзон ба мардум пешкаш мегардад. 
7. СММ программаи озуқавории умумиҷаҳониро қабул кардааст. Барои иҷрои ин кор барқи изофа ва арзон ҳиссагузор шуда метавонад.  
8. Барқи изофа ва арзон боиси зиёдшавии миқдори гармхонаҳо ва анборҳо барои нигоҳ доштани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ  мегардад.
Фикр мекунам, роҳбарият ва мутахассисҳои АМИТ, Вазорати энергетика,  Ширкати “Барқи тоҷик” ва ҳамаи неругоҳҳои барқи обии дар мамлакат амалкунанда бояд барои сохта ва ба истифода додани 1  НБО барқи изофа ва арзон истеҳсол мекунад, саъй намоянд. 

Озодқул МАМАТҚУЛОВ,  
нафақахӯр аз шаҳри Истаравшан

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив