ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НУРОБОД.  ОФАТҲОИ ТАБИӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАД

НУРОБОД.  ОФАТҲОИ ТАБИӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАД

23 май 2024, Панҷшанбе
28
0
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ва раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода аз мавзеъҳои зарардида аз офатҳои табиӣ дар ноҳия дидан карда, мардумро ба ҷойҳои бехавф кӯчонда истодаанд.
Дар натиҷаи боришоти зиёди борони рӯзҳои охир дар бештари мавзеъҳо селу ярч фаромада, ба хоҷагии халқи ноҳия хисороти зиёде расонд ва ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалидошта қатъ гардид. Дар деҳаи Яхаки деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов сел фаромада, як қисмати хонаҳои истиқоматиро хароб кард ва заминҳои кишт зери лойқа монданд. Ба ин хотир, гурӯҳи корӣ деҳ ба деҳ аз ҳоли мардум огоҳ шуда, суҳбатҳо гузаронданд. Намояндаи Ҳукумати кишвар ба мардуми зарардида иброз намуд, ки бартарафкунии офатҳои табиӣ, расондани ёрии саривақтӣ ва ба зиндагии муқаррариву осоишта баргаштани ҳар як сокини кишвар таҳти назорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимни боздид аз мавзеъҳо, ҳамчунин, масъалаи оғози корҳои сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида ва расонидани кумаки моддӣ баррасӣ шуд. 
Бояд гуфт, ки айни ҳол бо истифода аз техникаҳои муҳандисӣ корҳои бартарафкунии офат дар минтақаи Сари Ҷар – Сангвор ва 140-ум километри роҳи Нуробод – Рашт идома дорад. Барои ғамхориҳо сокинони ноҳия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив