ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСБОТ РАҲИ РОҲБАРӢ КАРДИЮ РАФТӢ

ИСБОТ РАҲИ РОҲБАРӢ КАРДИЮ РАФТӢ

24 май 2024, Ҷумъа
13
0
Дар сӯгвории Президенти Ҷумҳурии  Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ
Исбот раҳи роҳбарӣ кардию рафтӣ,
Умрат пайи хидмат сипарӣ кардию рафтӣ.
Ҳам донишу ҳам ҷуръати бисёр, ки будат,
Бегоҳии даврат саҳарӣ кардию рафтӣ.
Халқ аст сағиру падари хуб кабир аст,
Бар гулписаронат падарӣ кардию рафтӣ.
Дар фикри барӯмандии ҳамреша фитодӣ,
Ҷаҳди раҳи пур аз самарӣ кардию рафтӣ.
Аз порсиён дар ҳама ҷо қисса бигуфтӣ,
Бедортар он хуфтадарӣ кардию рафтӣ.
Амнияти тоҷик ҳам амнияти мо аст,
Дар маърака ҳарфи ҷигарӣ кардию рафтӣ.
Осудагӣ аз олами пуршӯр надидӣ,
Огаҳ зи раҳи пурхатарӣ кардию рафтӣ.
Ҳарфи баду нек аз варақи чашм, ки хоност,
Андешаи худро башарӣ кардию рафтӣ.
То шуҳрати афлокии худ паст насозӣ,
Ҷон дар фалак аз ҷисм барӣ кардию рафтӣ.
Саҳрои ҷаҳон хирмани беғала надорад,
Бар қадри тавон тозагарӣ кардию рафтӣ.
Бар дидаи ношукр саис аст раисаш,
Таҳрир асари бебасарӣ кардию рафтӣ.
Кам халқ хабардор зи авзои ҷаҳон аст,
Ифшо зарари бехабарӣ кардию рафтӣ.
Аз оташи номус сухан гуфта ба мардум,
Ҳарф аз самари пуршарарӣ кардию рафтӣ.
Бахт аст ватандорию иқболи баланд аст,
Тасвир ғами дарбадарӣ кардию рафтӣ.
Шодии шаҳон дидаву ғамҳош набинанд,
Тафсири ғами чашмтарӣ кардию рафтӣ.
Аз меваи талх аст ҳама шарбати ҳоким,
Талхии замонат шакарӣ кардию рафтӣ.
Дар мотами ту ҳалқаи андуҳ гирифтанд,
Мағлубии худро зафарӣ кардию рафтӣ.
Дорад хатар осоишу хун низ гулобаш,
Исбот раҳи роҳбарӣ кардию рафтӣ.
 
Муҳаммад ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 24.05.2024 №: 97
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив