ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҒУН.  ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД. ЧАРО?

РОҒУН.  ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ИСТИФОДА НАМЕШАВАНД. ЧАРО?

13 март 2023, Душанбе
103
0

Агар ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз мавқеи ҷуғрофии маҳал назар афканем, шаҳри Роғун яке аз гӯшаҳои зебоманзари кишвар ба ҳисоб меравад. Бо назардошти аҳамияти таърихию фарҳангӣ, мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ, аз қабили чашмаҳои мусаффо, мавзеъҳои истироҳатӣ, ҳайвоноти нодир, кӯҳҳои дорои гиёҳҳои шифобахш, шаҳр барои рушди сайёҳии табобатию кӯҳнавардӣ бисёр мувофиқ аст. Минтақаҳои дигари барои сайёҳӣ муносиби шаҳр дараҳои Гули Сурх, Луғур, кӯҳи Яхдон, мақбараи Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ ва обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошанд. 

Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе аз маконҳои сайёҳии шаҳр дар ҳолати ногувор қарор доранд. Аз ҷумла, шаҳраки Оби Гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахшанд, аз назарҳо дур мондаанд. Обҳои мазкур барои буғумдард, пӯст ва дигар намуди бемориҳо хосияти шифоӣ доранд. Аммо айни ҳол онҳо ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯй набуда, фаршҳои шикаста, дарҳои вайрон, обҳои ифлос ва набудани дару тирезаҳои бинои ин ҷо далели ин гуфтаҳоянд. 
Ҳамарӯза садҳо нафар аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд. Онҳо барои 40 дақиқа оббозӣ кардан сари нафаре 25-30 сомонӣ медиҳанд. Муштариён мегӯянд, ки дар ҳавзҳо оббозӣ кардан барои мо хатар дорад, чунки сафолакҳои ҳавз шикастаанд. Аз сафар ба ин истироҳатгоҳ маълум шуд, ки чандин муштариҳо баъди истифодаи ин ҳавзҳо бо ҷароҳатҳои сабук баргаштаанд ва дубора аз омадан ба шаҳраки Оби Гарм дасту дил шустаанд.
Мо чанд маротиба аз Баҳром Шарафзода, муовини раиси шаҳр хоҳиш кардем, ки вазъияти маконҳои сайёҳиро дида бароянд, аммо ваъда ҳасту аз иҷро дараке нест. Ҳол он ки дар шаҳри Роғун бо истифодаи оқилонаи маконҳои истироҳативу табобатӣ метавон даромад ба даст овард, инчунин, чанд ҷойи корӣ баҳри сокинони маҳаллӣ муҳайё созанд.
Вобаста ба чунин мушкилиҳо мо хостем, ҳамроҳи масъулин суҳбат кунем, аммо онҳо аз додани иттилоъ ва баррасии масъала канораҷӯӣ карданд.
Чанде пеш сабаби дар чунин вазъият будани маконҳои сайёҳӣ дар нишасти матбуотии раиси шаҳр аз тарафи хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” пурсида шуд, аммо онҳо низ бо гуфтани “мо ин масъаларо ҳатман таҳлил карда мебароем” иктифо карда буданд.
Ҳамчунин, дар даромадгоҳи шаҳр Боғчаи «Нақб» бо тарҳи хеле ҷолиб ва дарахтони ҳамешасабз сохта шуда буд. Он ҳамчун рамзи шаҳри нурофарон таваҷҷуҳи дилхоҳ сайёҳро ба худ ҷалб мекард. Мутаассифона, имрӯзҳо он дар ҳолати ногувор  қарор дошта, дарахтону фаршҳои сафолакпӯши назди он низ дар ҳоли нобудшавианд. 
Ҳамзамон, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар шоҳроҳ гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфта, он ҷо ҳунармандон маҳсули дасти худро ба намоиш мегузоштанд. Дар ин раста  7 сокини маҳаллӣ ҷойи кор дошт. Ҳоло аз раста ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ нишоне нест. Дар ин маврид ҳанӯз соли 2021 ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи шаҳр раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода гуфта буд, ки “рӯзҳои наздик муаммои мазкурро ҳал мекунем”, вале инак бештар аз як сол мегузарад, ҳол ҳанӯз ҳамон аст.
31 августи соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили минтақаи сайёҳии Роғун» ба тасвиб расид. Умедвор ҳастем, ки барои амалигардонии ин қарор ва ислоҳи камбудиҳо масъулин чораҳои мушаххас меандешанд.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, "Ҷумҳурият" 

Санаи нашр: 13.03.2023 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив