ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ФАЙЗОБОД

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ФАЙЗОБОД

28 май 2024, Сешанбе
17
0
23-юми май, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи Файзобод роҳпаймоӣ баргузор гардид. 
Таъкид шуд, ки маҳз иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдоми шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони тоҷик дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муваффақона ва сарбаландона фаъолият доранд.
Зимни чорабинӣ ҷавонони фаъол, ки  дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ифтихорнома ва мукофотҳо сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, 12 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия, ки чанде пеш дар Олимпиадаи байналмилалии фаннии Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ӯзбекистон сазовори медал шуданд, бо туҳфаҳо қадр гаштанд. 
Аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳо барномаи рангини ҳунарӣ пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив