ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАҚШИ СТАНДАРТОНӢ ВА МЕТРОЛОГИЯ ДАР РУШДИ САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ

НАҚШИ СТАНДАРТОНӢ ВА МЕТРОЛОГИЯ ДАР РУШДИ САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ

29 май 2024, Чоршанбе
11
0
 
Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология, ки ҳамасола моҳи май таҷлил мегардад, конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конфронс муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Неъмат Холбойзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, инчунин, намояндагони як қатор донишгоҳҳои кишвар, вазорату идораҳои марбута ва кормандони Агентии "Тоҷикстандарт" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронс бо ташаббуси Агентии "Тоҷикстандарт" ва дастгирии  Ҳукумати мамлакат дар доираи таъмини сиёсати давлат дар самти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва беҳтар гардидани фаъолияти ҳамаҷонибаи соҳа, баргузор шуд. Ҳадафи асосии чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, дар заминаи  татбиқи амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, мусоидат ба рушди устувор ва ҳамгироии иқтисодии ватанӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум арзёбӣ гардид.
Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии "Тоҷикстандарт",  ҳамоиши илмию назариявиро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Агентии "Тоҷикстандарт" ҳамчун мақомоти марказии идоракунии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои сифат, бехатарии молу маҳсулот, кору хизматрасониро таҳти назорат қарор дода, ба рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолии кишвар дар таъминоти истифода ва риояи қоидаҳои савдо ва системаи ченаки ягона дар ҷумҳурӣ бурда истодааст. 
Усмоналӣ Усмонзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр намуд: “Пешрафти замони муосир тақозо мекунад, ки ниҳодҳои давлатӣ бо дастовардҳои нав ба нав дар ҳамбастагӣ барои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеаи кишвар, таъмини пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. 
Мавриди зикр аст, ки нақши стандартонӣ ва метрология дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, такмили идоракунии истеҳсолот ва баланд бардоштани сифати маҳсулот ҷиҳати рушди саноату таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас мебошад. Хушбахтона, имрӯз Агентии "Тоҷикстандарт" ҳамчун мақомоти миллии соҳаи стандартонии мамлакат дар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи стандартизатсия Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.05.2024 №: 100
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив