ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОРИШОТИ ПАЙ ДАР ПАЙ АЗ КУҶО МЕОЯД?

БОРИШОТИ ПАЙ ДАР ПАЙ АЗ КУҶО МЕОЯД?

29 май 2024, Чоршанбе
30
0
 
Имсол ҳаво дар моҳи май ноустувор буда,  дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боронҳои шиддатнок ва раъду барқ ба мушоҳида мерасанд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боронҳои шадид ва жола зиёд ба қайд гирифта шуда, дар доманакӯҳҳои вилояти Суғд ва Хатлон боридани боронҳои шиддатнок аз эҳтимол дур нест. Дар натиҷаи боронҳои шадид ва раъду барқ суръати шамол то 15-20 метр дар як сония мевазад. Инчунин, дар ҷумҳурӣ ҳавои муътадил ва дар қисми зиёди ноҳияҳои тобеи марказ, ҳатто дар шаҳри Душанбе, Лучоб, Харангон, Варзоб ва қисми зиёди ноҳияи Рашт борони шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Ғайр аз ин, боридани борони шиддатнок ва кӯтоҳмуддат дар ҷануби вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст ва дар баробари ин, ҳаракат кардани чангу ғубор низ ба амал меояд. 
Тибқи иттилои Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, боришоти имсола нисбат ба соли гузашта ва се соли охир аз меъёри муқаррарӣ зиёд мебошад. Қариб ҳар рӯз дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот ба қайд гирифта мешавад. Рӯзҳои боронӣ ва шиддат гирифтани жола, асосан, дар  минтақаҳои тобеи марказ, доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ва Суғд мушоҳида мегардад.
Ба иттилои манбаъ, ба амал омадани чунин боришот дар моҳи май ин ҳолати муқаррарӣ буда, солҳои пеш низ боридани боронҳои шиддатнок мушоҳида шуданд. Чунин вазъи боду ҳаво дар моҳи май аз ҳисоби ба кишвар пай дар пай ҳаракат кардани ҳавои муътадил, гарм ва намнок аз минтақаи уқёнуси Атлантика, баҳри Миёназамин, қисми ҷанубии баҳри Хазар ва як қисми баҳри Сиёҳ  мебошад.  Албатта, баъзе ҳолатҳо мешаванд, ки  анбуҳи ҳаво самти ҳаракати худро тағйир дода, аз ин ҳисоб, масалан, дар як қисми Туркманистон ва қисми ҷанубии Ӯзбекистон камтар боришот ба амал меояд. Вале дар кишвари мо, бинобар сабаби минтақаи баландкӯҳ будани он, ҳаракати анбуҳи ҳаво иқлимро тағйир дода, боришот мешавад. Бинобар ин, дар Осиёи Марказӣ боридани боронҳои шадид, асосан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ мепайванданд. 
Боридани боронҳои зиёд, албатта, боиси сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла селфароӣ, мегардад. Инчунин, дар қисми зиёди минтақаҳо, ки дар онҳо боришот зиёд шуда истодааст, баландшавии сатҳи оби дарёҳо ба назар мерасад. Албатта, боридани борон барои нашъунамои зироат фоидаовар мебошад, аммо аз меъёр зиёди он низ таъсири манфӣ мерасонад. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 29.05.2024 №: 100
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив