ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ. САРМОЯГУЗОРӢ ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ СОҲАРО БЕҲТАР МЕКУНАД

САЙЁҲӢ. САРМОЯГУЗОРӢ ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ СОҲАРО БЕҲТАР МЕКУНАД

31 май 2024, Ҷумъа
23
0
Имрӯзҳо сайёҳӣ яке аз соҳаҳои зудинкишофёбанда ва афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори он аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб меёбад.  
 
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо қуллаҳои баланд, пиряхҳои азим, табиати зебову нодир ҳамасола ҳазорҳо сайёҳонро ҷалб менамояд, вале барои меҳмондориву дар сатҳи муносиб расондани хизмат ба онҳо инфрасохтори ҷавобгӯи замон лозим меояд. Дар робита ба ин, тарғиби иқтидори сайёҳии кишвар, ташаккули инфрасохтори муосири сайёҳӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон зери таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳоли имрӯз шумораи субъектҳои сайёҳӣ, ки ба инкишофи саноати сайёҳӣ ва бунёди инфрасохтори ба он алоқаманд машғуланд, босуръат меафзоянд. Тавре аз маълумоти пешниҳоднамудаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, то охири соли 2023 дар кишвар  306 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ва 224 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ шароити баробар фароҳам оварда,  имтиёзу сабукиҳои зиёде муқаррар кардааст. Албатта, ин имтиёзу сабукиҳо ҷиҳати ҳавасмандии соҳибкорон таҳаввулоте ба миён овард, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасттарин меҳмонхонаву марказҳои хизматрасонӣ бунёд ёфтанд, вале барои рушди сайёҳӣ маблағузории ҳадафмандона ва ҷалби сармояи хориҷӣ ногузир мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо дар соҳаи сайёҳӣ ду лоиҳаи сармоягузории хориҷӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Дар ин хусус Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни ҷаласаи нуҳуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, чунин изҳори назар намуд: «Сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати  рушди соҳаи сайёҳӣ лоиҳаҳо мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузориии Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳияи корҳои омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳои сармоягузории соҳа амалӣ мегардад. Дар соли 2023 озмуни ширкатҳои машваратӣ ҷиҳати таҳияи нақшаҳои генералии сайёҳии ду минтақа – шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он ва Панҷакенту минтақаи кӯҳҳои Фон ба анҷом расида, бо ширкатҳои дахлдор қарордодҳо ба имзо расонда шуданд. Тибқи нақша, то моҳи сентябри соли 2024 нақшаҳои генералии сайёҳии зикргардида таҳия ва пешниҳод мешаванд. Дар доираи ин нақшаҳои генералии сайёҳӣ, таҳияи чор лоиҳаи сармоягузорӣ  дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои оянда пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин, лоиҳаи рушди иқтисодиёти деҳот аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши 30 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ гардид, ки 15,7 миллион доллари он барои рушди сайёҳӣ равона гардидааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор дошта, дар доираи он рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи муосир расондани мавзеи таърихию табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, Қалъаи Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд, утоқҳои қабули сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғон ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ, амалӣ карда мешавад». Гузашта аз ин, мувофиқи маълумоти сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз 11 лоиҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ворид намудан ба феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар ҳамин ҳол, дар харитаи сармоягузории сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳашт лоиҳаи вобаста ба сайёҳӣ гузошта шудааст, ки инҳо сохтмони пойгоҳҳои сайёҳии «Бозори Вору» ва  «Рӯи Об»,  пойгоҳи сайёҳии кӯҳнавардии «Артуч», маҷмааи сайёҳии ҶДММ «Сафедоб Тур», сохтмон ва навсозии маҷмааи сайёҳии «Гулобод», маркази сайёҳии «Ҳакимӣ», сохтмони пойгоҳи сайёҳӣ дар ВМКБ, сохтмони меҳмонхонаи «Дараи гургон» дар вилояти Хатлон мебошанд. Дар сурати сармоягузор пайдо кардани ин лоиҳаҳо бозори сайёҳии кишвар боз ҳам ҷолибтар мегардад. Вале ин басанда нест. Кӯшиши бештар дар ин бахш аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари ИМА сармоягузорӣ менамоянд, раводиди бисёркаратаи панҷсола ва барои содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола пешбинӣ намудааст.
Албатта, сармоягузорӣ ба иншооти сайёҳӣ имкониятҳои сайёҳии кишварро беҳтар гардонда, саҳмгузорӣ ба рушди иқтисодро аз ҳисоби даромади андоз ба буҷет, вориди асъори хориҷӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи мероси фарҳангиву табиӣ афзун менамояд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.05.2024 №: 101-102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив