ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАНҒАРА.  ВАҚТЕ КИ РАИСИ НОҲИЯ БА МАТБУОТ ТАВАҶҶУҲ ДОРАД…

ДАНҒАРА.  ВАҚТЕ КИ РАИСИ НОҲИЯ БА МАТБУОТ ТАВАҶҶУҲ ДОРАД…

15 март 2023, Чоршанбе
39
0

 
Дар доираи таҷлили 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин аз шароити кории кормандони нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  – «Симои Данғара» ва ҳолати чопхонаи нашрия дидан кард.
Ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки нашрияи «Симои Данғара» аз соли 1935 инҷониб нашр гардида, айни ҳол дар бинои почтаи ноҳия ҷойгир аст. Гуфта шуд, ки барои ба талаботи замони муосир мутобиқ намудан ва шароити кории кормандон нашрия ба утоқҳои алоҳидаи корӣ ва таҷҳизоти муосир ниёз дорад. Зеро бинои ҳозираи корӣ аз муҳлати истифода баромада, дар фасли сармо боми он мечакад. Инчунин, дастгоҳҳои чопии нашрия низ, ки мерос аз шуравӣ мондаанд, чанд сол аст, аз фаъолият бозмондаанд. Бо вуҷуду чунин шароит феълан нашрия ҳафтае як маротиба дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ва ё шаҳри Душанбе чоп мешавад, ки хароҷот ва вақти зиёдро талаб мекунад. 
Раиси ноҳия баъди шиносоӣ бо шароити кории кормандон иброз дошт, ки дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35 – солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашрияи ноҳиявӣ бо бинои нав ва таҷҳизоти муосири корӣ таъмин хоҳад шуд.
Сармуҳаррири нашрия Гурез Ҳасанов ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки муассиси нашрия мебошад ва таваҷҷуҳи хоссаи раиси ноҳия ба матбуот, бо эътимод метавон гуфт, ки дар оянда самаранокии кор низ, бештар хоҳад гашт.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.03.2023 №: 55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив