ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ.  ДАР ХАТЛОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ОМОДАГӢ ДИДАНД

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ.  ДАР ХАТЛОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ОМОДАГӢ ДИДАНД

15 март 2023, Чоршанбе
24
0

Дар доираи татбиқи қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тасдиқи нақшаи пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода дар мавсими зимистону баҳори солҳои 2022 – 2023” бо ҷалби қувва ва воситаҳои низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқҳои ғайринақшавӣ ва чорабиниҳои мақсаднок баргузор гардиданд. 

Дар ин замина бо ташаббуси раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Чунончи, аз 28 феврал то 2 марти соли 2023 дар тамоми ташкилоту идораҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби коргарону сокинони маҳаллаҳо, 112 нақлиёти боркаш, 50 экскаватор ва дигар нақлиёти махсус ҷиҳати пешгирии хисорот аз офатҳои табиӣ ҳашарҳои дастаҷамъона доир карда шуданд. Тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо дар масоҳати зиёда 26 километр, селпартову каналҳо ба масоҳати беш аз 15 километр, сангфарш намудани роҳҳо ба дарозии 4 километру 730 метр, шинондани 5967 ниҳол ва кашондани партовҳо аз ҷумлаи корҳои анҷомшуда дар доираи иҷрои қарори мазкур буданд.
Ҳадаф аз гузарондани чорабинии мазкур пешгирии офатҳои табиӣ аз қабили омадани сел, ҳифзи шаҳрвандон, ҳайвоноту наботот, паҳн нагардидани касалиҳои гуногуни сирояткунанда ва тозаю обод намудани ҳар як гӯшаи Ватани азиз мебошад.  

Муродҷон МУЙДИНОВ, 
сардори бахши кор бо ҷомеаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

Санаи нашр: 14.03.2023 №: 55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив