ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ.  ДАР «ХАТЛОН» ШАРОИТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ БЕҲТАР ГАРДИДААСТ

КӮЛОБ.  ДАР «ХАТЛОН» ШАРОИТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ БЕҲТАР ГАРДИДААСТ

15 март 2023, Чоршанбе
34
0

Табиист, ки КВД меҳмонхонаи овозадори «Хатлон» аз бетаваҷҷуҳии масъулон рӯ  ба харобӣ оварда буд. Рахтҳои хоб ва телевизорҳо аз солҳои пеш боқӣ монда, истифодаашон ғайриимкон буданд. Айни замон шароит ва хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи мазкур баҳри қабули меҳмонони дохилию хориҷӣ беҳтар гардидааст. 

Муҳаммадҷон Хоҷазода, директори муассисаи фавқуззикр, дар суҳбат гуфт, ки бо дастгирии роҳбарияти шаҳр ва маблағҳои худӣ ҳуҷраҳоро таъмири ҷорӣ кардем. Ба гуфтаи масъулон, катҳои фарсударо ба нав иваз намуда, дар ҳуҷраҳо телевизионҳои  замонавӣ насб намудаанд.
Тибқи иттилои мутасаддиён, соли гузашта онҳо ба бештар аз 1000 меҳмон, аз ҷумла 150 меҳмони хориҷӣ, хизмат расондаанд. Дар меҳмонхонаи мазкур 74 ҳуҷра мавҷуд буда, 17-тоаш  мавриди истифода қарор дошта,  8  ҳуҷраи дигар  дар ҳоли тармим аст.
– Соли рафта бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб шароити меҳмонхонаи мо беҳтар гардид. Камина чанд моҳ пеш ба ҳайси директори ин муассиса таъин гардидам. Мо худмаблағгузор ҳастем. Соли қаблӣ ҳамагӣ 6 корманд доштем, айни замон бошад, шумораи онҳо ба  11  расидааст. Маоши кормандон сари вақт пардохт  мешавад ва то кунун қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад. Мо саъй мекунем, ки хизматрасониро баҳри меҳмонон боз ҳам беҳтару хубтар намоем, – зикр дошт М. Хоҷазода директори муассисаи болозикр. 

Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.03.2023 №: 55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив