ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Гутерриш: «12 моҳи гузашта гармтарин дар таърих буд»

Гутерриш: «12 моҳи гузашта гармтарин дар таърих буд»

06 июн 2024, Панҷшанбе
16
0
Мир24. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш  гуфт, ки соли гузашта   гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳо сабт гардид.  
«Ин, аллакай, 12 моҳи пай дар пай гармтарин дар таърих буд. Дар як соли охир ҳар моҳро  ҳарорати баланди ҳаво ҳамроҳӣ мекард”, – иброз дошт  Гутерриш. Ба гуфтаи ӯ, бо гузашти тақрибан 10 сол аз имзои Созишномаи Париж, ки ҳадафаш маҳдуд кардани ҳарорати  ҳаво то 1,5 дараҷа гармтар буд, шояд иҷро нашавад. Котиби генералӣ зикр кард, ки то соли 2030 болоравии ҳарорати ҳаво аз ҳисоби афзоиши назарраси партовҳо ба атмосфера боқӣ хоҳад монд.
Тағйирёбии иқлим бошад боиси 26 рӯзи гарми иловагӣ дар як сол гардид. Дар ҳамин ҳол, 6,8 миллиард нафар (78 дарсади аҳолии ҷаҳон) ҳадди ақал 31 рӯз гармои шадидро аз сар гузарондааст.
 
 
 
Ифтитоҳи  27-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург  
Синхуа. 27-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург рӯзи чаҳоршанбе дар маркази намоишгоҳи «Экспофорум» дар Санкт-Петербург ифтитоҳ ёфт. 
Имсол Форум аз 5 то 8-уми июн баргузор мешавад. Мавзуи асосии он "Асоси ҷаҳони бисёрқутбӣ – ташаккули нуқтаҳои нави афзоиш" мебошад. Тавре Президенти Россия   Владимир Путин қаблан зикр карда буд, аҳамияти ин мавзуъ аз он иборат аст, ки қисми афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдори бунёди низоми одилона ва демократии муносибатҳои байналмилалӣ бар асоси принсипҳои баробарии ҳақиқӣ, баррасии манфиатҳои қонунии ҳамдигар, эҳтиром ба гуногунии маданию тамаддуни давлатҳо ва халқҳо мебошад. Интизор меравад, ки В.Путин чун анъана дар ҷаласаи пленарии Форум  7-уми июн сухан хоҳад кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Форум, иштироки 18 ҳазору 600 нафар аз 139 кишвару қаламрав тасдиқ шудааст.
 
 
 
Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи «энергетикаи сабз» ҳамкорӣ мекунанд
SNG. TODAY. Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон, бо ҳамраиси Шурои соҳибкорони Ӯзбекистону Арабистони Саудӣ, раиси раёсати ширкати ACWA Power Муҳаммад Абунаян мулоқоти расмӣ анҷом дод. 
Тавре Сарвари давлат зикр намуд, ширкат ба рушди «энергетикаи сабз» дар кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад.  Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкориҳои амалӣ бо ширкатҳои Арабистони Саудӣ ва рафти иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ карданд. Мирзиёев гуфт, ки Ӯзбекистон бо ACWA Power  муддати тулонист ҳамкорӣ дорад  ва ба самаранокии ин шарикӣ ишора намуд. 
Дар рафти вохӯрӣ зикр шуд, ки  айни замон маҷмуи лоиҳаҳои амалкунанда ва ояндадор, аллакай, аз 17 миллиард сӯми ӯзбекӣ гузашт. Шавкат Мирзиёев зарурати ҳамкориҳои судманд бо ACWA Power   ва ҷалби дигар ширкатҳои Арабистони Саудиро ба Ӯзбекистон таъкид кард. 
 
 
 
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Lenta.ru. Ба иттилои Чжан Мин, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай,  Беларус дар нишасти Созмон, ки  моҳи июл дар Остона    баргузор мегардад, ба СҲШ шомил мешавад. 
 
 
Eur Asia Daily. Дар Иттиҳоди  Аврупо интихобот ба Парлумони Аврупо   имрӯз оғоз шуда, то 9-уми июн  идома хоҳад ёфт. Зиёда аз 370 миллион шаҳрвандони Аврупо дар 27 кишвари Иттиҳоди  Аврупо ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд. Онҳо 720 вакили Парлумони Аврупоро интихоб мекунанд.
 
 
Синхуа. Вазири корҳои хориҷии Миср Сомеҳ Шукрӣ рӯзи чаҳоршанбе бо Алӣ Боқирӣ Канӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Миср гуфта мешавад: "Ҳар ду вазир  дар бораи аҳамияти пешбурди роҳи рушди равобити дуҷониба ба хотири таъмини ҳалли ҳама масъалаҳои ҳалношуда дар ҷараёни омодагӣ ба барқарории равобити муътадил ба мувофиқа расид."
 
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив