ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 50 СОЛ БО РӮЗНОМАИ № 1

50 СОЛ БО РӮЗНОМАИ № 1

06 июн 2024, Панҷшанбе
18
0
 
Панҷову ҳашт сол аст, ки дар кори матбуотам, бо килку коғаз сари кор дорам. Ягон касбу ҳунари дигар диламро сӯйи худ кашида натавонист. Ман донистаму қалам. Хома меҳрамро ба матбуот афзуду афзуд. Матбуот ҷузъи муҳими зиндагиам гардид. Ҳоло ҳам ин муқаддасотро аз даст надодаам, дар нашрияи “Набзи Файзобод” кор мекунам, ки аз соли 1933 бо номи “Меҳнати сотсиалистӣ” чоп мешуд. Соли 1970 “Меҳнати коммунистӣ” ном гирифт. Ману Раҷабалӣ Аҳмад, ки аз “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”-и имрӯза) омада буд ва устод Мирзо Файзалӣ (руҳаш шод бод) шумораи аввалини “Меҳнати коммунистӣ”-ро ба нашр омода сохтем. Соли 1990 ба “Набзи Файзобод” табдил ёфт. Ҳар ҳафта се маротиба аз чоп мебаромад. Ҳоло дар як моҳ боре. Афсӯс! Дар Тоҷикистон ғайр аз “Ҷумҳурият” дигар ҳама рӯзномаҳо ба “ҳафтанома”-ю “моҳнома”-ю “гоҳнома” табдил ёфтаанд. Дар Тоҷикистон ягона рӯзнома “Ҷумҳурият” аст, ки пастию баландиҳои ҳаёти ҷомеаро ҳамарӯза инъикос мекунад... 
Аз соли 1970, аз вақти ба рӯзномаи ноҳияи Файзобод ба кор омадан, бо “Ҷумҳурият”- и имрӯза, “Тоҷикистони советӣ”-и пешин ҳамкорӣ дорам. Аз матолиби дар ин рӯзнома чопкарда “китоби ғафс”- е сохтаам. Гоҳо ин “китоб”-ро варақ зада, ифтихор мекунам, ки навиштаҳоям дар соҳибмақомтарин рӯзномаи кишвар чоп шудаанд. Ҳаққи қаламе, ки аз ин газета мегирифтаму мегирам, баракати дигар дорад. 
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” садсолагиашро ҷашн мегирад. Ин таърих аз рӯзи нашри нахустшумораи “Иди тоҷик” ва “Бедории тоҷик” ҳисобида шудааст. Дар ин бобат “Ҷумҳурият” матолиби ҷолиб нашр мекунад. Онҳоро хонда, ба худ гуфтам: “Ман, ки ба таърихи панҷоҳсолаи дуюми ин ҷарида пайвастам, чаро чанд сатре нанависам?”.
Солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри ХХ давраи авҷи қалами эҷодии банда буд. Дар “Маориф ва маданият”, “Комсомоли Тоҷикистон” (“Ҷавонони Тоҷикистон”), “Пионери Тоҷикистон” (“Анбоз”), маҷаллаи “Хорпуштак” килки эҷодам мудом ҷило медод. Ба “Тоҷикистони советӣ” бештар мавод мефиристодам. Теша Раҷаб, мудири шуъбаи ҳаёти ҳизбӣ, мефармуд, ки аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, коммунистони авангард мақола нависам, рафти маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ҳизбро инъикос намоям. Мамадвафо Мамадризоев, мудири шуъбаи сохтмону саноат, маводи маро дар бораи бунёдгарони Неругоҳи барқи обии “Роғун” хуш қабул менамуд. Ҳини сармуҳарририи Мазҳабшо Муҳаббатшоев, руҳаш шод бод, ба ҳузураш рафта, маслиҳат мегирифтам. “Қиссаҳои Абдувалию Абдуалӣ”-ро бо тавсияи ҳаҷвнигори асил Имомназар Холназар, ки котиби масъули “Тоҷикистони советӣ” буд, дар “Адабиёт ва санъат” чоп кардам. Устод Саъдулло Асадуллоев тавсияҳои муфид медод. Наҷмиддин Азизов ҳам  хеле сол котиби масъули рӯзнома буд. Навиштаҳои бандаро таъриф мекард. Аз Борис Шакаров ҳам ёдҳои хуб дорам. Сармуҳаррир  Нур Табаров маро ба ҳузураш пазируфта, аз он ки матолиби проблемавии таҳлилӣ менавиштам, руҳбаланд менамуд,  ҳавасманд мекард. 
Ҳамон солҳо таҳти унвони “Проблема ва мулоҳиза” ҳашт мақола, аз ҷумла дар хусуси аҳамияти боғҳои интенсивӣ, зинабоғҳои чормағз дар теппакӯҳҳо; масъалаи васеъ кардани тутзорҳо ҳамчун манбаи афзоиши пилла; бо мақсади аз навбати подаравӣ озод кардани хонандаҳои мактаб “Кӣ подабон мешавад?”-ро манзур кардам. Ба маврид аст гӯям, ки соли 1979 бо пешниҳоди панҷ матолиби таҳлилии дар ҳамин рӯзнома чопкарда маро ба узвияти Иттифоқи журналистони СССР (пеш ҳамин тавр буд) қабул намуданд. Ҷашни 100-солагии “Ҷумҳурият” воқеаи бузурги таърихист. Он аз “Иди тоҷик” сарчашма гирифта, вобаста ба тақозои давру замон “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони сурх”, “Тоҷикистони советӣ” ва ахиран “Ҷумҳурият” унвон гирифт. Рӯзнома аз ибтидо ба тарбияи маънавии мардум камар баста, забону фарҳангу тамаддуни моро тарғиб намуда, манфиатҳои миллиро ҳифзу ҳимоя мекунад. Рисолати азалии он дар даврони соҳибистиқлолӣ майдони васеъ гирифтааст. Муҳимтарин мавзуъҳои ҷомеа бо пешниҳоди муфиду ҷолиб дар “Ҷумҳурият” акс меёбанд, ба ифодаи куҳнанашавандаи аллома Бобоҷон Ғафуров: “Газета на танҳо ташкилотчӣ ва пропагандисти коллективӣ, балки макони ҳақиқии тайёрии кадрҳои партиявӣ, журналистӣ, адабӣ, маданӣ ва илмӣ аст”.
Имрӯз ҳам “Ҷумҳурият” ҳамин рисолати худро содиқона ба ҷой меорад.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, Корманди шоистаи Тоҷикистон         
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив