ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮШОН. ТАВАҶҶУҲ БА ТАШКИЛИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

РӮШОН. ТАВАҶҶУҲ БА ТАШКИЛИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

06 июн 2024, Панҷшанбе
10
0
 
Тавре мудири бахши иқтисод, савдо ва мониторинги ноҳияи Рӯшон Наҷиба Баҳромова иттилоъ дод, дар доираи  иҷрои ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат, дар ноҳияи Рӯшон ба рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла қолинбофӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, рӯ оварданд.
Мувофиқи нақша-чорабиниҳои  Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия  бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар чор  моҳи аввали соли ҷорӣ 3 корхонаи нави саноатӣ: ҶДММ “Амоч”, ҶДММ “Надим”, ҶДММ “Санобод-сохтмон”, толори варзишӣ дар деҳаи Вамд, нуқтаи фурӯши маҳсулоти кишоварзии  “Гӯшаи деҳқон” ва коргоҳи қаннодӣ дар маркази ноҳия ба истифода дода шуданд.
Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) эҳёи ҳунарҳои маҳаллӣ, мисли палосбофӣ, ҷӯроббофӣ, муҳрабофӣ, созтарошӣ, тайёр намудани маҳсулоти оҳангарӣ   ривоҷ ёфта,  сокинони деҳот бо ин роҳ дар ғанигардонии буҷети оилавиашон саҳм мегузоранд.
Дар деҳаи Нисури водии Бартанг  палосбофӣ рушд карда, дар деҳаи Басид коргоҳи ҷӯроббофӣ ва коркарди пашм фаъолият мекунад. Дар деҳаҳои Пастхуф, Хуф, Барзуд, Баррӯшон косибон ба тайёркунии асбобу олоти оҳангарӣ машғуланд.
Теъдоди муайяни бонувон касби ҷӯроббофии анъанавиро давом дода, муҳрабофӣ ва тоқидӯзӣ низ қариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот  мавқеи хосаро касб мекунад.
Дар ноҳия  айни ҳол 11 коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият мекунад. Мутаассифона, коргоҳи хурди саноатии  ҶДММ “Помир-асри 21”, ки ба  истеҳсоли обҳои минералӣ  махсус гардонда шудааст, бо сабаби сари вақт дастрас нагардидани қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоташ айни ҳол фаъолият намекунад. Дар мавриди фаъол намудани кори он нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. 
Мудири бахши иқтисод, савдо ва мониторинги ноҳия Наҷиба Баҳромова зикр кард, ки  дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ  корхонаҳо, коргоҳҳо ва нуқтаҳои саноатии ноҳия ба маблағи  бештар аз 1,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол  ва хизматрасонӣ кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  қариб 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Тайи солҳои охир шумораи нуқта, коргоҳ ва корхонаҳои саноатӣ меафзояд. Айни замон дар ноҳия 55 корхона ва коргоҳҳои ба таври расмӣ бақайдгирифташуда мавҷуд аст.
– Рӯшон минтақаи  кӯҳӣ буда, аз  ашёи минералии  металлӣ (оҳан, тилло, молибден, никел) ва ғайриметаллӣ (кварс, ҷамаст, пахтасанг, беҷода, йашм, оҳаксанг, асбест, гаҷ)  бой мебошад.  Ташкили корхонаи  муштарак дар заминаи кони «Икар» ва сохтмони корхона оид ба  истихроҷи тилло дар заминаи кони «Баҷу» метавонад дар самти истихроҷу коркарди ашёи маҳаллӣ ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ гузорад, –  афзуд Наҷиба Баҳромова.
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив