ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АШТ.  СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ТАРИҚИ ҲАШАР

АШТ.  СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ТАРИҚИ ҲАШАР

15 март 2023, Чоршанбе
70
0

Бисёр деҳаҳои кӯҳистони ноҳияи Ашт ҳамасола  дар фасли баҳор аз бориши аз меъёр зиёду омадани сел хисороти ҷиддии моддиву молӣ мебинанд. Бар асари сел манзили мардуми русто зарар дидаву дарахтони зиёду  симчӯбҳои хатти барқ, даҳҳо пулу нуқтаҳои инфрасохтори хизматрасонӣ ба коми сел рафта, роҳҳо харобу муддате ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ қатъ мешавад. Чӣ мебояд, ки  илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гирифта шавад? 

Дар ду соли охир ҷиҳати пешгирӣ аз ин офати табиӣ  бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва ҷалби оммаи сокинон тариқи ҳашар  корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  доир мешаванд. Ин амал боис ба он шуд, ки хисороти офати табиӣ камтар гашта, роҳҳои мошингард дигар зарар намебинанд. Акнун чун солҳои қаблӣ  ҳашар танҳо  баъди омадани селу бориши борон не, балки қаблан бо нишондоди мутахассисони соҳаи роҳсозӣ ва истифодаи миқдори зарурии масолеҳи  таъмири роҳ, ки мақомоти маҳаллӣ ҷудо мекунад, сурат мегирад. 
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷараёни корҳои соҳилбандӣ дар чанд мавзеъ дидан карда, ҷиҳати дар сатҳи мустаҳкам ба ҷо овардани корҳо ва, ҳамзамон,  сабзазор кардану шинондани ниҳолҳои сояафкан дар қад-қадди роҳҳои мошингарди деҳа маслиҳатҳои муфид дод.
– Имрӯз бояд ҳар як сокини бонангу номуси ноҳия иқдомҳои ободкории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, диёри хешро боз ҳам обод созанд, – гуфт раиси ноҳия.
Яке аз мавзеъҳое, ки  ҳамасола  мавриди “ҳамла”-и сахти селу борон қарор мегирад,  ин Ҷамоати деҳоти Ашт аст. Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳ ба ин ҷо зиёдтар мебошад. Ҳоло бо иштироки фаъолони деҳот соҳили рости рӯди Ашт дар масоҳати зиёда аз 4 километр пурра бетонкорӣ шуда,  кор идома дорад.  Баҳри пешгирии офатҳои табиӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони саховатпеша тамоми тадбирҳо андешида шуда, корҳои соҳилбандӣ дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт, ҷараён доранд.  Дар корҳои соҳилбандӣ 12 гурӯҳи кории ҳашарчиён ва сохтмончиёни соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ, ки беш аз 60-70-нафариро ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. Акнун  ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат корҳои соҳилбандӣ тариқи ҳашар дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда мешаванд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.03.2023 №: 55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив