ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ. МАНБАИ МУҲИМИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ. МАНБАИ МУҲИМИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

06 июн 2024, Панҷшанбе
34
0
 
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд яке аз марказҳои соҳибнеруи омодасозии кадрҳои техникӣ ба шумор меравад, ки мутахассисони хатмкардаи он тули солҳои дароз дар тамоми ҷанбаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ содиқона хизмат мекунанд.
 
Зикр бояд кард, ки дар давоми даҳ соли охир дар тамоми баромадҳо ва Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаи маориф, таҳсилоти босифати ҷавонон таъкид менамоянд, ки ба кадрҳои техникӣ ва омодакунии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Барои ба кишвари пешрафта ва дорои иқтисодиёти неруманд табдил додани Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ пеш гузошта шуда, тақозои фаъолияти содиқонаи кадрҳои техникиро доранд, ки то имрӯз дар ин самт ва татбиқи ин ҳадафҳо кадрҳои ватанӣ софдилона фаъолият менамоянд.
Сиёсати омодасозии кадрҳо дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ба пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат амал менамояд, ки ба самти таъмини тамоми соҳаҳои системаи хоҷагии халқ бо кадрҳои техникӣ ва технологӣ нигаронда шудааст.
Бо назардошти он ки вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози  саноатӣ пешрафтаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва беш аз 60 фоизи корхонаҳои саноатӣ дар ин минтақа қарор доранд, ки саҳми ин корхонаҳо дар истеҳсоли маҳсулоти умумии минтақа низ тақрибан ҳамин миқдорро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, мавҷудияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва омода намудани кадрҳои муҳандисӣ дар ин даргоҳи олии касбу ҳунар амри зарурист.
Ин аст, ки хатмкардагони зиёди ин даргоҳи олии маърифату касб дар тамоми ҷанбаҳои ҳаётан муҳими ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ҳамаи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ – 29 ихтисоси бакалавриат (5 ихтисос бо таҳсилоти фосилавӣ ва 18 ихтисос ҳамчун таҳсилоти дуюм), 18 ихтисоси магистратура, 9 ихтисоси докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии касбӣ иҷозатнома дошта, ҳамасола ба ҳисоби миёна 850-900 нафар муҳандис, иқтисодчӣ ва технологи салоҳиятнокии касбиашон баландро тайёр мекунад.
Дар 4 факултети Донишкада теъдоди донишҷӯёну магистрантон ва докторантон 3177 нафар буда, ба онҳо 160 нафар омӯзгор дарс медиҳад. Ҳиссаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта – 47,1 дарсад аст, ки ба меъёри муайяншудаи донишкадаҳо (35%)  мувофиқат мекунад. 
Дар соли хониши 2023-2024-ум 9 нафар устод дар риштаҳои иқтисод, молия ва қарз, технологияи маҳсулоти хӯрока, технологияи саноати сабук ва нассоҷӣ, таъмини барқ ва автоматика рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд, ки ин миқдор нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 6 нафар зиёд мебошад. 
Маркази тестии Донишкада аз соли 2010 аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз рӯйи ҳамаи фанҳои ҳатмии тамоми ихтисосҳо имтиҳоноти марказонидашудаи аз омӯзгорони дарсдиҳанда новобастаро бо истифодаи технологияҳо ва таҷҳизоти телекоммуникатсиониву компютерӣ ташкил кард ва ин имкон дод, ки натиҷаҳои ниҳоии ҳар як фан зери назорати сифатӣ гирифта шаванд.
Донишкада аввалин шуда дар ҷумҳурӣ барои таҳсилоти фосилавӣ иҷозатнома гирифт ва барои васеъ кардани он воҳиди сохтории махсуси маркази таҳсилоти фосилавиро ташкил кард. Алҳол тариқи таҳсилоти фосилавиро зиёд аз 320 нафар аз рӯи 6 ихтисос таҳсили илм дорад, ки аксарият берун аз кишвар ҳастанд.
Соли панҷум аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо иқдоми раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ярмарка таҳти унвони «Интихоби мутахассисони арзанда» доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур нишон додани самараи фаъолияти маркази мартабаи Донишкада ва робитаи онҳо бо корхонаву ташкилотҳо, ҳамчунин, таъмини корхонаҳо бо мутахассисони арзанда аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкада маҳсуб меёбад.
Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 45 коргоҳу ширкатҳо, аз ҷумла ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Кедр», «Суғдшаҳрофар», «Равзана пласт», «Еврострой», «ПМК-15»,  коргоҳҳои истеҳсолии «Дӯсти Амирхон», «САТН», «Хлебокомбинат», «Фаровон», «Файзи Расул», «Зерновая компания», «Зода», «Яхмоси 33», «Ҷавонӣ», «САТН», «Роҳи абрешим», Ҷамъияти саҳомии «Сорбон», «Барқи тоҷик», «НБО Қайроққум», бонкҳои «Эсхата», «Матин», «Имон-интернешнл», «Арванд», «Спитаменбонк», ширкат дошта, беш аз 120 хатмкунандаро ба кор ҷалб намуданд.
Дар Донишкада аз рӯи 14 мавзуи илмии ба 6 самти илмӣ вобаста корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронда мешаванд.
Дар доираи таҳқиқоти илмӣ дар кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва забоншиносии компютерӣ бо мақсади пешбурди Стратегияи давлатии рушди технологияҳои иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии созандаи академики АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Усмонов Зафар Ҷӯраевич натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Як гурӯҳи олимони соҳа н.и.ф.м., дотсент, Х.Т. Мақсудов, н.и.ф.м., О.М.Солиев, н.и.ф.м., дотсент, Х.А.Худойбердиев, н.и.т. Г.М. Довудов, кормандони илмӣ А.А. Назаров, Ш.Н. Ашӯрова, П.А. Солиев ва М.И. Тӯрахонов бо ҷидду ҷаҳди зиёд фаъолият бурда, ба дастовардҳои зиёд ноил шуданд: луғатҳои бисёрзабони компютерӣ, тезауруси компютерии забони тоҷикӣ, тафтиши худкори имло дар матн бо забони тоҷикӣ, синтез ва шинохти овоз, мубодилаи ҳарфҳо (транслитератсия) аз алифбои кириллии забони русӣ ва алифбои лотинии забони англисӣ ба алифбои кириллии забони тоҷикӣ, таҳқиқи тарҷумаи мошинии матн дар забони тоҷикӣ, ташкил ва истифодаи захираи параллелии матн ва истифодаи он дар раванди тарҷума, масъалаи шинохти муаллифи матн бо забони тоҷикӣ дар асоси басомади вохӯрии ҳиҷо.
Дар доираи иҷрои лоиҳа коркарди амсилаҳои математикии нав оид ба унсурҳои матн (ҳарф, ҳиҷо, калима, ибора, ҷумла) ба назар гирифта шудааст. Алгоритмҳо ва маҷмуи барномаҳо барои таҳлили худкор ва муайян сохтани мазмуни матн (Data Mining)  бо забони тоҷикӣ коркард мешаванд. 
Дар умум, аз тарафи кормандон 78 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, 5 монографияи илмӣ, 29 шаҳодатномаи маҳсулоти зеҳнӣ ва захираи иттилоотӣ ба даст оварда шудааст. Илова бар ин, якчанд модулҳои барномавӣ бо ҳамкорӣ бо ширкати ҷаҳонии MicroSoft дар амал татбиқ карда шуданд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар шабакаи интернетӣ дар суроғаи www.tajlingvo.tj дастрас мебошанд.
Боиси ифтихор аст, ки соли гузашта 12 нафар донишҷӯи Донишкада дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Илм - фурӯғи маърифат”, ки дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуд. Санаи 28-уми октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Хушбахтона донишҷӯёни Донишкада Манучеҳр Абдураупов дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи якум гардид, Амонҷон Файзиев ва Сиёвуш Бобоев дар номинатсияҳои физика ва технологияи иттилоотӣ мақоми сеюмро ишғол намуданд. 5 нафари дигар бошад, барои иштироки фаъолона соҳиби Ифтихорномаи Озмун гардид.
Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯйи равияи “Технологияи иттилоотӣ”, бахшида ба солҳои 2020-2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф Манучеҳр Абдураупов  донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси 1-400101 ҷойи 2-юм ва аз рӯйи равияи физика Амонҷон Файзиев донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси1- 400101 мақоми 3-юмро ишғол намуд.
Соли сеюм аст, ки  донишҷӯёни Донишкада дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз», ки бо ташаббуси Кумитаи андоз ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон   аз рӯи ду  номинатсия - инфиродӣ ва гурӯҳӣ ғолибият ба даст меоранд. 
Соҳибҷон Ҳамдамов - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси “1-400101 - Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» аз рӯйи номинатсияи лоиҳаи инноватсионӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Донишкада бо 44 донишкадаву корхонаҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият дорад. Он дар доираи барномаҳои Tempus, Erasmus бо 24 донишгоҳи аврупоӣ ҳамкорӣ дошта, мундариҷаи таълимро нав ва технологияҳои муосири таълимро ҷорӣ кардааст. 
Натиҷаи ҷорикунии навгониҳо ва меҳнати самараноки омӯзгорону кормандон дар давоми солҳои охир ба он овардааст, ки Донишкада дар ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шинохта шудааст.
Саҳми Донишкада дар пешрафти саноати вилояти Суғд назаррас аст ва ҳамкории он бо корхонаҳои саноатии вилоят, ки дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи бештаре доранд, зич ба роҳ монда шудааст.
Дар оянда низ кишварамон дар симои хатмкардагони ин даргоҳи олӣ фарзандони бонангу номус, миллатдӯсту ватанпарвар, хизматгори халқу Ватан ва мутахассисони соҳибкасбро хоҳад дид ва бо боварии том тақдири ин ё он соҳаи хоҷагии халқро ба ин гуна ворисони барӯмандаш хоҳад супурд.67
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив