ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ МЕШАВАД

ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ МЕШАВАД

06 июн 2024, Панҷшанбе
78
0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9-уми марти соли равон бо изҳори нигаронӣ аз зиёдаравиҳо дар баргузории ҷашну маросим, дар таҳрири нав қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мувофиқи мақсад донистанд. Дар зимн, лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби масъулон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд.
Тавре аз иттилои нашрияи Маҷлиси Олии мамлакат «Садои мардум» бармеояд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шуда, барои даст кашидан аз урфу одатҳои бебунёд, расму оинҳои шахшудаву тааҷҷубовар, бахусус дар бахши тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими ҳаҷҷу умра, мусоидат менамояд. 
Дар лоиҳа мафҳуми «маросимҳо» ба «маросим», ки худ шакли ҷамъ аст, иваз ва мафҳуми «анъана» хориҷ гардидааст.  Инчунин, меъёрҳои марбут ба ҷашнҳои расмӣ такмил дода шуда, бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шудааст. Ҳамчунин, дар асоси моддаи 11 лоиҳаи Қонуни мазкур, муҳлати ба таври ройгон гузарондани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз 20 рӯз ба 1 моҳи баъд аз таваллуд тамдид ва меъёрҳои марбут ба хатнасури хайриявӣ хориҷ гардидаанд. 
Ғайр аз ин, тибқи моддаи 12 лоиҳаи ҳамин Қонун, гузарондани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, манъ мебошанд. Ба ҷойи додани зиёфат ба шаҳрвандон имкони сарф намудани маблағҳо барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо, пешниҳод мегардад. 
Тибқи таҷриба, шаҳрвандон ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ 4 автомашина истифода намоянд ҳам, ҳангоми гусели арӯсу домод муқаррароти мазкур дар баъзе ҳолатҳо вайрон мегардад. Аз ин рӯ, дар лоиҳа истифодаи на бештар аз 4 автомошинаи сабукрав ҳангоми гусели арӯсу домод пешбинӣ гардид. 
Гузашта аз ин, минбаъд сокинони кишвар метавонанд барои ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ тавассути электронӣ муроҷиат намоянд. 
Қобили зикр аст, ки солҳои охир шумораи умракунандагон афзуда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ҳангоми пешвози онҳо зиёдаравию исрофкорӣ мушоҳида мешавад. Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагонии ҷомеа ва ходимони дини кишвар таъкид намуданд, ки ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Лоиҳаи Қонуни мазкур ин рафтори шаҳрвандонро танзим намуда, онҳоро ба дигар корҳои хайр талқин менамояд. Чунончи, лоиҳаи Қонуни мазкур дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагонро пешбинӣ намудааст. Тақсими туҳфаҳо ва идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла, мошинҳоро низ манъ кардааст. Бар ивази ин, ба ҳоҷиён ва умракунандагон имкони анҷоми корҳои хайриявӣ, эҳсонкорӣ ба монанди таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё дигар иншоот пешниҳод шудааст. 
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин росто, воридот, фурӯш ва тарғиби либосҳои фарҳанги бегона, ҳамзамон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо низ, тибқи лоиҳаи ҳамин Қонун, иҷозат дода намешавад. 
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани фарҳангу маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардум равона гардидааст. Қабули он масъулият ва уҳдадориҳои мақомоти ваколатдор ва шаҳрвандонро тақвият бахшида, шинохти асолати фарҳангиро баланд мебардорад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.06.2024 №: 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив