ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «НАРОДНАЯ ГАЗЕТА» КИТОБИ НАВАШРО ДАР БОРАИ ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ РӮНАМОӢ КАРД

«НАРОДНАЯ ГАЗЕТА» КИТОБИ НАВАШРО ДАР БОРАИ ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ РӮНАМОӢ КАРД

15 март 2023, Чоршанбе
42
0

 
Дар маҷмааи «Шарқи озод» маросими рӯнамоии китоби дувуми «Народная газета» о народном Президенте ("Рӯзномаи мардумӣ" дар бораи Президенти мардумӣ) баргузор гардид. Иштирокдорон чопи китобро армуғони сазовор ба истиқболи 111-солагии матбуоти тоҷик ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ карданд.
Китоби дувуми «Народная газета» о народном Президенте давоми китоби аввал буда, дар мавриди хидматҳои бедареғи созандагиву бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл мекунад.
Дар сарсухани ин маҷмуа Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа менависад: «Дар ин китоб бори аввал тамоми суханрониҳои Сарвари давлат аз соли 2006 то соли 2010 ҷамъоварӣ гардиданд, ки дар саҳифаҳои Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Народная газета» чоп шудаанд. Тавассути он хонанда метавонад бо фаъолияти сиёсӣ, давлатсозӣ ва давлатмардии Президенти мамлакат ошно шавад ва иттилои муфид ба даст орад. Китоби мазкур аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки тартиби хронологии дақиқ дорад ва аз мутолиаи он равшан мегардад, ки Сарвари давлат чӣ гуна Тоҷикистони харобу валангорро аз буҳрони амиқи сиёсӣ берун оварданд ва дар ин роҳ то куҷо азхудгузаштагиҳо нишон доданд».
– Мо – аҳли қалами «Народная газета» кӯшиш ба харҷ додем, ки он ҳама корномаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва оянданигарии Роҳбари мамлакатро зери як ҷилд ҷамъ оварем. Мо хуб медонем, ки рушди Тоҷикистони навин ва тамаддуни он, балки сарнавишти ин миллат дар сӣ соли охир ба ному пайкори шоиставу наҷибонаи Пешвои миллат вобастагии амиқ дорад. Китобро барои доираҳои васеи илмиву сиёсӣ, донишҷӯёну магистрантҳо, хидматчиҳои давлатӣ ва зиёиён пешниҳод мекунем, – изҳор дошт Маҳбуба Камолова, муҳаррири масъули китоб ва сармуҳаррири «Народная газета». 
Ҳозирони маҳфили рӯнамоӣ ба як овоз таъкид намуданд, ки мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши амиқу ҳаматарафа ниёзманд аст. Аз ҷумла, гуфта шуд: «Чунин менамояд, ки дар бораи Президенти кишварамон бисёр чизҳоро медонем. Оид ба сафарҳои давлатию корӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ пайваста мехонему тавассути «оинаи нилгун» сафарҳояшро ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вохӯриҳояшонро бо аҳли заҳмату зиёиён мебинем; ӯ дар назди халқ тавре сухан меронад, ки шунавандаро ба ҳаяҷону андеша меорад ва ба корнамоиҳо ҳидоят месозад, ҳамзамон, дар дили мардум маъво мегирад». 
Китоби дувуми «Народная газета» о народном Президенте аз 1183 саҳифа иборат буда, аз аҳамияти баланди таърихӣ бархурдор аст. 
Ёдовар бояд шавем, ки «Народная газета» ҳамчун ҷаридаи русизабони матбуоти тоҷик таърихи қариб садсола дорад ва ҳоло ҳафтае як маротиба бо теъдоди 15 ҳазор нусха ба дасти хонанда мерасад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 14.03.2023 №: 55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив