ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ЗАН ВА ЗАМОН». БАРДОШТ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

«ЗАН ВА ЗАМОН». БАРДОШТ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

16 март 2023, Панҷшанбе
53
0


Таҳти чунин унвон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар он роҳбарияти Кумитаи мазкур, намояндагони вазорату идораҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
- Таҷлил намудани ҷашн-вораҳои сиёсию миллӣ дар сатҳи давлату ҳукумат, аз ҷумла Рӯзи матбуоти тоҷик, ин арҷгузории давлату Ҳукумати мамлакат ба қадру манзалати аҳли сухан, қалам ва эҷод мебошад. Имрӯз, ки фазои иттилоотӣ домани фарохро паҳн намудааст, дар ин раванд қаламкашон ҳамчун муборизони иттилоотӣ дар масири инъикоси воқеъбинонаи ташаббусу пешравиҳои давлату миллат мавқеи хосса доранд, - гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода,  раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.
Дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатӣ, ки Тоҷикистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронда, марҳилаи ниҳоят душвори таърихиро паси сар намуд, аҳли соҳаи табъу нашр, матбуот, садо ва симои кишвар, пеш аз ҳама, ҳамеша кӯшиш бар он доранд, ки тавассути каломи чопӣ ва расонаҳои хабарӣ моҳияту аҳамияти истиқлолияти бадастовардаро ба аҳли ҷомеа манзур намоянд. Ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандонро густариш дода, симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таърих, фарҳангу тамаддуни қадима, муҳимияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, захираҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро баҳри рушди бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҷаҳониён тавассути силсилашохаҳои васоити ахбори омма муаррифӣ намоянд.
Чуноне Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: "Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд". Аз ин рӯ, нашри муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навгониҳои тамоми соҳаҳо маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба ҷомеа пешниҳод мегардад. 
Дар ин замина, саҳми занону бонувоне, ки дар ин самт фаъолият доранд, хеле назаррас буда, дар рушди соҳа нақши арзанда гузошта истодаанд. Имрӯз халқу давлат ба неруву қалами созандаи ҳар як рӯзноманигор эътимоди қавӣ дорад, зеро ҳар яки онҳо дар инъикоси воқеъбинонаи рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа нақши арзишманд доранд.
Дар фарҷоми ҳамоиш барои татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар инъикоси масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа як зумра рӯзноманигорон бо “Сипоснома” ва “Ифтихорнома”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ  шуданд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.03.2023 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив