ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ.  ИТТИҲОД ШАРТИ МУҲИМИ ПИРӮЗӢ БАР ИН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ АСТ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ.  ИТТИҲОД ШАРТИ МУҲИМИ ПИРӮЗӢ БАР ИН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ АСТ

16 март 2023, Панҷшанбе
195
0

 
Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расондани зарари вазнини руҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол пешгирӣ ва муқовимат ба терроризм ва экстремизмро вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон дониста, барои тақвияти муборизаҳои муштарак алайҳи ин зуҳуроти харобиовар тадбирҳои судманд меандешад. Мисоли равшани ин, мизбонии кишвари мо аз чанд конфронсу ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба муқовимат алайҳи терроризму экстрмизм аст, ки зимни баргузории онҳо мавқеи ягона ва оштинопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар мубориза бо ин зуҳурот шинохтатар шуд.
Ҳоло дар баробари дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мамлакат Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 амал мекунад. Дар натиҷаи такмили батадриҷи қонунгузорӣ ва татбиқи барномаву стратегияҳо ҷиҳати муқовимат ба терроризму ифротгароӣ заминаи сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. 
Имрӯзҳо шоҳидем, ки созмонҳои террористию экстремистӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро дар пайвастагӣ ба таассуби динӣ амалӣ мегардонанд. Гузашта аз ин, созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфиятҳои технологияи иттилоотии пешрафта васеъ истифода мебаранд. Лиҳозо, бояд ҳар фарде, ки истифодабарандаи интернет ҳаст, бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ муборизаи беамон барад. Зеро муборизаи дастаҷамъонаи мо кафили оромиву амнияти ҷомеа буда, мавқеи гурӯҳҳои манфиатдори ифротиро танг ва нақшаҳои шумашонро барбод хоҳад дод. Ҳамзамон, зарур аст, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва тавсеа пайдо кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамоно масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавононро дар мадди аввал гузорем ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ба камол расонем.

Сайриниссо РАЙҲОНОВА, 
устоди Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 16.03.2023 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив