ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОНФРОНСИ ОБИ СММ БА ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ ЭКОЛОГӢ ТАКОНИ ҶИДДӢ МЕБАХШАД

КОНФРОНСИ ОБИ СММ БА ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ ЭКОЛОГӢ ТАКОНИ ҶИДДӢ МЕБАХШАД

17 март 2023, Ҷумъа
138
0

Кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ду даҳсолаи охир ба масъалаи глобалии ҳифзи обу иқлим таваҷҷуҳи хос доранд. Ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ҳалли проблемаҳои экологӣ аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Дар пайи ин ташаббусҳо шуруъ аз соли 2025 ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мегардад. Гузашта аз ин, аз 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк Конфронси оби СММ таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерландия баргузор мешавад, ки дувумин Конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаи об мебошад. Аз ин рӯ, вобаста ба баргузории Конфронси об ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо суҳбате доштем бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода.
– Муҳтарам раис, ҳоло ки мо дар арафаи баргузории Конфронси сатҳи байналмилалӣ қарор дорем, лутфан бигӯед, ки кишвари мо ҳамчун яке аз ҳамраиси ин Конфронс чӣ омодагиҳо дида истодааст, Конфронс чӣ аҳамият дорад ва аз он чиро интизор бояд шуд?
– Ташаккури зиёд! Қобили зикр аст, ки аввалин Конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаи об соли 1977 дар Аргентина сурат гирифта буд ва, хушбахтона, тақрибан баъди 50 сол чунин чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора баргузор мегардад. Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар доираи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор барои ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои обу иқлим равона шудааст. Агар ба масъалаҳои об дар миқёси ҷаҳонӣ назар андозем, беш аз 2 миллиард нафар аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, наздики 3,6 миллиард нафар бе оби санитарӣ монда, ва аз се як нафари аҳолӣ дастрасӣ ба оби дастшӯӣ надорад. 80 дарсади пасобҳо бе коркард ва безараргардонӣ ба муҳити атроф партофта мешаванд ва коркарди дубораи онҳо сурат намегирад. 
Инчунин, бо гармшавии ҳаво сол ба сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, зиёд мушоҳида шуда, хисороти молиявӣ дар бист соли охир беш аз 200 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин радиф, баргузории Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорк дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 22 то 24 март сурат мегирад, дар ҳалли бисёр масъалаҳои глобалии об саҳми назаррас мегузорад. Дар Конфронс, пеш аз ҳама, 5 соли иҷрои нақшаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” натиҷагирӣ хоҳад шуд. Қабл аз баргузории Конфронс, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Нидерландия як ҳуҷҷати муҳим омода гардидаст, ки дар он изҳороти муштараки ду кишвар дарҷ шуда, аз се принсип иборат мебошад. Нахуст, принсипи инклюзивӣ буда, тибқи он, ҳамаи кишварҳо барои иҷрои корҳо ҷалб шудаанд. Дуюм, принсип оид ба тақвият бахшидани амал дар татбиқи нақшаю чорабиниҳои тасдиқшуда мебошад. Принсипи сеюм, ин амалҳои байни соҳавианд, ки дар онҳо мутобиқатии об бо тағйирёбии иқлим ва дигар соҳаҳо ба назар гирифта шудааст. Мақсади асосии Конфронс низ, расидан ба ҳадафҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ мувофиқа ва муайянгардида мебошад. Аз ин рӯ, барои мутобиқшавӣ ба пайомадҳои гармшавии глобалии сайёра бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ дастаҷамъона амал намоем, зеро тавре медонем, табиат сарҳад ва миллатро намешиносад.           
Омодагиҳо ба Конфронси оби СММ, аллакай, аз соли гузашта оғоз шуда буданд.  Махсусан, 25 октябри соли 2022 дар ҷаласаи тадорукотии шаҳри Ню-Йорк Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия якҷо бо шарикони рушд ва кишварҳои узви СММ оид ба баргузории Конфронс  бисёр масъалаҳоро ҷиҳати омодагиҳо матраҳ карданд. Инчунин, аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии мамлакат барои омодагиҳо ҳамоиш доир мегардад. Дар Конфронс шаш ҷаласаи пленарӣ ва панҷ муколамаи интерактивӣ, ҳамчунин, чорабиниҳои махсуси канорӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудаанд. Махсусан, дар қароргоҳи СММ барои иштирокдорони Конфронс чорабинии наврӯзӣ бо муаррифии фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ гузаронда мешавад. Баргузории намоишгоҳи табиати зебои Тоҷикистон бо захираҳои нодири табиӣ низ, яке аз нақшаи чорабиниҳои Конфронс ба ҳисоб меравад.  Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар навбати худ баргузории ду чорабинӣ – чорабинии Харитаи роҳ барои эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва чорабинии дуюм оид ба тақвияти системаи огоҳии бармаҳал ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва мониторинги муҳити зистро дар назар дорад.

– Ташаббуси навбатии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, бахусус қатъномаи СММ низ, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардид. Кумита ҳамчун мақоми ваколадор барои амалӣ гардондани ин қатънома чӣ тадбирҳо меандешад? 
– Қатъномаи мазкур 14 декабри соли 2022 аз тарафи аксар кишварҳои СММ зимни иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Бисёр хурсандиовар аст, ки ин иқдоми навбатии Пешвои миллат низ дар арсаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2021 дар нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим оид ба обшавии босуръати пиряхҳо, афзоиши аҳолии кураи Замин, зиёдшавии истеъмоли об, пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он баён доштанд. Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ҳамчунин, таъсис додани Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо яке аз чор банди асосии қатънома ба ҳисоб меравад. Мо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ифтихор аз он менамоем, ки дар як қатънома чор ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Татбиқи ин чорабиниҳо аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун мақоми ваколатдор марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад. 

 

– Дар раванди тағйирёбии иқлим ҳифзу нигаҳдории пиряхҳо бисёр мушкил аст. Бо вуҷуди ин, эмин нигоҳ доштани онҳо аз гармӣ муҳим ва зарур мебошад. Роҳҳои ҳифз кадомҳоанд ва Кумита дар робита ба ин чӣ чора меандешад?
– Дар ҷумҳурӣ ҳифзи пиряхҳо дар доираи татбиқи Барномаи давлатии ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 амалӣ гардида, аз ҳисоби мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист экспедитсияҳо ба ҳавзаи дарёҳо ва пиряхҳои гуногуни кишвар сафарбар карда мешаванд. Бо ин мақсад, ҳанӯз соли 2014 дар Агентии обуҳавошиносӣ Маркази яхшиносӣ таъсис ёфта, мутахассисони марказ ба омӯзиши пиряхҳо, ченкунии қабати барф, ҳамчунин, пешгӯии офатҳои табиии тармафароӣ, сел ва мушоҳидаи кӯлҳои рахнашаванда, ки аз обшавии пиряхҳо хавфи калон доранд, машғуланд ва маълумоти заруриро ба вазорату идораҳо ва аҳолӣ мерасонанд. 
Ҳоло дар ҳавзаи дарёҳо пиряхҳои калидӣ ҳамчун пиряхҳои назоратӣ муайян шуда, бо назардошти дар онҳо фаъолият кардани нуқтаҳои мушоҳидавӣ, аз ҷумла реперҳо, сатҳи об ва зиёду камшавии пиряхҳо мунтазам санҷида мешаванд. Инчунин, аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ ҳамасола ду маротиба, моҳҳои март-апрел ва май-июн дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва минтақаи Канаск мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронда мешаванд. Омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби мутахассисони Агентӣ дар баъзе минтақаҳо бо усули пиёда низ, сурат мегирад. 
Суоли шумо бисёр бамаврид аст, ки дар раванди дигаргуншавии иқлим аксар сокинон мехоҳанд бидонанд, ки пиряхҳо чӣ гуна ҳифз мегарданд ва роҳҳои муҳофизати онҳо кадом аст. Як чизро бояд ба инобат гирифт, ки дар кишварҳои дорои пиряхҳо ҳифзу нигоҳдорӣ мувофиқ ба мавқеи ҷойгиршавии пиряхҳо анҷом дода мешавад. Дар кишвари мо азбаски пиряхҳо дар баландии то 4-5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд, ҳифзу нигоҳдорӣ ба тариқи гузарондани омӯзиш ва мушоҳидаҳои аэровизуалӣ сурат мегирад.  Аз ҷониби дигар, бунёди неругоҳҳои хурду бузург ва дигар иншоотҳои обӣ то андоза ба ҳифзу нигоҳдории захираҳои об дар кишвар мусоидат менамоянд. Айни ҳол кори заҳматталаби Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумита ҷиҳати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо қобили зикр аст. Мутаассифона, дар давоми чанд соли охир пиряхҳои кишвари мо ҳаҷман коҳиш ёфта истодаанд. Натиҷаи пайомадҳои тағйирёбии иқлим, хусусан гармӣ, суръати обшавии онҳоро тезонд. Масалан, дар ҳавзаи дарёи Зарафшон тибқи мушоҳидаҳои бисёрсола, об шудани пиряхҳо бештар ба мушоҳида мерасанд. Пиряхи Зарафшон дар масоҳати 38,7 километри мукааб ва дарозии 27,8 метри мураббаъ ҷойгир буда, ҳоло ба таназзулёбӣ дучор шудааст. Сарҳади забонаи пирях ба ҳисоби миёна 1700 метр қафо нишастааст ва масоҳати он ба андозаи 1,3 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. 

– Гуфтан мумкин аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ маҳз ҳамин пирях аз ҳама пиряхи осебпазир ҳисобида мешавад?
– Бале. Тибқи мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Зарафшон, пиряхҳои Зарафшон бо назардошти мавқеи ҷойгиршавиашон дар давраи ҳисоби миёнаи бисёрсола аз ҳама пиряхҳои осебпазиртарин дониста мешаванд ва обшавии онҳо босуръат ҷараён дорад. 

– Дар сатҳи ҷаҳонӣ бисёр фондҳо, аз ҷумла Фонди байналмилалии ҳифзи  пиряхҳо, таъсис ёфтанд ва Шумо бевосита бо роҳбарони ин фондҳо вохӯрдед. То имрӯз барои мониторингу омӯзиши пиряхҳо, инчунин, ҳалли дигар масъалаҳои экологӣ ба ҷониби кишвари мо маблағҳо ҷалб шуданд?
– Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амал менамояд, ки дар он шаш самти афзалиятнок – энергетика, захираҳои об, нақлиёт, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист муайян шудаанд. Дар доираи татбиқи стратегия аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист якҷо бо шарикони рушд барои ҷалби сармоя тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин ҷо фаъолияти Маркази татбиқи лоиҳаҳои дар назди Кумита буда, бо назардошти дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳия кардани  нақша ва консепсияи лоиҳаҳо хеле пурсамар арзёбӣ мешавад. Инчунин, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун мақоми ваколатдор калонтарин фонди маблағгузорӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим – Фонди иқлими сабз таъсис дода шуд. Айни замон аз ҷониби Кумита таҳияи барномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 400 миллион доллари амрикоӣ омода гардида, татбиқи лоиҳаҳо соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳуриро фаро хоҳанд гирифт. Илова бар ин, барои модернизатсияи 58 стансияи обуҳавосанҷӣ ва 98 нуқтаи обченкунии Агентии обуҳавошиносӣ тавассути ҷалби маблағҳои грантӣ корбарӣ карда истодаем, зеро маълумот ва пешгӯиҳои Маркази яхшиносӣ оид ба ҳолати пиряхҳо ва сатҳи оби кӯлу дарёҳо ба рақамикунонӣ ниёз доранд. Дар сурати замонавӣ шудани дастгоҳу таҷҳизоти омӯзишу санҷиши пиряхҳо кори мутахассисони Агентӣ бамаротиб осону беҳтар мегардад. Рақамикунонии маълумоти бисёрсола барои истифода дар моделҳои муосири иқлимӣ зарур ва муфиданд. Ин имконият медиҳад, ки  пешгӯиҳои обуҳавосанҷӣ ва маълумоти ҳолати пиряхҳо ба мақомоти дахлдор ва аҳолӣ сари вақт расонда шаванд. Ғайр аз ин, дар Агентии обуҳавошиносӣ таъсис додани Озмоишгоҳи минтақавӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар назар аст. Феълан барои ҷалби сармоя ҷиҳати модернизатсияи системаи обуҳавосанҷии кишвар бо шарикони рушд ва Бонки ҷаҳонӣ гуфтушунид ҷараён дорад.  Кишвари мо  бо Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид барои бисёр масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим, ёрирасон хоҳад буд. Ман фикр мекунам, ки Конфронси мазкур барои ҳалли масъалаҳои обу иқлим такони ҷиддӣ мебахшад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.03.2023 №: 57 - 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив