ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАСАННО

ТАСАННО

03 июл 2024, Чоршанбе
1
0
Ҳама армони мо дар қалби ту ҷо шуд,
Ниҳоли ишқ шуд, ишқи мубарро шуд.
Самар овард аз файзи баҳоронат,
Ватан гуфтӣ, Ватан маҳбуби дилҳо шуд.
Каломи ту дар авсофи ватандорӣ,
Калому ояти рӯзи мусалло шуд.
Ба халқи хеш гуфтӣ такя бинмоям,
Баҳоят қимати садҳо таманно шуд.
Сано гуфтӣ бузургиҳои халқатро,
Шукӯҳи кишварат аз арш боло шуд.
Душанбе тахту бахти миллати тоҷик,
Чаман гашту ҷилои рӯи дунё шуд.
Туро халқи азизат Пешво донад,
Умеди бовариатро мутакко шуд.
Ҳама аз қаҳрамоният сухан гӯяд,
Бузургиат ҳадиси ҳарфи воло шуд.
Ба азми ту Нишону Парчами миллат
Зи давлатсозиат болои боло шуд.
Миёни ҷангу сулҳу аҳдбастанҳо
Хирад парчам гирифту сулҳ барпо шуд.
Парешон гашт халқ аз ноумедиҳо,
Умеди халқ гаштӣ, боз якҷо шуд.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив