ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИСТЕМАИ САНОАТИКУНОНӢ. ЧӢ БОЯД КАРД?

СИСТЕМАИ САНОАТИКУНОНӢ. ЧӢ БОЯД КАРД?

03 июл 2024, Чоршанбе
17
0
Мушоҳидаи рушди кишварҳои гуногуни олам нишон медиҳад, ки аксари давлатҳои мутараққӣ дар ҷаҳони муосир ба рушди саноат ва саноатикунонии мамлакаташон, барои аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додан диққати бештар додаанд.
 
Системаи саноатикунонии ҳар як кишвар бояд тартиби мантиқӣ дошта бошад. Афзудани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба он мувофиқ кардани системаи фаъоли корхонаҳои саноатӣ баҳри коркарди пурра дар дохили кишвар қадамҳои устувор баҳри тақвият додани саноат аст. 
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди саноатикунонӣ аз даврони шуравӣ оғоз меёбад. Аммо қайд кардан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон барои давлати ягонаи шуравӣ манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт. Дар он давра имкониятҳои зиёде мавҷуд буданд, ки тамоми маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаи аграрӣ бо ташкил кардани корхонаҳои зиёди саноатӣ дар дохили ҷумҳуриамон коркард ва ба маҳсулоти тайёри саноатӣ табдил дода шаванд. Аммо, мутаассифона, ин тавр набуд. Ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта, Сарвари давлат барои пешрафту тараққиёти саноати ватанамон супориш доданд, ки ҳаддалимкон баровардани ашёи хом, махсусан пахта ва пӯст, аз ҷумҳурӣ манъ карда шавад.
Ҳоло мо раванди саноатикунонии кишварро бо қадамҳои мантиқии рушди иқтисодӣ ва зина ба зина омодашавӣ ба тақвият додани соҳаи саноат мушоҳида карда метавонем.
Дар партави тамоюли рушди ҷаҳони муосир, дар шароити глобалишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, дар вазъияти талоши кишварҳои пешрафта барои ривоҷи бозори молу маҳсулот, бе назардошти манфиати кишварҳои истеъмолкунанда, кӯшишҳои пайгиронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ (ҳадафи чоруми стратегӣ) табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олии мантиқӣ ва ҷасурона мебошад. Барои ба кишвари индустриалӣ табдил ёфтан, пеш аз ҳама, мавҷудияти ду омили асосӣ – манбаи энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст. Хушбахтона, аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ меистод, ин омилҳоро таъмин карда, заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум ба ҳисоб меравад. Дар эълон гардидани ҳадафи чорум мо сиёсати дурбинонаи мантиқии Пешвои миллатро баҳри ба яке аз давлатҳои пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон баръало ҳис мекунем.
Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳондан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, инчунин, истиқлолияти комили энергетикӣ такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар аст.
Дар баробари ҳамаи ин, якчанд роҳ ва пешниҳодҳоро барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва гузаштан аз шакли аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ пешниҳод намудан мумкин аст.
Пеш аз ҳама, саноатикунонии кишвар мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникиро талаб мекунад. Барои ин бояд базаи моддию техникии донишгоҳҳои омодакунандаи кадрҳои техникӣ (асосан, ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва қисман Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) мустаҳкам шавад ва кадрҳои ҳақиқатан ҷавобгӯйи талаботи саноатикунонӣ тайёр кунанд. Инчунин, бо ин мақсад, кадрҳои илмӣ-педагогии техникӣ дар хориҷи кишвар (ба таври муваққатӣ) низ омода карда шаванд.
Ҷалби бештари маблағҳо ва сармоягузории ватанию хориҷӣ барои омодакунии кадрҳои илмию педагогии техникӣ, тайёркунии муҳандисон ва таъсиси корхонаҳои хурд ва миёнаи саноатӣ низ ба рушди саноатикунонӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ташкили таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзии кадрҳои тайёри дар корхонаҳои саноатӣ фаъолияткунанда дар корхонаву муассисаҳои саноатии хориҷ баҳри дар оянда ба роҳ мондани таҷрибаҳои бой ва пешқадам дар саноати кишвар раванди кунунии саноати мамлакатро тақвият мебахшад.
Бо ташкил кардани коргоҳҳои хурди саноатӣ ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорвопарварӣ дар дохили ҷумҳурӣ татбиқи амалии таъмини озуқавории аҳолӣ ва ба хориҷа содир намудани маҳсулоти тайёри хӯрокаро ба роҳ мондан зарур аст.
Озод кардан аз андозу боҷи гумрукӣ (муддати муайян) ва додани имтиёзҳо ба корхонаҳои саноатии хурду миёна ва ҷустани роҳҳои таҳкимбахшандаи фаъолияти саноатӣ мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои созмон додани корхонаҳои бузурги саноатӣ имкон фароҳам меорад. 
Инчунин, мавриди зикр аст, ки соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар раванди расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар саҳмгузор бояд бошанд. Ҳар соҳа мувофиқи неруи ақлонӣ, ҷисмонӣ ва имкониятҳои молиявию истеҳсолии худ дар ин роҳ қадами устувор гузорад.
Дар ниҳоят, тавре ки дар баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат доимо қайд мекунанд, бо дилу нияти ояндабинонаи нек, нангу ори миллии ба тоҷикон хос ва неруи созанда бояд мо баҳри амалисозии ин ҳадаф кӯшиш намоем. Зеро ҳеҷ бегона хонаи моро обод ва моро хурсанд карда наметавонад. Ҳар як мамлакат барои пешрафт ва манфиатҳои миллии худ сиёсаташро пеш мебарад. Моро танҳо зарур аст, ки дар атрофи роҳбари худододамон муттаҳид шавем, Тоҷикистони саноатиро бисозем. Давлатҳое, ки рӯй ба саноат овардаанд ва пояи саноати миллиашонро мустаҳкам доштаанд, зиндагии боз ҳам осудаҳолона доранд.
Амалӣ намудани ин ҳадафҳои стратегӣ ва иқдому дастурҳои Пешвои миллат вазифаи ҷонию имонии тамоми вазорату идораҳо, муассисаю ташкилот ва мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад.
КОМИЛӢ Ф., раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 03.07.2024 №: 125
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив