ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД

ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД

05 июл 2024, Ҷумъа
16
0
 
Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
Дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Агентии иттилоотии “Синхуа” мусоҳиба анҷом доданд.
Зимни суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва афзалияти ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи мавқеи Созмони ҳамкории Шанхай барои муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ –  Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин, дигар самтҳои равобити дуҷониба ба саволҳои хабарнигорони Чин посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.
Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорони чинӣ дар сомонаҳои интернетӣ, Агентии иттилоотии «Синхуа» ва дигар васоити ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардида, аллакай, миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои он огаҳӣ пайдо намуданд.
«Синхуа»: Таҳти роҳбарии стратегии Шумо ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин сифат ва сатҳи равобити байни Чин ва Тоҷикистон пайваста беҳтар гардида, эътимоди мутақобилаи сиёсӣ амиқтар мешавад. Моҳи майи соли гузашта сарварони ду давлат якҷоя пешбурди бунёди ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чину Тоҷикистонро, ки хоси дӯстии аз насл ба насл гузаранда, ғамхорӣ нисбат ба ҳамдигар, манфиати мутақобила ва муштарак аст, эълон намуданд, ки он боиси ба марҳалаи нав ворид гардидани равобити дуҷониба шуд. Рушди равобити Чину Тоҷикистонро дар солҳои охир чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ба амиқтар шудани муносибатҳо ва ҳамкории ду кишвар чӣ назар доред?
Эмомалӣ Раҳмон: Таърихи муносибатҳои дуҷонибаи мардумони мо, ки дорои решаҳои амиқи чандинасра мебошанд, аз замони Роҳи бузурги Абрешим маншаъ гирифта, намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ аст.
Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, муносибатҳои мо тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро фаро мегиранд.
«Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи барпо намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ» на танҳо барои рушди муносибатҳои дуҷониба ба манфиати халқҳои кишварҳоямон заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт, балки дар ҳифзи сулҳу субот дар минтақа низ нақши назаррас дорад.
Боиси хушнудист, ки давоми беш аз сӣ соли муносибатҳои дипломатӣ ҳамёрии Тоҷикистону Чин дар самтҳои ҳамсоягии наку, дӯстӣ ва дастгирию эътимоди мутақобила устуворона рушд менамояд.
Имрӯз муносибатҳои кишварҳои мо дар заминаи ҳамбастагии мавқеъҳо оид ба аксар мушкилоти минтақавӣ ва глобалӣ асос ёфтаанд. Ҳамкории созанда ҳам аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамаҷониба густариш меёбад.
Мардумони мо давоми асрҳои зиёд ҳамсояи вафодор будани худро борҳо исбот кардаанд. Аз ин рӯ, мо – ворисони ин дӯстии бузургро зарур аст, ки ин анъанаи некро идома дода, онро ба наслҳои оянда боқӣ гузорем.
Дар асоси гуфтаҳои боло, тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама бахшҳо – аз сиёсӣ то фарҳангиву гуманитарӣ – аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар 10 соли охир ба мо муяссар гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чинро ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расонем.
Ҳоло, ба андешаи ман, дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Чин марҳалаи нав оғоз шуда, барои ҳамёрии васеъ уфуқҳои нав боз гардидаанд. Чин дар байни шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.
Мехоҳам таъкид намоям, ки дар ҷараёни татбиқи амалии санадҳои имзошудаи байни кишварҳоямон мо тавонистем аз тамоми бартариҳои ҳамсоягӣ ва мукаммалгардонии мутақобилаи иқтисодҳоямон истифода бурда, гуногунӣ ва афзоиши назарраси савдои дуҷонибаро таъмин намоем ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро таҳким бахшем.
Мо аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои босуръат рушдёбандаи байни кишварҳоямон қаноатманд мебошем. Итминон дорам, ки мо ҳамчун ҳамсояҳои нек ва шарикони боэътимод минбаъд низ барои рушду таҳкими ҳамкории дарозмуддати мутақобилан судманд талош хоҳем кард.
 
«Синхуа»: Давоми солҳои охир Чин ва Тоҷикистон стратегияҳои рушди худро ҳамоҳанг карда, дар бахшҳои мухталиф ҳамкории зич доранд ва муштаракан дар бунёди «Камарбанд ва роҳ» ба натиҷаҳои судманд ноил мегарданд. Ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноати кимиё, нақлиёт, алоқа, кӯҳкорӣ, металлургия, инфрасохтор, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти соҳа босуръат рушд меёбад. Лутфан, дар бораи пешрафти ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Чину Тоҷикистон дар солҳои охир ибрози назар менамудед. Кадом лоиҳаҳоро бештар муҳим мешуморед? Чӣ тавр минбаъд метавон аз бартариятҳои иловагии соҳаҳои истеҳсолӣ истифода бурд, тиҷорат ва сармоягузориро густариш дод, ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун таҳким бахшид ва бунёди муштараки босифати «Камарбанд ва роҳ»-ро пеш бурд? Шумо дар бораи ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин оид ба бунёди ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият чӣ назар доред? Ба андешаи Шумо, дурнамои ҳамкории Чину Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чин ва Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?
 
Эмомалӣ Раҳмон: Мусаллам аст, ки дар воқеияти имрӯза ҳеҷ кишваре наметавонад танҳо ва бе дастгирии шарикону ҳамсояҳо рушд кунад. Тоҷикистон ва Чин шарикони муҳим ҳастанд, ки дар ҳамаи масъалаҳо ҳамдигарро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Ба назари ман, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар рушди устувори иқтисодии тамоми минтақа нақши бузург дорад.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам таъкид намоям, ки солҳои охир ҳамкории тиҷоратию иқтисодии кишварҳои мо босуръат рушд карда, вусъат меёбад. Чин яке аз се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон буда, саҳми он дар иқтисоди кишвар 40 дарсадро ташкил медиҳад.
 
Ба шарофати талошҳои муштарак, иқтисоди Тоҷикистону Чин ҳамдигарро дар амал мукаммал менамоянд. Чанд сол пеш аз ин мо, ҳатто, тасаввур карда наметавонистем, ки тиҷорати тарафайни мо аз яку ним миллиард доллари ИМА мегузарад. Боиси хушнудӣ аст, ки имрӯз муомилоти мол байни кишварҳои мо, аллакай, тақрибан ба 4 миллиард доллар расидааст.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад. Давоми даҳ соли охир ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ ҷалб шудааст, ки 1,5 миллиард доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Сармоягузориҳои Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, энергетика, нақлиёт, металлургия ва кишоварзӣ пайваста афзоиш меёбанд. Онҳо, инчунин, ба таъсиси паркҳои саноатӣ ва корхонаҳои муштарак нигаронда шудаанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон дар ин бахшҳо беш аз 500 лоиҳа бо иштироки Чин татбиқ шуда, инчунин, беш аз 700 корхонаи муштарак бо сармоягузории Чин фаъолият доранд.
Дар дурнамои дарозмуддат ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистону Чин, аз ҷумла сайёҳӣ, корҳои иктишофии геологӣ, содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба «иқтисоди сабз» ва «рақамӣ», зеҳни сунъӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз «технологияҳои сабз», мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду кишвар мебошад.
Ин соҳаҳо метавонанд ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, беҳбуди инфрасохтори нақлиётию сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дар маҷмуъ, афзоиши муомилоти мол ва рушди иқтисоди ду кишвар такон бахшанд.
Дар баробари ин, фаъолсозии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин, инчунин дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар соҳаи нақлиёт дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» барои ҷонибҳо хеле судманд аст, зеро онҳо ба баҳр баромад надоранд.
Итминон  дорам, ки сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду таҳкими шарикии ҳамаҷонибаи стратегии кишварҳои мо такони нав  хоҳад бахшид. Барои ин тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст.
«Синхуа»: Тоҷикистон яке аз кишварҳои муассиси Созмони ҳамкории Шанхай  аст ва дар рушди ин Созмон нақши муҳим дорад. Ба назари Шумо, нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо неруҳои «се бадӣ» ва таъмини сулҳу субот дар минтақа чӣ гуна аст?
Эмомалӣ Раҳмон: Пеш аз ҳама, мехоҳам ёдовар шавам, ки маҳз дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, моҳи июли соли 2000 дар нишасти охирини сарварони «Панҷгонаи Шанхай»  идеяи табдили қолаби ҳамкории панҷгона ба сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба ба вуҷуд омада буд. Пас аз як сол, соли 2001, дар Шанхай ин идея амалӣ гардид ва «Панҷгонаи Шанхай»  ба созмони мукаммали байниҳукуматӣ – Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) табдил ёфт.
Бо натиҷагирӣ аз  роҳи тайкардаи  СҲШ давоми  бисту се соли мавҷудияти худ, метавон ба хулосае омад, ки кишварҳои аъзои  ин Созмони фароминтақавӣ тавонистанд намунаи  шарикии мутақобилан судмандро бунёд кунанд, ки самаранокии он бо баробарии ҳамаи кишварҳо ва тасмимгириҳо дар асоси ризояти муштарак  таъмин карда мешавад.  Принсипҳои «Руҳи Шанхай», ки эътимоду  манфиати мутақобила ва баробарҳуқуқиро таҷассум мекунанд, дар муштаракоти мо дар доираи СҲШ  асосӣ мебошанд.
Имрӯз дар назди СҲШ вазифаи душвор – таъмини рушди устувори минтақа ва муборизаи дастаҷамъона бо хатару  таҳдидҳои муқобили  ҳамаи мо дар шароити мураккаби  сиёсати муосири ҷаҳонӣ истодааст.
Табиист, ки дар фаъолияти СҲШ масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо қувваҳои «се бадӣ», аввалиндараҷа боқӣ мемонад. Саҳми СҲШ дар бунёди сохтори амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ сол аз сол бештар гардида, Созмон ба  намунаи татбиқи тасмимҳои  амнияти устувор дар сатҳи минтақа табдил ёфтааст. Имрӯзҳо  талошҳои кишварҳои аъзои  СҲШ дар  мубориза бо терроризм дар ҳамаи шаклу зуҳуроташ, сепаратизм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ пайваста таҳким бахшида мешавад.
Дар чунин   шароит  кишварҳои СҲШ  бояд вазъро пайваста назорат кунанд ва бо назардошти хавфҳои  эҳтимолӣ  қаблан  дар пешгирӣ аз афзоиши таҳдидҳои амниятӣ фаъолонаву муштарак  амал намоянд.
Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои СҲШ ҳамкории зич дорад ва дар соҳаи амният ҳамеша ташаббусҳои мушаххас пешниҳод менамояд. Аввалан, кишвари мо мунтазам пешниҳод менамояд, ки кори муштарак ҷиҳати таҳияи муносибатҳои умумӣ дар доираи СҲШ оид ба ташаккули феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави давлатҳои аъзо мамнуъ аст, фаъол карда шавад.
Дуюм, Тоҷикистон ташаббуси таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ-ро дар шаҳри Душанбе пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби ҳамаи кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт.
Бо назардошти он ки, кишвари мо дар сафи пеши мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир қарор дорад, мо ҷойгиршавии ин маркази СҲШ-ро дар Тоҷикистон комилан одилона мешуморем. Тоҷикистон минбаъд низ нисбати талошҳои дастаҷамъона дар доираи СҲШ дар самти таъмини амнияти минтақавӣ саҳми намоён хоҳад гузошт.
Санаи нашр: 05.07.2024 №: 127
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив